Муҷозоти ду шаҳрванди Русия, ки муҳоҷири тоҷикро дар зодрӯзаш гӯр карданд
Додгоҳе дар вилояти Волгоград ҳукми ду муттаҳам дар куштори бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистонро эълон кард.
Бино ба иттилои интернет-газетаи “Кривое зеркало”, додгоҳ Александр Булакро 21 ва Вячеслав Лямаевро ба 18,5 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Бино ба иттилои Кумитаи тафтишотии Русия дар Волгоград, ин ду шаҳрванди Русия дар қатли бераҳмонаи муҳоҷири 22-сола дар рӯзи мавлудаш муҷрим шинохта шудаанд.
Тафтишот муайян карда, шаҳрванди Тоҷикистон дар манзили дӯсташ -- Александр Булак мавлудашро ҷашн мегирифтааст. Миёни онҳо низоъ бармехезад ва Булак ҳамроҳи ҳамсояаш Вячеслав Лямаев дар ҳолати сархушӣ бо корд соҳибҷашнро маҷбур кардаанд, ба таҳхона гузашта, барои худаш қабр биканад. Баъди ин, бо корд ба бадани шаҳрванди Тоҷикистон мезананд ва ӯро гӯр мекунанд. “Мардҳои аз шароб сархуш ба ёд меоранд, ки соҳибҷашн телефони мобилӣ дошт ва тасмим мегиранд, хокро дубора берун карда, онро бигиранд”,-навиштааст “Кривое зеркало”.
Ба иттилои манбаъ, вақте хокро берун мекунанд, телефонро намеёбанд, вале мебинанд, ки қурбониашон ҳанӯз нафас мекашад. Соҳибхона Александр Булак бо бели дасташ даҳҳо зарба ба бадани соҳибҷашн мезанад ва онҳо ҷасадро дар берун зери қум пинҳон мекунанд.
Моҳи апрели соли сипаришуда, баъди расонаӣ шудани хабари куштори муҳоҷири тоҷик, Сарвар Бахтӣ, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфт, шахсияти ин муҳоҷири тоҷик муайян шудааст: “Ӯ Файзалиев Усмоналӣ Гулмуродович сокини шаҳри Ваҳдат будааст”.
Ба иттилои манбаъ, кормандони сафорат ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бо муфаттишони қазия мулоқот намуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |