Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 21 август 2018, 18:26

Супориши Президент дар бораи дастархони идонаи мардум

22 июн 2017, 13:44

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, супориш додааст, ки мардум дар рӯзи Иди саиди Фитр дастархони хоксорона ороянд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон супориш додааст, ки "ҳангоми оростани дастархони идона мардуми шарифи Тоҷикистон дастурхони хоксорона ороста, ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд”.

Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки мардум сарфаю сариштакор ва босабру таҳаммул бошанд ва ба ҷойи дастурхони серхарҷ хони маънавӣ ороянд.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҷаласае, ки 22 июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, рӯзи Иди саиди Фитрро душанбеи 26 июн эълон кард. Мусалмонони Тоҷикистон имсол шанбеи 27 май ба рӯзадорӣ шурӯъ карданд. Якшанбеи 25 июн охирин рӯзи Рамазон муайян шудааст. Иди фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, баъд аз моҳи Рамазон таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ баъд аз солҳои наввадуми қарни гузашта дар шакли расмӣ аз он истиқбол шуда, дар ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва ин рӯз истироҳат эълон мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бояд бо мардум намунаи ибрат бошед.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!