Бахшҳо

Латиф Пидром: Вазиристонро дар марзҳои Тоҷикистон мехоҳанд бисозанд

Латиф Пидром, яке аз чеҳраҳои шинохтаи саҳнаи сиёсӣ ва муҳитҳои фарҳангиву адабии Афғонистон аст, ки бо мавзеъгириҳои шадид ва суханрониҳои сахту воқеъбинонааш маъруф мебошад. Пидром раҳбари Ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон ва намояндаи мардум дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар мебошанд. Худро аз мухолифини сарсахти ҳукумати барҳоли Афғонистон медонад ва талош дорад, ки ба қудрати сиёсии Афғонистон як ҳукумати адолатгарои рӯшанфикриро биоварад. Дар ҳаводиси ахири Кобул ҳам худро ба суфуфи эътирозгарон пайванд дод ва ҳоло хайманишини хиёбонҳои Кобул аст. Суҳбати сардабири нашрияи “Озодагон” Иршод Сулаймонӣ бо Латифи Пидром қабл аз ин ҳаводиси Кобул дар Душанбе сурат гирифтаст ва атрофи воқеиятҳои имрӯзи Афғонистон ва мавзеъгириҳои шадид ӯ дар ин авохир мебошад.

Озодагон: Ҷаноби Пидром, биёйед суҳбатро аз ин ҷо оғоз кунем, ки Шумо дар ин авохир яке аз чеҳраҳои пурбаҳси расонаҳо ва мешавад гуфт, ки саҳнаи сиёсии Афғонистон будед ва сари тарҳҳову мавзуъоти бисёр доғе барои Афғонистон суҳбат мекунед. Кадом як тарҳеро Шумо пеши рӯ доред ё ҳамин тур мавзеъгириятон ба таври табиӣ зуҳур кард?

Латиф Пидром: Мазеъгириҳои ман дар Афғонистон мубтанӣ бар боварҳои ман ба унвони раҳбари як ҷараёни сиёсӣ аст. Як ҳизби сиёсии расман номнависшуда дар вазорати додгустарӣ. Ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон. Пеш аз ӯ ҳам ба таври систематик дар канори кори адабӣ ва донишгоҳӣ, машғули фаъолияти сиёсӣ будам. Бинобар ин он чи ман гуфтам баёнгари мавзеъгириҳои ман ба унвони роҳбари як ҳизби сиёсӣ бо таваҷҷуҳ ба он чӣ дар 15 соли пасин дар Афғонистон иттифоқ уфтод, мебошад. Ҳеч чизи тасодуфие дар ин баҳсҳо вуҷуд надошт ва надорад. Ҳар он чи гуфта шуда ҳафтаҳо фикр шуда, баъд бо раҳбарии ҳизб машварат кардем ва як кори ҷамъӣ буд. Аввалин ҳосили кор ва тасомимамонро ба сурати семенор ё конфаронс ва баъзан тазоҳурот эълом кардем. Табиатан коре буда огоҳона ва аз сари фикр, бо барнома ва таҳаққуқи як барномаи калон дар Афғонистон.

Озодагон: Шумо мегӯйед, ки мавзеъгириҳои ахири Шумо дар баробари он чӣ ҳаст, ки 15 соли пасин дар Афғонистон иттифоқ уфтод. Манзуратон кадом иттифоқотест?

Латиф Пидром: 15 соли пасин, ки ман мегӯям ҳод (мураккаб ва тезу тунд) шудани фазои сиёсӣ дар кишвар бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоте, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ иттифоқ уфтод. Албатта Ҳизби кунгураии миллӣ идомаи як роҳи тӯлонӣ аст, ки 40-50 сол мегузард. Мо барои баробарии қавмӣ ва адолати иҷтимоӣ дар Афғонистон мубориза мекунем. 15 соле, ки мегӯям Афғонистон дар ин даврон зери фукаси неруҳои байналмилалӣ буд. Яке аз ин иттифоқот омадани неруҳои хориҷӣ ба Афғонистон аст, ки инро ман ҳамеша ишғоли Афғонистон ба василаи неруҳои байналмилалӣ, НОТУ (НАТО) ва дар раъси ҳама ИМА мегӯям. Ин як иттифоқи муҳим буд. Афғонистон баъд аз омадани муҷоҳиддин, ки омадани “Толибон” иттифоқ уфтод, вориди як фози ҷадид шуд. Ва баъд аз он омадани амрикоиҳо, ки тасаввур мешуд бояд Афғонистон ба субот бирасад, қоидатан, он гуна, ки иддао доштанд. Албатта, ман ҳеч вақте гирифтори чунин хушбоварие набудам, ки як неруи ишғолгар метавонад дар як кишвар субот эҷод бикунад. Баъзеҳо, ки рӯзгори сахтеро дар замони “Толибон” дида буданд, хаёл мекарданд иттифоқи хубе аст. Аммо мо ба ин сулҳу субот нарасидем, ба лиҳози иқтисодӣ ҳам пешрафте надоштем. Ба қавли Фуруғи Фаррухзод “ҳар рӯз мо ба лиҳози иҷтимоӣ, ба лиҳозӣ адолатхоҳӣ ақабтар рафтем”. Ба лиҳози амниятӣ ҳам мо шикаст хурдем. Ба ин маънӣ, ки феълан 60 дар сади қаламрави Афғонистон таҳти контрули неруҳои мухолифин аст. Дар ҳоле ки мебоист бо ин ҳузури сангини амрикоиҳо неруҳои мухолифин вуҷуд намедоштанд. Мо дар мубориза бо кишт, тавлид ва қоқчоқи тарёк, ҳеруин ва маводи мухаддир ба таври куллӣ шикаст хурдем. Амрикоиҳо гуфтанд, ки мо як давлати ҷадид месозем. Иддаошон ин буд, ки мо вориди як пружаи давлат-миллатсозӣ шудем ё ба қавли маъруф миллат-давлатсозӣ шудем ва мерасем ба як давлати мудерн. Ин пружа дар Афғонистон шикаст хурд. Ба ҷойи давлати миллӣ ихтилофот ташдидтар шуд, фурӯпошии иҷтимоӣ ва фурӯпошии сиёсӣ ба вуҷуд омад. Он ҳадде аз демукросӣ, ки худашон дар рӯзҳои аввал демукросӣ меномиданд он ҳам шикаст хурд ва ба ақаб рафт ва навъи эъломнашудаи истибдод бар Афғонистон феълан ҳоким аст. Истибдод ин нест, ки як одам биёяд шуморо шаллоқ бизанад ё шамшер бар гардантон бигзорад. Ҳамин ки як маҷмуае ё як ниҳоде ба номи давлат хостҳои демукротики шаҳрвандони худро посух намегӯяд, беэътино аз канори мардум мегузарад, ба ин маъност, ки ин ҷомеа ҷомеаи истибдодӣ аст. Ҷомеаи демукротик ин аст, ки вақте шаҳрванд эътироз мекунад, ҳукумат посух мегӯяд. Чун робитаи давлату шаҳрванд ба таври демукротик таърифшуда аст. Ҳуқуқе, ки давлат дорад шаҳрванд ҳам дорад.
Ҳоло мо бо падидаи ваҳшатноке бо номи ДОЪИШ рӯбарӯ ҳастем. Ҷанг густарда шуда, мебинед, ки ҷанг то бар марзҳои мо дар Осиёи Миёна расида. Инҳо иттифоқоте муҳиме аст, ки мо бо феълан бо он рӯба рӯ шудем. Барои ҳамин мо мавзеъгирӣ кардем.

Озодагон: Ҳоло фикр мекунед давлати Афғонистон феълан чи тавоноӣ дорад, ки дар баробари мавзеъгириҳои Шумо иродаашро изҳор намояд? Ё чӣ иродаи сиёсие дорад, ки битавонад мушкилотеро, ки то ин дам вуҷуд дошт ва ҳизбу шахсиятҳое чун Шумо матраҳ мекунед, расидагӣ ва ҳал намояд?

Латиф Пидром: Давлати Афғонистон аз аввал як давлати мустақил набуд, чӣ дар даврони Карзай ва чӣ дар ҳозир, ки битавонад тасмимгирӣ кунад. Тасмимгириҳои миллӣ дар дохил, ки бишавад дар фарҷоми ин тасмимгириҳо ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ муваффақ бишавем, ниёзманди ин аст, ки давлат машруъият дошта бошад. Машруъият дуто манбаъ дорад ба лиҳози илмиву ҳуқуқиву сиёсӣ. Машруъияте, ки ҳукумат аз мардум мегирад ё машруъияте, ки аз қавонин мегирад. Ҳукумати мавҷуди Афғонистон, ки ман мегӯям ҳукумати хиёнати миллист ва амрикоиҳо меган ҳукумати ваҳдати миллӣ, фоқиди ҳар ду машруъият аст. Машруъияти қонунӣ надорад, барои ин ки ин ҳукумат аз асос сохтораш бар хилофи Қонуни Асосии Ҷумҳурии исломии Афғонистон мебошад. Як давлати ғайриқонунӣ аст. Худи Ғанӣ ҳам ғайриқонунӣ аст. Чун то як соли баъд натиҷаи интихобот ба таври қонунӣ эълон нашуда буд. Раисҷумҳур, ки дар натиҷаи интихобот ва раъйшуморӣ таъйид мешавад, ин ки алифбои интихобот аст. Ва пусти раёсати иҷроия, ки дар воқеъ пусти садорат аст, дар Қонуни Асосӣ надорем. Ин ниҳод аслан вуҷуд надорад. Ин ниҳодро Ҷон Керӣ омад ва ба зӯр қабулонид. Бибинед, ки ин давлат ба лиҳози қонун мушкили ҳуқуқӣ дорад. Машруъияти дигар ин ҳаст, ки бояд раъйи мардум пушташон бошад, мардум ҳимоят бикунад. Оморҳое, ки худи инҳо нишон доданд 85 дар сади мардуми Афғонистон аз худи ин мардум безоранд. 85 дар сад яъне чӣ? Ин давлат аслан набояд бошад, ҷойи дигар бошад, истеъфо мекунад. Рушди иқтисодӣ зери сифр аст, сифр чӣ ки, манфист. Ҳеч яке аз манобеяшонро натавонист, ки ба кор бибарад. Ҳеч коре натавонистанд, ки эҷод бикунанд, инҳо гуфтанд, ки милюнҳо шуғл эҷод мекунем. Як дона шуғл ҳам эҷод накарданд. Гуфтанд бо фақр мубориза мекунем, аммо 14 милюн одам дар Афғонистон зери камарбанди фақр аст. Сифр ҳастанд, на ин ки муттавасит. Ин ваҳшатнок аст, пас ин давлат натавонист. Дар масоили амниятӣ ҳам ҳамин. Як давлате, ки худаш ихтиёр надорад, ҳар чи ки амрикоиҳо мегӯянд ҳамунро мекунанд, маъзур ҳастанд, наметавонанд кор бикунанд. Бинобар ин инҳо наметавонанд ба ҳеч мушкиле ғалаба бикунанд, ба хусус дар як ҷомеае мисли Афғонистон, ки фавқулодда ҳасос аст. Ҳам нисбате ба хориҷиҳо, ҳам нисбате ба суннатҳои худашон дар дохил ва ҳам як гузаштае доранд, ки ҷанг бо Иттиҳоди шӯравии собиқ буда ва ҳанӯз хотироти ишғолгариву инҳо зинда аст дар зеҳни ин мардум. Сахт аст дар чунин кишваре як ҳукумати дастнишондаи пупик ба қавли фаронсавиҳо битавонад муваффақ бошад.

Озодагон: Яке аз мавзеъгириҳои ахири Шумо, ки бисёр пурбаҳс шуд, мавзеъгирӣ дар баробари хатти Девранд буд. Фикр мекунед дар ҳамин мақтаи замонӣ тарҳ кардани чунин як масъала барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон чӣ фоида оварда метавонад?

Латиф Пидром: Ин бисёр муҳим буд. Ба назари ман ин масъаларо аз ҳамон аввале, ки тарҳ шуд бояд ҷиддӣ мегирифтем. Баъд аз эҷоди давлате бо номи Покистон дар 1947 бояд ин мавзуъро ҷиддӣ мегирифтем. Замоне, ки Покистон аз Ҳинд ҷудо шуд ба номи як давлати мустақили исломӣ Афғонистон як иштибоҳи таърихӣ кард. Муддатҳо Покистонро ба унвони як давлати расмӣ напазируфт. Ин аввалин гоми пурхатову таърихии мо нисбат ба Покистон буд.
Пеш аз ин Абдураҳмонхон раҳбари вақти Афғонистон ин хаттро дар 1839 имзо карда ва баъдаш ҳам наздики 20 муоҳидаи дигар ба имзо расида. Абдураҳмонхон имзо карда, Ҳабибуллои писараш имзо карда, Амонуллои писараш имзо карда ва омада Нодирхону Зоҳиршо ҳам имзо карда. Соли 1994 ҳамин Атмари масъули Шӯрои амният рафт дар Инглистон ва бо намояндаи Покистон муҷаддадан ба тавофуқ расиданд, таъйид карданд ва имзо гузоштанд. Ман дар тилвизуни Афғонистон гуфтам, ки агар ин ҳарф дурӯғ бошад, ман зинда ва оқои Атмар зинда. Биояд бигӯяд, ки накардаам ин корро.
Ин ки чӣ заруратест ва чиро мо ҳоло матраҳ каредм. Ба лиҳози торихӣ медонем, ки кай шуруъ шуду чӣ тадовуме дошт. Ба лиҳози ҳуқуқӣ як баҳси поёнёфта аст. Ба ин маънӣ, ки Шумо дигар наметавонед марзҳоеро, ки 126 сол пеш таъин шудаанд аз нав марзсозӣ бикунед. Ин дунё хартухарӣ нест. Ин дунё бо ҳама ҳамоқатҳояш барои худаш як қавонин ҳам дорад, ки ҷойе манфиати қудратҳост ин қавонинро риоят мекунанд. Наметавонад ҳар рӯз, ҳар кишваре ҳар шоҳу подшоҳе, ҳар заъиме, ҳар режиму ҳар раисҷумҳуре омад бигӯяд, ки ман ин марзро қабул надорам, ҳоло бояд аз нав таъин бикунем. Ин ҷо чӣ аст, ин ҷо шаҳри Мулло Насриддин аст?
Ҳамин марз бо Тоҷикистон таъин аст, ки мо даъво надорем, ҳамин марз бо Эрон таъин аст. Ман дарвозӣ ҳастам, ҳамаи фомилам ин ҷо аст. Ман аз он қабоил карда хеле наздиктар бо ин ҷоям, чаро иддао надорам?! Як одам имзо карда, се тарафаш дуруст аст, танҳо як тарафаш нодуруст будааст?!
Баъдаш истидлоли онҳо ин аст, ки мо бо Ҳинди бартонавӣ имзо кардем на бо Покистон. Ин тур кӣ бошад бо Покистон чӣ даъвое доред, биравед бо оқои Мудӣ даъво кунед, ки биё қазияи моро бо Покистон ҳал бикун. Ва ҳамин манотиқ байни Афғонистону Тоҷикистон дар замони Русияи таззорӣ таъин шуд, дар замон Ленин ки таъин нашуда буд, дар замон Истолин нашуда буд. Барои ин ки чунин мушкилиҳо эҷод нашавад як теъдод кунвенсиюнҳои байналмилалӣ вуҷуд дора ва гуфта шуда, ки давлатҳое, ки бозмондаи режимҳои қаблӣ ҳастанд ё дар натиҷаи онҳо ба вуҷуд омадаанд ё ҷойнишини онҳо мебошанд, марзҳои кишвари қаблӣ марзҳои ин кишвар аст. Яъне Ленин ҷойнишини Русияи таззорист ва хатте, ки дар таззориҳо таъин шуда, марзи мо бо Ленин ҳам ҳаст. Ин ҷост, ки мо мегйем, ки хатти Девранд ба лиҳози ҳуқуқӣ як баҳси тамомшуда аст.
Ва акнун чаро бояд имрӯз матраҳ шавад. Зеро ба лиҳози сиёсӣ як баҳси муҳим барои мост ва бояд имрӯз матраҳ шавад. Дӯстони паштуни мо, манзурам шовинистҳову қавмгароҳо ва қудратталабон, пилонашон ин аст, ки мо дар гузашта заъиф будем, наметавонистем инро бо Покистон матраҳ бикунем. Ман гуфтам як бодори қудратманде бо номи Амрико ин ҷо пушти саратон ҳаст, муттакӣ ба ин биравед бо Покистон гап бизанед. Покистон то замоне Амрико ин ҷост наметавонад ба Шумо ҳамла бикунад. Чӣ вақт фурсате бештар аз ин барои Шумо пайдо мешавад. Агар Амрико биравад, Шумо ҳамун кишвари заъифед. Наметавонед бо кишвари дусадмилюнии атумии Покистон биҷангед. Ҳанӯз замоне, ки Покистон як кишвари заъифи заъиф буд ва ба қавли мо бадахшониҳо як мошине надошт, ки коғазҳояшро синҷок кунад, аз чубҳои хордор истифода мекард. Он замон Покистон мисли як тифл буд, чаро ҳамун вақт нахостӣ, ки имзо бикунӣ? Пас дурӯғ мегӯӣ. Мушкилат як ҷойи дигар аст. Мушкилат ин аст, ки ин марз 1500 км тӯл дорад. 20 ё 25 милюн паштун ун тараф зиндагӣ мекунад, се чор милюн паштун ҳам дар дохил зиндагӣ мекунад. Паштунҳо аксарият нестанд дар Афғонистон. Дурӯғ мегӯянд, ҳам барои Шумо дар Тоҷикистон дурӯғ мегӯянд ва ҳам барои бақияи минтақа дурӯғ мегӯянд ва ҳам барои бодоронашон дар хориҷ. Андозаи паштунҳо камтар аз тоҷикон аст, ҳанӯз ҳам ки саршуморӣ нашуда, ки дақиқ мо бидонем кӣ чӣ қадар аст. Аммо дар Афғонистон ҳеч қавме 50 ба изофаи 1 нест. Вақте мо мегӯйем, ки кишвари аққалиятҳост, маънош ин аст, ки 49, 41, 30, 27 дар сад аст. Ҳамин чор қавми калоне, ки дар мо ҳаст: тоҷик, паштун, узбак ҳазора ҳеч кадомашон калон нест, аксарият намебошад. Инҳо чаро мусиранд баҳри ин ҷо. Ҳар бор, ки тоҷикон мехоҳанд як давлат муттакӣ ба зӯр, ирода ва қудрати худашон бисозанд, наметавонанд бо мо дар дохил ҷанг бикунанд. Инҳо мераванд аз ин 25 милюн аскар қарз мегиранд. Ба онҳо пул медиҳанд, чун он ҷо хат боз аст. Он ҷо қонун нест, мисли Тоҷикистон, ки хат баста бошад. Аз он ҷо 20-30-100-200-300 ҳазор ҷангҷӯй баста ба ниёзашон мегиранд ва миёянд дар Кобулу Тахор бо мо ҷанг мекунанд. Чаро давлати устод Раббонӣ, давлати Масъуд, давлати тоҷикон фурӯ пошид? Албатта ин давлати ҳамаи мардуми Афғонистон буд, вале дар раъсаш инҳо буданд, пешгомони муқовиматаш тоҷикон буданд. Ин дигар рӯшан аст. Ман ба ҳамаи ақвом эҳтиром дорам, аммо замони ишғоли “Толибон” ҳамаи раҳбарони ақвом фирор карда буданд, танҳо тоҷикон истод шуданд.Танҳо садои Аҳмадшоҳ Масъуд баланд буд. Шумо як раҳбар, бо шумули ҳамин Ҳикматёри фирорӣ, ки ҳоло мехоҳад қаҳрамонӣ кунад, ки гурехту ба Тоҷикистон омад, пайдо намекунед, ки истод шуда бошад. Бародарони узбаки мо майдонро раҳо карданд, бародарони ҳазора, балуҷи мо майдонро раҳо карданд, раҳбарони паштун фирор карданд. Як ҷавони тоҷик Аҳмадшоҳи Масъуд монд ва гуфт, ки мо инҷо ҳам меҷангем ва ҳам ҳамаи шуморо наҷот медиҳем. Масъуд омад Кӯлоб, бахшеро Ирон фиристод, бахшеро Покистон фиристод ва гуфт биравед наҷот пайдо кунед. Албатта инҳо душманҳояш ҳам буданд, мухолифони сарсахташ буданд. Аммо агар чунин мавқеияте дар ихтиёри Ҳикматёр меомад Масъудро тирборон мекард. Вале тоҷикон ҳамин қадар бузургӣ нишон доданд ва гуфтанд, ки душманӣ ҳам кардед, вале ҳоло, ки ба мо паноҳ овардед, мо шуморо наҷот медиҳем.

Мо қарор набуд, ки шаҳри Кобулро тарк кунем. Чун Кобул шаҳри тоҷикон аст, шаҳри тоҷикон ва ҳазораҳо аст, ки форсзабон ҳастанд, ин ду қавм дар Кобул бисёр бузург ҳастанд. Ё дар ин шаҳр кӯча ба кӯча меҷангидем, ки ин ҳама одам кушта бишавад, ки ҳама ҳамтабору ҳамшаҳрии мо аз шумули бародарони узбаку паштуни ақвоми дигар буданд. Бинобар ин наметавонистем дар Кобул бимонем. Мо ақибнишинӣ кардем, билиҷбор ақибнишинӣ кардем. Мо бо ҳазорто мушкил аз чанд ҷойе чорто, масъалан гулулаву фишангу маводи ғизоӣ пайдо мекардему бо аспу маркаб интиқол медодем. Онҳо аз Покистон 100-у 200 комюн шомили сарбоз, шомили маводи ғазоӣ, нони гарм, гулӯла, туфанг, тир, дору, дорухона, дуктур ҳаракат мекарданд меомадан дар Кобул ва бо мо меҷангиданд. Мо чӣ тур метавонистем муқовимат кунем. Ин мо будем, ки муқовимат кардем, ин тоҷикҳо буданд, ки муқовимат карданд. Вагарна онҳо то охирин марзҳои рӯдхонаи Ому Афғонистонро ишғол мекарданд. Инҷост, ки вақте Пидром мегӯяд ин марзро бибандем, ҳокимияти паштунҳо суқут мекунад. Дигар паштун дар Афғонистон наметавонад ҳокмият дошта бошад, наметавонад дигар раисҷумҳур бошад, хашмашон бо ман ин аст.

Озодагон: Ҷаноби Пидором, ҳамин масоиле, ки Шумо ба он пардохтед, масоили қавмӣ ва аксарияти қавмиву забонӣ. Бисёре аз соҳибназарон, аз ҷумла назари худи Шумо ҳам ҳаст ва коршиносони дохилу хориҷ аз Афғонистон ҳам инро яке аз мушкилоти умдаи Афғонистон медонанд. Шумо, ки барои ҳалли мушкилоти Афғонистон чанд тарҳе ҳам доштед, фикр мекунад ин мушкил чи роҳҳалле дорад?

Латиф Пидром: Ҳоло оқои Ҳикматёр омада мегӯяд, ки як ҳукумати мутамаркази такқавмӣ месозем. Ман ба унвони як фарзанди тоҷик дар Афғонистон мегӯям, ки ман ин иҷозаро барои ту нахоҳам дод. Ин хоб ва хиёл аст. Барои ҳеч қавме иҷоза нахоҳем дод, ки якҷониба, бо нобуд кардани ҳуқуқи ақвоми дигар ҳокимият бикунад. Бинобар ин мо дар баробари паштунҳо ва ҳар қавми дигаре, ки бихоҳад ҳаққи дигарон, бахусус ҳаққи тоҷиконро талаф кунад, истод ҳастем. Аз муборизаи маданӣ шуруъ, то муборизаи мусаллаҳона. Инро мо хостем дар Кобул барояшон рӯшан бигӯем, ки дигар шумо наметавонед бар мо ҳукумат бикунед. Ё мисли одам, баробар, одилонаву мунсифона бо канор меойед, агар мусулмонед мисли як мусулмон, агар ҳуқуқибашариед мисли як ҳуқуқибашарӣ ва агар шаҳрвандед мисли як шаҳрванд. Агар барои ин ҳозиред, мо метавонем қонунашро бисозем ва давлаташро бар асоси ин қонун дуруст кунем. Вале агар мехоҳӣ, ки биойиву бигӯйӣ, ки ман паштун ҳастаму аксарият мебошам, ин чиртипиртиву музахрафот дигар намешавад. Иҷоза нахоҳем дод. Тарҳи мо, тарҳи Латифи Пидром ва Кунгураи миллӣ комилан рӯшан аст. Яъне ақвом битавонанд ба унвони қавм, яъне шаҳрванд худашон нисбати ба масоили худашон тасмим бигиранд. Баргирифта аз масоили фардияшон то масоили иҷтимоиву мазҳабу сиёсатҳояшон. Пешниҳоди ман ин буд, ки Афғонистон бо таваҷҷуҳ ба танавуъи қавимиву забониву фарҳангӣ сатҳи рушди мутафовите, ки дорад, ба сурати як ҷумҳурии федерол дар биёяд. На ҷумҳурии федерол, балки ҷумҳурии демукротики федерол. Мо федероли буржуазии сармоядорӣ намехоҳем. Мо федероле мехоҳем, ки мардум тасмим бигирад, на 5-6-то одами сармоядор.
Агар тарҳи моро намепазиранд, ин танҳо ва охирин роҳи ҳалли демукротик ва меҳандӯстонаи мо бо сарони паштун аст. Роҳи ҳалли дуюми мо таҷзия аст. Инро ман дар Кобул рӯшан аз пушти трибунҳо гуфтам ва дар рӯ ба рӯяшон ҳам гуфтам.

Озодагон: Дар идомаи ҳамин баҳсҳо. Мо дар ин авохир шоҳид ноамн шудани вилоёти шимолии Афғонистон ҳастем, ки бо Тоҷикистон ҳам марзҳои муштараке доранд. Ва ин ноамнӣ пешинае дар таърихи ҷангу низоъҳои кишвари Шумо надорад ва гуфта мешавад, ки ҷойе барои бозии қудратҳо мешавад, ки бо тавофуқҳо сурат мегирад. Дар ин тавофуқ кӣ тараф аст? Давлати Афғонистон ё кадом гуруҳҳои таъсиргузори иҷтимоиву сиёсӣ?

Латиф Пидром: Вазиристонро дар марзҳои Тоҷикистон мехоҳанд бисозандЛатиф Пидром: Феълан, бидуни шак баҳси асосӣ, фаротар аз “Толиб”, ҷобаҷоии неруҳои ДОИШ дар шимол ва шимолу шарқи Афғонистон аст. Дар интиқоли неруҳои ДОЪИШ ба ин манотиқ ва ҷангҷӯёни “Толиб”, ки ба ДОЪИШ пайвастаанд, ҳалақоте дар дохили худи давлати Афғонистон, дар сатҳи Шӯрои амният нақш доранд. Онҳо бо ҳеликуптарҳои давлатӣ ва амрикоӣ дар ин манотиқ ҷо ба ҷо мешаванд. Далелҳояш бисёранд. Ҳамин чанд рӯз пеш устондори Сари Пул гуфт, ки ҳеликуптарҳо омаданд ва онҳоро поин карданд. Инро намояндаи раисҷумҳур, волии як вилоят мегӯяд. Як замон ҳам Раиси амнияти миллӣ, ки он замон оқои Амрулло Солеҳ буд, барои бахше аз Толибон дар Қандаҳор кумак карда буд. Дар Маҷлис хоста буданд ӯро, аммо далел надошт. Ва гуфт, ки иштибоҳан бояд барои сарбозҳо поин мешуд, дар байни “Толибон” поин шуд. Магар амрикоие, ки он ҷо зиндагӣ мекунад бо ин ҳама JPS ва васоили дигар намефаҳмад, ки он ҷо толиб аст ё сарбозон?!
Маълум буд, ки амрикоиҳо инҳоро ба шимол бурдаанд. Феълан ҷанг дар шимол идома дорад. Ман чанд сол пеш, ҳаминҷо дар Тоҷикистон, дар нашрияи “Миллат” навиштам, ки шумо нигарони Вазиристони шимоливу он тарафҳо набошед, Вазиристони шимолӣ доранд дар марзҳои Тоҷикистон ҷӯр мекунанд. Дар ин авохир ҷанг дар Зебок ва Ишкошим буд. Ҷанг дар марзи Хоруғ буд. Ин ҳатто дар замоне, ки “Толибон” хеле қудрат доштанд ва бо тамоми кӯмакҳои байналмилалие, ки барояшон шуд, натавонсита буданд, ки ба марзҳои Помир бирасанд. Мо дар марзҳои Тахору Бадахшон онҳоро мутаваққиф кардем. Ҳоло, ки ин ҳама неруҳои байналмилалӣ ҳаст дар Афғонистон, чӣ тур тавонистанд, ки бирасанд?!
Зеро, ки он замон худи мо тасмим мегирифтем ва амрикоиҳо набуданд, ки инҳоро пушт кунанду биёранд дар марзи Помир бирезанд. Мо, яъне Масъду Раббониву дигар муҷоҳиддин тавонистем, ки бо инҳо биҷангем, чаро ин давлату Амрикову 40-то кишвар, НОТУ чӣ гуна наметавонанд бо инҳо муқобила бикунанд. Пас маълум аст, ки худи инҳо миёранд инҳоро. Ҳоло саросари вилоёти шимол даргири ҷанг аст.

Озодагон: Ин ки Афғонистон як кишвари ҳасос аст дар ин шакку тардиде нест. Дар ин авохир ҳассосиятҳои дигаре эҷод шуда. Аммо дар гармогармии ҳамин ҳасосиятҳо боз дар пешорӯи интихобот қарор дорад ва як сол пас бояд интихоботи раёсатҷумҳурӣ доир шавад. Фикр мекунед, ки ин интихобот то чӣ андоза метавонад барои Афғонистон тақдирсоз тамом шавад?

Латиф Пидром: Тақдири Афғонистонро, ки мо намесозем. Тақдирашро, ки оқои Убомо, пеш аз ӯ Буш ва ҳоло шояд Тромп бисозад. Мо чӣ тақдире метавонем бисозем. Ҳукумат дар Афғонистон тақдирсоз нест, тақдираш ба дасти каси дигаре аст. Вале соли баъд қатъан маълум нест, ки интихобот сурат бигирад. Ман гумон намекунам, ки худи амрикоиҳо бисёр моил буда бошанд, ки интихобот сурат бигирад. Фикр мекунам, ки онҳо моиланд, ки беназмиро идома бидиҳанд ва битавонанд, ки барномаҳояшонро дар ҷойҳои дигаре, ки ниёзманд ҳастанд идома бидиҳанд. Барои ҳамин интихоботи Маҷлис, ки имсол бояд мешуд, нашуд. Кумиссиюни интихобот ҳам эълом кард, ки мо наметавонем интихобот баргузор бикунем, амният вуҷуд надорад. Барои соли дигар чӣ тазмине вуҷуд дорад, ки амният биёяд ва инҳо интихобот баргузор кунанд. Ҳеч тасмиме барои интихобот вуҷуд надорад, тасмимашон барои идомаи буҳрон дар Афғонистон аст. Барои ҳамин Ғаниву Атмару ҳамин ҷосусакҳое, ҳастанд, ки ҳоло бар мо мусаллат мебошанд.

Озодагон: Агар қарор бар ин шуд, ки баргузор шавад, шахси Шумо чӣ тасмиме доред?

Латиф Пидром: Ман дар интихобот ба унвони кондиди ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон ширкат мекунам.

Озодагон: Албатта, мо намехоҳем, ки суҳбат бисёр гирди масоили қавмӣ бичархад, вале аз ин ки ин як воқеияти Афғонистон аст, тоҷикҳо ва ё кондиди тоҷикҳо чӣ имконоте барои баранда шудан доранд?

Латиф Пидром: Мо, агар хуб кор бикунем, чандто имкон дорем. Яке худи тоҷикон ба унвони як қавми бузургу аксарият ва баъд муттаҳидони мо аз шумули қавмҳои дигар. Муттаҳидон, ки мисли бақияи ақвом ба василаи қавмгароён ва шовинистҳои паштун дар тӯли солҳо ситам шудаанд. Албатта инҳо зӯрашон бо тоҷикҳо ҳеч вақте нарасида, на дар гузаштаи таърих ва на алъон, тоҷикон муҳиманд дар Афғонистон, тоҷикон шӯхӣ нестанд. Вале шаллоқ ҳамеша бар сари узбакҳову бародарони ҳазораву ақвоми дигар буда. Аммо паштунҳо бо мо даргир ҳастанд, онҳо бақияи ақвомро ҷиддӣ намегиранд. Бақия барояшон муҳим нест, чун ба лиҳози гузашта дар баробари ақвоми дигар як эътимод ба нафс доранд. Фикр мекунанд, ки инҳо ҳамеша зери дасташон буданд ва хоҳанд буд, аммо бо тоҷикон ин турӣ нестанд ва аз тоҷикҳо метарсанд. Чун ба лиҳози таърихӣ ҳам онҳо ҳеч гоҳ наметавонистанд, ки моро нодида бигиранд. Мо сиёлашон ҳастем.
Бинобар ин мо ин тавонро дорем, ки неруҳои адолатхоҳи ақвоми дигарро басиҷ бикунем, ки дар партави ин ҷунбиши адолатхоҳӣ, ки тоҷикон бидуни шак нақши муҳим хоҳанд дошт, бақияи ақвом ҳам ба адолат бирасанд. Ба масоили мазҳабиву сиёсиву фарҳангияшон ва дар сохтори сиёсии давлат ба ҳаққашон эҳтиром гузошта шавад. Дар интихоботи қаблӣ бо он ки чунин иттиҳоди густардае вуҷуд надошт, чаро ки Дӯстум бо паштунҳо рафт ва бархе аз ҳазораҳо бо мо буданду бархе бо паштунҳо, аммо интихоботро бурдем. Дар даври аввал бурда будем интихоботро, амрикоиҳо иҷоза надоданд. Вале агар ба як иттиҳоди сартосарӣ бирасем бо роҳи 80 дар 100 интихоботро мебарем. Чун ҳамаи паштунҳо ҳам бо паштунҳо намераванд, инсонҳои мунсифу бошарфи хубе ҳам доранд. Онҳо бо султагароии қавмии худашон ҳам мувофиқ нестанд. Ин тур нест, ки ҳамаи онҳо ҷинояткору фошист бошанд. Мунтаҳо ҳалақоти раҳбарияшон фошистанд. Инҳо ҳастанд, ки намехоҳанд султа аз дасташон одилона тақсим шавад. Барои ҳамин ҳамеша ин шонс вуҷуд дорад. Мо дар ҳамун даври аввал ҳам аз Карзай тавониста будем, ки бибарем. Аз Ғанӣ ҳам бурда будем. Дар даври аввал мо 57 дар 100 бурда будем.

Озодагон: Вале дар ҳамин давраҳои интихобот касоне, ки ҳукуматро дар ихтиёр доранд як истротежии дурусте ба истилоҳ барои худашон месозанд ва баъзе чеҳраҳои матраҳи ақвоми дигар, аз ҷумла тоҷиконро ба худ мутамоил бикунанд. Агар ҳамчунин як даъвате аз Шумо сурат бигирад, имкон дорад, ки бо онҳо канор биравед?

Латиф Пидром: На, на. Мактаби ман бо мактаби ҷараёнҳои салафӣ-ихвоние, ки дар Афғонистон ҳастанд фарқ дорад. Ман дар як мактаби дигар тарбия шудаам. Ман ҳамразми Аҳмадшоҳ Масъуд будам, вале ҷамъиятиисломӣ набудам. Як рӯшанфикри бархоста аз як бистари миллигароӣ ҳастам. Мо 50 сол аст, ки барои ин иттиҳод ҷон медиҳем ва ҳазорон кушта дорем. Вақте бузургони мо барои адолатхоҳиии миллӣ, барои озоди ақвоми дигар аз зругӯйии паштун мубориза мекарданд, ҷамъиятиисломиву ҳизби исломӣ маънои миллигароиро аслан ҳеч намефаҳмиданд. Чун инҳо дар пушти ҳукумати исломӣ маҳкам буданд. Воқеан ҳам намефаҳмиданд. Далели ворафтагии ахирашон ҳам ҳамин буд. Дин дар як ҷомеаи қавми ранги қавмӣ мегирад. Динро, ки малоик иҷро намекунанд. Дин марбути инсонҳост, ки қавмияташ дар татбиқи динаш ҳам таъсир дорад.
Бинобар ин масъалаи ман бо масъалаи як идда аз ин раҳбарони ақвом ва раҳбарони хоини тоҷик дар Афғонистон ба куллӣ мутафовит аст. Баъди Аҳмадшоҳ Масъуд ва устод Раббонӣ бақияро ба унвони хоин мебинам. Инҳо баъди ин ду ба таври ситематик хиёнат карданд, ҳам дар ҳаққи тоҷикон ва ҳам дар ҳаққи бақияи ақвом. Инҳо қудратеро, ки ақвом, хусусан тоҷикон бо зулме, ки дар ҳаққашон буд бо пешопешии Масъуду Раббонӣ ба даст оварда буданд дар конфронси Бун, дудаста супурданд. Инҳо қобили бахшидан нестанд.
Ман агар раисҷумҳур бошам инҳоро мехоҳам ва суол мекунам, ки чаро ин корро кардед ва мефиристамшон ба додгоҳ. Ин ҷурӣ нест, ки мо иштибоҳ кардем, бибахшед, бахшидане вуҷуд надорад. Иштибоҳи ту 15 сол тоҷиконро ба хоки сиёҳ кашонд. Ҳар иштибоҳе, ки ту мекунӣ се сол моро ба ақиб мекашад. Ин як кори фардӣ нест. Ҳар хиёнате, ки тоҷикон баъди Масъуду Раббонӣ карданд мардуми Афғонистонро солҳо ба ақаб ронданд. Бахше аз мусибатҳои имрӯз маҳсули хиёнатҳои мустақими раҳбарони тоҷик дар Афғонистон мебошад.

Озодагон: То ҳол ҳамин гуна даъватҳо сурат гирифта?

Латиф Пидром: Борҳову борҳо. Вақте ҳамин амрикоиҳо омаданд, як ҳайати баландпояаашон барои дидор омад. Ба дафтари мо омаданд, кам ҳам набуданд, 15 мақомдори баландпояи амрикоӣ буданд. Охири хостшон аз ман ин буд, ки Шумо бо Халилзод биншинеду гап бизанед. Хуб, ман бо Халилзод биншинаму чӣ гап бизанам?! Гапи ман ин аст: 1,2,3,4. Инҳоро қабул надоред, намешавад. Ман Толиб ҳам нестам ва фундаметалист ҳам намебошам, бо Шумо мушкиле ҳам надорам. Ман бо Шумо мушкили тоҷикон ва боқии ақвомро дар миён мегузорам. Ҳаққи инҳоро қабул доред ё на? Ё боз мехоҳед, ки паштун сари мо ҳокимият бикунад. Паштуне, ки сангарро раҳо карду рафт. Мо дифоъяш кардем, мо баргардондемаш. Мо борҳо нишастем бо инҳо, ба тавофуқ нарасидем. Сари адолат натавонистем, ки тавофуқ кунем. Бо ман намешавад, ки чунин тавофуқ кард, шояд бо ҳар тоҷики дигар бишавад. Вазорати иттилооту фарҳангро пешниҳод карданд, вазорати маорифро пешниҳод карданд, напазируфтем.
Қабл аз интихобот мо бо оқои Ғанӣ 4 соат суҳбат доштем. Як моҳ монда буд то интихобот. Аз ман хост бо ӯ ҳамкорӣ кунам. Гуфт биё дар як тим бо ҳам бошем. Ман гуфтам, ки бо ту дар як тим намеравам. Умре мубориза кардам барои озодӣ ва адолати ақвом. Дар ин барномаи ту ин нест. Тими ту тими тадовум аст, яъне тадовуми ҳамон ҳукумати Абдураҳмонхон. Мо бо ҷенерол Дӯстум, Халилӣ ва боқии дигар то ду шаби қабл аз интихобот суҳбат доштем. Дӯстум ду шаб қабл ба ман аҳвол дод, ки мо билахира тасмим гирифтем, ки мерем, биё бо ҳам биравем, вале напазируфтам. Гуфт мо эҳтимолан мебарем, амрикоиҳо аз мо ҳимоят мекунанд. Ҳукуматро тақсим мекунем, ту ҳар мансаберо, ки мехоҳӣ бинавис ман имзо мекунам. Гуфтам, оқои Дӯстум, ту узбак ҳастӣ, узбакҳо дар Афғонистон таҳти ситам буданд. Агар ту худат кондид мебудӣ ё як балуҷ ё як ҳинду, ки бисёр каманд дар Афғонистон кондид мебуд ё пашаиву араб кондид мебуд ва агар як тоҷику паштун ҳамзамон кондид мебуд, ман ба хотири мазлумияти таърихии ақвоми дигар ба паштуну тоҷик райъ намедодам. То нишон дода бошам, ки ман тарафдори адолатам. Вале бо шумо намеравам, чун шумо фошисту қавмгаройед, ки баъдан натиҷаашро хоҳед дид. Ва ҳоло дид. Бо Аҳмад Зиё Масъуд чӣ кор кард, бо Дӯстум чӣ кор кард?! Муовини аввал аст, зиндонӣ буд, маҷбур шуд, ки биравад Туркия. Вале мо як мактаб ва усуле дорем, ки моро наметавонанд бихаранд, наметавонанд, ки битарсонанд ва наметавонанд, ки муомила бикунанд.

Озодагон: Вале расонаҳои Афғонистон менависанд, ки чун Аҳмадзиё Масъуд аз мансаб каишида шуд ва Дӯстум ҳам поин андохта шуд, Шумо бо инҳо канор омадеду аз як басиҷи нави миллӣ суҳбат кардед.

Латиф Пидром: Вақте Аҳмад Зиё барканор шуд, ман ба унвони як тоҷик ва дӯст хабаргирияш рафтам. Аммо то замоне, ки Аҳмад Зиё дар ҳукумат буд боре ҳам телефонӣ бо ӯ гап назад будам. Чун гуфтам будам, киштибоҳ кардӣ, набояд ин корро мекардӣ. Аммо вақте зада шуд, барканор шуд, бечора шуд, тавҳин шуд, беиззаташ карданд, рафтам дилҷӯӣ кардам. Агар ҳиммат кунӣ рӯйи поят истод шав, ёрмандият мекунам. Аз замоне Дӯстум бо Ғанӣ дар қудрат омад бо ӯ робитаамро қатъ кардам. Вақте бандияш кард, рафтам, ки ҳоло мо дар канорат ҳастем. Гуфтам ба хотири мардумони узбак омадам, на ба хотири худат. Худат бисёр иштибоҳ кардӣ. Туву Аҳмад Зиё қобили бахшидан нестед. Онҳо афродашонро фиристоданд, ки гуфтугӯ кунем барои сохтнаи як ҷабҳа. Ман гуфтам, ки мувофиқам, ки на танҳо бо Шумо, балки бо дигарон, бародарони ҳазора ба мисли ҷунбиши Рӯшаноӣ ва ақвоми дигар ҳам ҷабҳа ташкил кунем. Аммо шарт дорам.

Озодагон: Чӣ шарт доштед?

Латиф Пидром: Ҳавоӣ-ҳавоӣ бо ман гап назанед, ки ҳукумат бад асту ҳукумат ин аст. Ман 4-5-то шарт дорам. Чун шумо як бор хиёнат кардед, ҳоло маъзарат мехоҳед, ки иштибоҳ кардед. Раҳбаре, ки ҳар рӯз иштибоҳ мекунаду ҳар рӯз ақл надорад, ҳаққи роҳбарӣ дошта наметавонад. Ту ҳар рӯз иштибоҳ мекунӣ, ҳар рӯз ғалат мекунӣ ва меоиву маъзарат мехоҳӣ? Ин маъзаратхоҳии ту 2 сол моро тамом мекунад. Одами бо шараф вақте ду дафъа 3 дафъа дар сиёсат ғалат кард, дигар иддао намекунад. Дигар иддаои раҳбарӣ накунед, чун шумо ақл надоред. Ҳоло як ҷабҳа месозем, вале шумо дар миёни мардуми Афғнистон бадном ҳастед ба унвони фурсатталаб, муомилагар, дузд. Дар ин бечорагие, ки уфтодед ба хотири мардуматон маҷбурем, ки бо шумо биншинем. Аммо шартҳои ман ин аст:
1. Ҳукумати федеролиро қабул доред ё на?
2. Марзи Деврандро он рақаме ман мегуям, ки поёнёфта аст, қабул доред ё на?
3. Амрикоиҳо набояд пойгоҳ дошта бошанд дар Афғонистон.
4. Ҳеч кишваре набояд пойгоҳи низомӣ дошта бошад
5. Иқтисоди Афғонистон, ки як иқтисоди неолибероли ваҳшатнок аст, барои мардум нест, як иқтисоди рифоҳӣ-иҷтимоиро қабул доред ё не, ки ғайр аз Шумо, ки ҷайбҳоятон пури пул аст, мардум ҳам нон дошта бошад?
Ва шартҳои дигар. Гуфтам агар қабул доред мо бо шумо ҷабҳа месозем, агар не, не. Дигар қарор нест, ки Шуморо вазир бисозем, шумо боз хиёнат кунеду биёед мазъарат бихоҳед. Баъд аз ин, ки 10 милюну 15 милюн дуздӣ кунед маъзаратхоҳӣ намоед ва товонашро ҳам мо бипардозем.

Озодагон: Шароити Шуморо пазируфтанд?

Пидром: Феълан не, баҳс ва гуфтугӯ дорем. Агар напазиранд, мусалламан бақияи мардум ва ҷавонон иншоаллоҳ, ки моро пазируфтаанд. Дар назарсанҷиҳое, ки кардем дар мавриди назари ману Абдуллову Ғанӣ 49 дар сад тарафдори ман буданд, 20 дар сад тарафдори Ғанӣ ва 30 дар сад тарафдори Абдулло. Муборизаи ман барои адолат аст. Барои мустақилияти Афғонистон, ки зери султаи ҳеч кишваре, минҷумла Амрико набошад. Ман барои ин орзуҳо мубориза мебарам.

Озодагон: Шароити Шуморо пазируфтанд?

Пидром: Феълан не, баҳс ва гуфтугӯ дорем. Агар напазиранд, мусалламан бақияи мардум ва ҷавонон иншоаллоҳ, ки моро пазируфтаанд. Дар назарсанҷиҳое, ки кардем дар мавриди назари ману Абдуллову Ғанӣ 49 дар сад тарафдори ман буданд, 20 дар сад тарафдори Ғанӣ ва 30 дар сад тарафдори Абдулло. Муборизаи ман барои адолат аст. Барои мустақилияти Афғонистон, ки зери султаи ҳеч кишваре, минҷумла Амрико набошад. Ман барои ин орзуҳо мубориза мебарам.

Озодагон: Ин орзуҳо имкон дорад, ки таҳаққуқ пайдо кунанд?

Латиф Пидром: Чаро мумкин нест, ҳамеша мумкин аст. Ҳеч амри номумкине вуҷуд надорад. Агар мепиндорӣ, ки номумкин аст, муборизаи сиёсӣ накунед. Дар дигар кишварҳо шуда мумкин буда, вале дар ин ҷо номумкин аст? Чаро барои ҳамаи кишварҳои ҳамсоя мустақил будан мумкин аст, вале барои мо на?! Покистон метавонад мустақил бошад, шумо метавонед мустақил бошед, мумикн аст, чаро барои мо мумкин набудааст?! Чӣ, магар мо одам нестем?

Озодагон: Ин орзуи мо ҳаст, ки имконпазир шавад ва дар кишвари ҳамсоямон сулҳ бошад.

Латиф Пидром: Дар мантақа агар сулҳ шавад барои ҳама муҳим аст. Табиатан, ки мантақа дар ҷанг наметавонад рушд кунад.

Озодагон: Вале ҳамеша гуфта мешавад, ки манофеи қудратҳо болои Афғонистон фукас мешавад. Аз назари Шумо бо ин манофеъ чӣ гуна мешавад бозӣ кард?

Латиф Пидром: Бибинед, як замоне Иттиҳоди шӯравӣ буд ва як тараф чизе бо номи Амрико. Ҷаҳон ба ду қутб тақисм шуда буд ё ба қавлу он замон сусиёлизм ва сармоядорӣ. Ҳоло ин сохторҳо шикаста, қудратҳо ва бозингарони дигар ба саҳна омадаанд. Собиқ ин буд, ки Иттиҳоди шӯравӣ ва Амрико бар сари Афғонистон тасмим бигиранд ва тавозун вуҷуд дошта бошад ва шуд. Дар шимол Иттиҳоди Шӯравӣ буд дар Ҷануб амрикоиҳо. Рӯзе, ки Довудхон ин дарвозара ба ҳам зад, ҳукумат шикаст. Ин таҷрибае, ки рӯ ба рӯи ҳамаи мо иттифоқ уфтода. Ҳама тавозунро бояд мадди назар гирифт.
Ҳоло чандин бозингар дар ин минтақа аст, бояд манофеъи ин бозигарҳо мадди назар гирифта шавад. Мо дар равобити байналмилал истилоҳе дорем – равобити мутақобилан муфид ва манофеи мутақобилаи кишвар. Яъне ба унвони як кишвар шумо баъзе чизҳоро ҳақ доред ва баъзе чизҳоро ҳақ надоред. Масалан шумо наметавонед биёед дар чандкилуметрии марзи як кишвар корхонаи атомӣ бизанед. Хоки туст, аммо қавонини байналмилалӣ иҷоза намедиҳад.
Яъне қавонини байналмилал вуҷуд дорад, ки бояд манофеи мо ҳам бошад, манофеи Тоҷикистон ва ҳамсояҳои дигар ҳам бошад, манофеи жеупулитики минтақа аз Русия гирифта то Чину Амрико ҳам бошад. Яъне манофеъ бояд билонс бишавад. Барои ин ман аз ҷумла одамҳое будам, ки гуфтам бояд як Паймони мантақаӣ, назири Шонгҳой ба вуҷуд биояд, ки тарроҳи ин назария ман будам. Ман гуфтам, ки барои он ки дар Осиё мо битавонем буҳронҳоямонро мудирият кунем ва қарор набошад, ки барои ҳар мушкил чорто амрикоӣ биояд моро раҳбарӣ кунад, ин Паймон ташкил карда шавад. Ва бо ин ҳама иддаову Мавлавӣ дорему Рӯдакӣ дорему Айнӣ дорему фалон дорем, боз амрикоӣ биояд ин ҷо мудирият кунад?! Яъне мо ақл надорем?! Маънош ҳамин аст дигар. Як тамаддуни боиззате инро намепазирад. Ҳоло ҳам муҳим аст, ки Афғонистон ба лиҳози жеуистротежик, жуэкономик ва жуиполитик битавонад манофеъро дар минтақа билонс бикунад. Намешавад, ки манофеи Чину Русия ва ё Покистону Ҳиндро нодида гирифт.

Озодагон: Ин ҳамаро чӣ гуна мешавад, ба истилоҳи Шумо билонс кард?

Латиф Пидром: Яке аз роҳҳои билонс кардани ин сохтор сохторест, ки ман матраҳ мекунам, яъне федеролӣ кардани низом, ки мо битавонем барои кишварҳои минтақа манофеъро таъмин кунем. Барои кишварҳои минтақа нигоҳ бештар иқтисодӣ аст, пояҳои ҳаракаташ иқтисодист. Албатта мо дар назар гирифтаем, ки ақвом аз нигоҳи қавмӣ, забонӣ, мазҳабӣ бояд озод бошанд. Вале ба лиҳози иқтисодӣ мо, яъне Кунгураи миллии Афғонистон ахиран як китобе мунташир кардем бо номи “8 зуни иқтисодӣ дар Афғонистон”. Баҳс ин буд, ки мо далоили федеролӣ кардани Афғонистонро на бар пояи усулҳои сиёсӣ, мантиқи сиёсӣ, балки бар пояи мантиқи иқтисод ҳам битавонем собит бикунем. Барои ҳамин мо 8 зуни иқтисодиро гирифтем, ки метавонем дар ин 8 зун 6-7 бозингари калони минтақаро саҳим бисозем. Дар замони русҳо ҳам Афғонистон ба ин 7-8 зун тақисм шуда буд. Инҳо ҷойҳое ҳаст, ки мо метавонем бо кишварҳои мантақа ҳам ба лиҳози амниятӣ, ҳам ба лиҳози иқтисодӣ ва ҳам ба лиҳози инкишоф мушорикати мунсифона бикунем. Агар мо битавонем инҳоро дар як сохтори асосӣ билонс бикунем, имкон дорад, ки ҷангро дар минтақа ҷилавгирӣ кунем. Агар ҳама қудратҳо дар минтақа мустақар шаванд барои ҷанг иҷоза нахоҳанд дод. Ва яке аз далоиле, ки ман таъкид дорам Афғонистон федеролӣ шавад ба ҳамин хотир аст, ки қудратҳои ҷадиде, ки эҷод шудаанд битавонем билонс кунем.

Идомаи суҳбатро дар ин пайванд бихонед
Мӯҳр
мунис
Тарчумаи русии ин мусохибаро дар кучо дидан мумкин аст

1
Иршод хеле муваффак асти, аммо чун журналист сухбат кардан намехохи ё наметавони. Талош мекуни, сухбатат мутафаккирона бошад. Ин хоси мусохиба нест.
Умедворем ки дар кисмати дуюми мусохиба дар бораи тачзияи Афгонистон суол карда боши. Пидром гуфтааст ки ба паштухо руирост шарти тачзияро кардааст, ин гапи кам нест... Атрофи ин фикр мешавад кор кард...

мухлис
идомаашро чоп кунед, мо интизор

Осӣ
мунис,
Бе забонт русӣ наметввонӣ? Ё ӣа хоҷагони Кремлинат ҳарчи зудтар ҳисобот доданиӣ? Фикр онҳоро макун, алакай тарҷумаи мусоҳиба ба русӣ болои мизи кориашон аст.
Агар тоҷик ҳастӣ, забони модариатро омӯз, то аз ҷодӯи манқуртизм раҳо ёбӣ.

некном
Иршод бо забони очагит гап зан. Дар дехаат хеч кас туро намефахмад.

Инкадар аз забони модарит ки Рудаки асос гузоштааст, чаро хазар дори? бачча.

Душанбе
Худо дар панохаш нигахбонат бошад, устод Пидром! Кош мо точикхои ин суи Ому ва точикхои Узбакистан хам шумо барин як лидери кавмдуст ва миллатпарвару бебок медоштем. Дар мукобили душман истод бошед! ХУдо ёратон!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)