Зан бо нону кӯлчаву қурутоб ҳудуди 20 касро қасдан заҳролуд кардааст
Як зани 37-сола қасдан ғизоҳои таҳиякардаашро заҳролуд намудааст. Дар натиҷаи истеъмоли он ду нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар ин бора торнамои Вазорати умури дохилӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин зан, ки дар деҳаи Турдишоҳи ноҳияи Панҷ зиндагӣ мекунад, ҳоло бо иттиҳоми содир намудани ҷинояти одамкушӣ дар боздошт қарор дорад. Торнамо менависад, дастгиршуда ҳанӯз рӯзҳои аввали оиладоршаваш бо сокини 43-солаи деҳаи Пахтакори ноҳияи Панҷ нисбати ӯ ва хонаводааш “хусумат пайдо кардааст”. Ба иттилои манбаъ, “29 июни соли 2014 зани номбурда нисфирӯзӣ барои аҳли оилаашон, ки дар саҳро машғули кор будаанд, қурутоб тайёр намуда, ба он доруи ҳашароти зараррасон ҳамроҳ кардааст. Баъди истеъмоли қурутоб бародари шавҳараш марди 39-сола, ҳамсари ӯ зани 34-сола, фарзандонашон духтарчаҳои 9-сола, 6-сола, 4-сола, ҷиянҳояш ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанбе, марди 38-солаи сокини деҳаи Сафедорон ва марди 36-солаи сокини шаҳраки Панҷ заҳролуд шуда, дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ, бистарӣ гардидаанд”.
Дар натиҷа бародари 39-солаи шавҳараш дар беморхона ба ҳалокат расидааст: “Баъдан, зани гумонбаршуда кирдори ҷинояткоронаи худро давом дода, рӯзи 7 сентябри соли 2014 ба хамири нон доруи ҳашароти зараррасонро ҳамроҳ кардааст. Баъди истеъмоли нон ҳамсари бародари шавҳараш зани 34-сола бо фарзандонаш ва хоҳари шавҳараш зани 26-сола заҳролуд шуда, дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ бистарӣ гардида, хурдсол – духтарчаи 4-сола дар беморхонаи мазкур ба ҳалокат расидааст”.
Сайти ВКД дар идома навиштааст, худи ҳамон рӯз гумонбаршуда барои маъракаи дафни 3-рӯзагии тағои шавҳараш 20 кулча пухта, ба он доруи ҳашароти зараррасонро ҳамроҳ кардааст: “Аз истеъмоли кулчаҳо шахсони дар он ҷо ҳузур дошта: зани 38-сола, ҷавондухтари 21-сола, зани 52-сола, ҷавондухтари 23-сола, зани 54-сола, зани 55-сола ва писарбачаи 7-сола заҳролуд шуда, дар беморхонаи шаҳри Қӯрғонтеппа бистарӣ гардидаанд”.
Ҳоло нисбати ин зан бар пояи моддаҳои 32 қисми 3, 104 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |