Бахшҳо
23 июн 2017 13:44Тоҷикистон / Акс

Э.Раҳмон ба кӯдакони имконияташон маҳдуд “идона” бурд (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми июн дар арафаи Иди саиди фитр аз Муассисаи махсуси таҳсилоти асосӣ “Мактаб - интернати ёрирасони рақами 3”- и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздид кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баробари шиносоӣ бо шароити моддию маънавии бошандагони ин даргоҳи илму маърифат, ҳамчунин ба 100 нафар кӯдакони маъюби мактаб - интернат ва 101 нафар тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони синни томактабии рақами 1 - и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки барои мулоқот бо Президенти мамлакат ба ин ҷо омада буданд, сару либос ва дигар кумакҳои моддӣ тақдим карданд.

Мактаб-интернати ёрирасони рақами 3 соли 1968 таъсис ёфта, дар он барои тарбияи 100 нафар кӯдакони маъюб ва дорои нуқсонҳои модарзодӣ барои таълиму ҳунаромӯзӣ шароитҳои лозима муҳайё карда шудааст.

Манбаъ афзуд, ҳамасола тарбиятгирандагони муассисаи таълимии мазкур бо дастгирии ҳукумат мамлакат дар олимпиадаҳои махсуси варзишӣ иштирок намуда, шарафи кишварро ҳимоя мекунанд: “Аз ҷумла, 6 нафар хонандаи мактаб-интернати мазкур дар мусобиқаҳои махсус дар давлатҳои Юнону Австрия аз рӯйи намудҳои варзиши сабук дар бахшҳои давидан ва ба дарозӣ ҷаҳидан иштирок карда, 6 медали тилло ва 7 медали нуқра ба даст оварданд”.

Дар доираи боздид раисиҷумҳури Тоҷикистон ба масъулини ҳукумат супориш додааст, ки дар заминаи Мактаб-интернати ёрирасони рақами 3 барои боз ҳам беҳтар кардани шароити таълиму зисти тарбиятгирандагон лоиҳаи бунёди бинои иловагии наву замонавии 4 ошёна бо 300 ҷой таҳия намояд.


Э.Раҳмон ба кӯдакони имконияташон маҳдуд “идона” бурд (АКС)

Э.Раҳмон ба кӯдакони имконияташон маҳдуд “идона” бурд (АКС)

Э.Раҳмон ба кӯдакони имконияташон маҳдуд “идона” бурд (АКС)

Э.Раҳмон ба кӯдакони имконияташон маҳдуд “идона” бурд (АКС)

Э.Раҳмон ба кӯдакони имконияташон маҳдуд “идона” бурд (АКС)

Э.Раҳмон ба кӯдакони имконияташон маҳдуд “идона” бурд (АКС)

Э.Раҳмон ба кӯдакони имконияташон маҳдуд “идона” бурд (АКС)

Э.Раҳмон ба кӯдакони имконияташон маҳдуд “идона” бурд (АКС)

Э.Раҳмон ба кӯдакони имконияташон маҳдуд “идона” бурд (АКС)

Э.Раҳмон ба кӯдакони имконияташон маҳдуд “идона” бурд (АКС)

Э.Раҳмон ба кӯдакони имконияташон маҳдуд “идона” бурд (АКС)

Э.Раҳмон ба кӯдакони имконияташон маҳдуд “идона” бурд (АКС)

Э.Раҳмон ба кӯдакони имконияташон маҳдуд “идона” бурд (АКС)
Мӯҳр
Рахмонали
Эй ахсант офарин мухтарам Чаноби оли ! Дар хакикат зеби пешвои миллати точикам хастед ин муассиса ба фикрам ба чуз Шумо дигар рохбари давлатро аз соли ташакулеби ед надорад! Бигузор ба раисони вилоят ва шахру нохияхо ибрати бузург шавад , ки аз Холи чунин нафарони эхтиечманд бохабар бошанд! Хар як минтакаба !
Аз забони ширини ин маьюбони хона интернат ба Шумо пешвои миллат гуфтаниам...
Ба суи мо Назар карди чун падарона
Бар калбам ин шоди хама вакт мемона
Дуогуи туем хар яке хона ба хона
Илохи то абад чунин рохбар бимона !!!!

Шахбоз
Бехтарин Пешвои миллат дар руи замин хасти Худо нигабонат бошад омин

Солех
Вазирону кабирон бояд аз Чаноби Олй ибрат гиранд.Пешвои миллат ин корхоро барои намоиш намекунад, балки нишон медихад, ки дигар рохбарон хам метавонанд сари ятимонро сила намоянд. Президент метавонад!!!

Вакте аз интернат ин кудакон ба балогат расида мебароянд, баъд чи рузхо дар хаёт онхоро интизор аст? Ягон барномаи адаптастсиони доред? Дар ин масъала низ кам кам андеша кунед, хукуматдорон...

Бале аҷоиб кори хубе кардед ! Ин коратон бароям писанд омад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)