Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 21 август 2018, 18:27

Раиси ҳукумат додани фитри рӯзаро ба вазирони тоҷик ёдрас кард (АКС)

23 июн 2017, 14:06

Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз, 23-юми июн зимни ҷаласа нақшаи генералии шаҳраки Зафаробод, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радио, Агентии таъминоти амволи махсус ва табодули иттилоъ миёни мақомоти давлатии кишварро ба баррасӣ гирифтааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз зимни ҷаласа дар бораи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017 ҳисобот додааст: “Таъкид гардид, ки барномаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифат ва самаранокии фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ тавассути ташкил намудани системаҳои иттилоотӣ ва таъмини рушди он, аз ҷумла ташкили мубодилаи байниидоравии иттилоот дар мақомоти давлатӣ қабул карда шудааст”.

Манбаъ афзуд, ки дар охир Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро вазифадор намудааст, ки барои ташкили хуби истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ва маводи сӯзишворӣ, риояи қатъии қоидаҳои зиддисӯхтор чораҳои мушаххас андешанд. Ҳамчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон бори дигар дар арафаи Иди саиди Фитр ба кулли шахсони эҳтиёҷманд додани фитри рӯзаро ёдрас намуда, супориш дода, ки ба хотири мусоидати бештар баҳри беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мардум бояд дар вақти оростани дастархони идона ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.

Раиси ҳукумат додани фитри рӯзаро ба вазирони тоҷик ёдрас кард (АКС)

Раиси ҳукумат додани фитри рӯзаро ба вазирони тоҷик ёдрас кард (АКС)

Раиси ҳукумат додани фитри рӯзаро ба вазирони тоҷик ёдрас кард (АКС)

Раиси ҳукумат додани фитри рӯзаро ба вазирони тоҷик ёдрас кард (АКС)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Muhtaram

  • 23 июн 2017 15:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
JANOB Omada khonai mora taftish mekuned ????
Посух додан
  • Солех

  • 23 июн 2017 18:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зинда бод Чаноби сагирапарвари мо. Худо метияд ба у.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!