Бахшҳо

Стипендияи Рустами Эмомалӣ барои донишомӯзони Душанбе

Рустами Эмомалӣ барои хонандаҳову донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе стипендияи раиси шаҳри Душанберо таъсис додааст.

Дар қарори шаҳрдори Душанбе омадааст, ин стипендия барои 200 нафар дар ҳаҷми 250 сомонӣ дар як моҳ ва барои нуҳ моҳи соли хониш таъсис дода мешавад. Рустами Эмомалӣ Сарраёсати молияи шаҳри Душанберо муваззаф кардааст, “аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои пардохти стипендияи мазкур дар соли 2017 маблағи мазкурро ҷудо намояд”.

Дар низомномаи стипендияи раиси шаҳри Душанбе ҳадафи таъсиси он “дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ҷавононе, ки рафтори намунавӣ ва хониши хубу аъло дошта, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд”, гуфта шудааст.

ИҚТИБОС АЗ НИЗОМНОМА

Довталабони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки ба нишондиҳандаҳои зерин мутобиқат менамоянд, буда метавонанд:
- рафтори намунавӣ ва эҳтироми хоса дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон дар як соли охир, бо дарназардошти тавсияи хаттӣ (аз ҷониби роҳбари гуруҳ ва директори муассисаи таълимӣ);
- аъзои фаъоли созмонҳои хонандагӣ, ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бошанд;
- бо баҳои хубу аъло, ки мувофиқи маълумотномаи хаттӣ оид ба ҷамъбасти баҳоҳо дар як соли охир аз ҷониби директори муассисаи таълимӣ бояд тасдиқ шуда бошад;
- дар корҳои ҷамъиятии муассиса ва берун аз он фаъолона ширкат намояд;
- барои иштироки фаъолона дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон омода бошад, зеро миёни барандаи стипендия ва мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонон дар шаҳри Душанбе шартномаи алоқаманд ба имзо расонида мешавад.
4. Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар асоси озмун аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон барои як соли таҳсил (аз 1 сентябр то 1 июн) таъин карда мешаванд.
5. Барои сазовор шудан ба стипендияи Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон дар шаҳри Душанбе озмун доир карда мешавад.
6. Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои 160 (яксаду шаст) хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 40 (чил) хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муқаррар карда мешаванд.
7. Мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон квотаҳои стипендияи Раиси шаҳри Душанберо дар чор ноҳия бо дарназардошти миқдори хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муайян менамояд.
8. Бо мақсади ташкили кор барои ба таври озмун интихоб намудани номзадҳо ҷиҳати гирифтани стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар назди мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе Комиссия аз ҳисоби кормандони сохторҳои кор бо ҷавонон, маориф, фарҳанг, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъсис дода мешавад.
9. Низомномаи Комиссия оид ба стипендияи Раиси шаҳри Душанберо мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон таҳия ва тасдиқ менамояд.
10. Барандагони стипендия дар асоси қарори комиссия (суратмаҷлис оид ба интихоби барандаи стипендия) ва тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муайян карда мешаванд.
11. Пардохти стипендия ҳар моҳ тибқи тартиби муқарраргардида ба анҷом расонида мешавад. Дар сурати аз ҷониби гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мунтазам вайрон кардани интизоми мактабӣ, гирифтани баҳои ғайриқаноатбахш, пардохти стипендия метавонад қатъ карда шавад.
12. Аз стипендияи Раиси шаҳри Душанбе маҳрум кардани шахс дар ҳолати ба таври мунтазам иҷро накардани талаботи банди 3 Низомномаи мазкур бо пешниҳоди ҳайати Комиссия сурат мегирад. Рӯзи аз стипендия маҳрум кардани шахс аз рӯзи ба имзо расидани қарори дахлдори Комиссия ба ҳисоб гирифта шуда, пардохти маблағи стипендия аз ҳамон моҳ қатъ карда мешавад ва дар муҳлати то 10 рӯз тибқи тартиби пешбининамудаи банди 8 Низомномаи мазкур озмуни иловагӣ ташкил гардида, номзади муносиб аз ҷониби Комиссия интихоб карда мешавад.
14. Ба гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, ки тариқи озмуни иловагӣ тибқи тартиби Низомномаи мазкур ғолиб дониста шудааст, аз рӯзи имзои қарори дахлдори Комиссия бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон маблағи стипендия пардохт карда мешавад.

Мӯҳр
Ахсан Рустамчон. Кош дигар рохбарони шахру нохияхо хамчунон икдомро рохандози мекарданд... Дастгири кардани толибилмон кори хайру савоб аст.

Нагз, вале барои чи донишчуёни мактабхои оли сарфи назар шуданд. Аз хама зиёд онхо дар чорабинихои раксу бози ширкат доранду кариб ки дигар дарс хам намехонанд. Хайр, онхо ба хам квота чудо кунед, акаллан 20 то...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)