Бахшҳо

Садамаҳои рӯзҳои ид 5 кушта ва 6 захмӣ бар ҷой гузошт

Дар пайи панҷ садамаи нақлиётии рӯзҳои истироҳати гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 5 нафар ба ҳалокат расида, 6 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодисаҳо рӯзҳои 26 ва 27 июн ба вуқӯъ пайвастаанд. Ба иттилои манбаъ, соати 18:00-и 26 июн сокини 23-солаи ноҳияи Носири Хусрав ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шаҳритус аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди 7-сола, сокини деҳаи Комсомолро пахш намудааст: “Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.

Ҳамон рӯз, ронандаи 33-солаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиелло”, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти пойтахт, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон аз идораи воситаи нақлиёт набаромада, духтарчаи 9-солаи сокини ҷамоати деҳоти Садриддин Айниро пахш намудааст. Пиёдагарди ноболиғ аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

26 июн ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, онро ба канори рости роҳ чаппа кардааст: “Дар натиҷа мусофири дохили автомашина ҷавони 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.

Ба иттилои манбаъ, 27 июн ронандаи автомашинаи “Опел-Астра” таҳти идораи сокини 24-солаи шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст: “Ҳангоми рух додани чунин бархурд, худи ронанда ва мусофири автомашинаи зикргардида ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардида, мусофири дигари он ҷавони 24-солаи сокини шаҳри мазкур, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.

27 июн, тахминан соати 16:20 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, марди 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар километри 117-уми шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок” дар ҳудуди деҳаи “Пете”-и ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Лексус”, таҳти идораи марди 31-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бархӯрдааст. Ба иттилои ВКД, дар натиҷа ронандаи автомашаи тамғаи “Опел-Вектра” ва мусофирони он, зани 62-сола, ду нафар духтарчаи 12-сола бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шуда, мусофири дигари ин автомашина марди 66-солаи сокини шаҳри Истаравшан, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр
(Шаф шаф накун ,шафтолу гуй!)
Аз навиштаҳо мақсад чист ?!

Хамин идгардакро аз байн барен ин бетартиьихо худаш аз байн меравад ва хам кудакони ноболиг дигар дар роххо сайр намекунанд садама намешавад ва хеч садама намешавад

фозил,
Инно лиЛоҳи ва инно илайҳи роҷиъувн...
Фозил лекин ҳамон (шафтолуи) гуфтагиямро гуфти ,ана ҳамин аст мақсади нопокатон !
Магар идгардакро манъ кунанд одамон дигар намемиранд ?
Мақсадатон танҳо манъ кардани идҳои исломист! Ва ончи бо Ислом таалуқ дорад ...
Чаро ин таҳлилгарон он нохушиҳое,ки дар дигар идҳое бо мо миллати мо бо дини мо бегона ҳасту дар ҳолатҳои сархуши масту аласт мемиранд аз оннҳо ёдовар шуда ҳамон идҳои бемаънеро ман намекунанду таҳлил ё мақолае нисбати онҳо наменависанд?!!!
Дар ҳолатҳои масти бо мошинҳои қимматбаҳояшон то 6..8 одамро пахш карда мекушанду боз болои ин аз ҷавобгари озоданд онҳоро ёдовар наешавем...Ҳаминро қайд кардани ҳастам ,ки Худованд моро (кару кур) кадааст аз ҳақиқат чашм мепушем ва гунгҳам шудаем .. АстахфируЛлоҳ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)