Бахшҳо

Отамбоев ба Русия пешниҳод кард, ба марзи Қирғизистону Тоҷикистон нерӯ фиристад

Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон пешниҳод кард, дар ивази тақвияти пойгоҳи низомии Кант, неруҳои Русия дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Бодканд ҷойгир шаванд.

Отамбоев 26 июн ҷузъиёти сафарашро ба Русия дар ҳузури рӯзноманигорон ошкор кард. Вай гуфт, пойгоҳи низомии Кант ба тақвият эҳтиёҷ надорад. “Дар мавриди пойгоҳ суҳбат шуд. Мо розием, ки пойгоҳ бояд таҷдид шавад, соҳиби силоҳи нав гардад. Аммо шумори низомиҳоро афзудан, тақвият додан - чи маънӣ дорад? Бишкекро аз кӣ муҳофизат бояд кард? Барои мо тақвияти марз бо Тоҷикистон дар вилояти Ботканд зарурат дорад - ин муҳим аст. Ман дар мавриди Афғонистон эътимод надорам, оё Тоҷикистон истодагарӣ карда метавонад? Мо албатта ба Тоҷикистон кӯмак мекунем, машқҳои муштарак доир мекунем, аммо онеро, ки эҳтиёт мекунад, Худо ҳам кӯмак мерасонад. Гузинаҳои дигарро Қирғизистон ба баррасӣ намегирад”, - гуфт президенти ин кишвар.

Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия дар суҳбат бо расонаҳо пешниҳоди Отамбоевро дар робита ба ҷойгир кардани низомиҳои рус дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шарҳ надод. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон гуфт, ниҳоди марзбонӣ дар бораи пешниҳоди Отамбоев аз расонаҳо хабар пайдо кардааст. Вай гуфт, ҳоло ин маълумот ба раҳбари Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ирсол шуда ва вокуниши мақомот дар ин замина пас аз ошноӣ бо маълумоти мазкур, пахш хоҳад шуд.

“Нерӯҳои марзбонии Русия пас аз хориҷ шудан аз сарҳадҳои Тоҷикистон бо Афғонистон дар соли 2005 дар сарҳади ин кишвар бо Қазоқистон ҷойгир шуда буданд. Он замон ҳам далели ин амр, ҷилавгирӣ аз вуруди эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир, аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия буд. Агар нерӯҳои Русия дар сарҳади Қирғизистон бо Тоҷикистон ҷойгир шаванд ҳам, амнияти Қирғизистон ва Русияро ҳимоят хоҳанд кард”, - мегӯяд генерал Нуралишо Назаров, муовини пешини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.
Мӯҳр
Paymon
Otambaev dusti tojikon mebud , in guna harf nameguft. Agar honai hamsoya suht honai tu ham alanga megirad, behtarash kucharo tozavu ozoda, oromu osuda nigah dosht.Fikr mekunam baroi Rusiya ham in kucha purra lozim ast.

Иқдоми хандаовар. Ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон русҳоро гузоштан?

Таджики
Сархади мо точикон мустахкам аст. Мо хоки Точикистонро ба касе намедихем. Алмазбек ба корхои дохилии мо дахолат макун.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)