Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон таъсиси Кумитаи ҳарбии СААД-ро ҷонибдорӣ кард

Шоми дирӯз (20-уми декабр),Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.


Тибқи иттилои хадамоти матбуотии райисҷумҳури Тоҷикистон, ин нишаст ба солгарди 20-солагии таъсиси ИДМ бахшида шуда буд ва онро ба ҳайси роҳбари кишвари раис дар ин созмон президенти ҶТ ифтитоҳ кард. Қарор шуд, ки минбаъд раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон мегузарад. Зимнан, сарони давлатҳо зарурати рушди минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва густариши ҳамкориро дар доираи он таъкид намуданд.

Ҳамзамон, қабл аз ин райисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Маскав дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок кард. Бино ба иттилои расмӣ дар назди толори Ордени Екатеринаи муқаддас   Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои аъзои созмонро президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медеведев истиқбол гирифт. Дар ҷаласа беш аз 30 масъалаи ҳамкории амниятӣ ва ҳарбӣ-техникии кишварҳои аъзои созмон баррасӣ шуд. Сарвари ҳукумати ҶТ зарурати таъмини дастаҷамъонаи амният дар қаламрави СААД, аз ҷумла амнияти иттилоотӣ, таҳкими минбаъдаи нерўҳои муштараки зудамали созмон бо техника ва аслиҳаи муосири ҳарбӣ, мусоидат ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси сохторҳои низомию амниятии кишварҳои аъзо ва таъсиси додани Кумитаи ҳарбии созмонро дастгирӣ намуд.
Манбаъ афзуд, натиҷаи асосии ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои СААД ин аст, ки минбаъд кишварҳои аъзои он танҳо бо розигии ҳамаи давлатҳои ин созмон метавонанд, пойгоҳи низомии давлатҳои дигарро дар ҳудуди худ ҷойгир кунанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)