Бахшҳо

А.Абдуқаҳҳор: Раиси Кумита маро ба “рӯйхати сиёҳ” шомил намудааст

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, мудири Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва раиси пешини Радиои Тоҷикистон мегӯяд, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон садо ва симояшро дар телевизион мамнуъ кардааст. Ӯ ин нуктаро имрӯз, 29 июн дар сафҳаи фейсбукаш таъкид намудааст.

Ҷаноби Абдуқаҳҳор дар посух ба суоли корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди далоили баромад накарданаш дар телевизионҳои Тоҷикистон ва рӯй оварданаш ба интернету маҷаллаҳо гуфтааст: “Вақтҳои охир баъзеҳо суол медиҳанд, ки чаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаҳо вақтҳои охир бештар менависию дар радиотелевизион намебинему намешунавем. Ҷавобашро ҳоло мегӯям. Раиси Кумитаи ТВ ва Радио садову симоямро баставу дар "рӯйхати сиёҳ" шомилам намудааст, ростӣ сабабашро худам ҳам намедонам”.

Иддаои Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар мавриди шомили “рӯйхати сиёҳ” буданаш дар ҳолест, ки ӯро ҳамчун ровии маъруф мешиносанд ва собиқаи 15-солаи кор дар телевизионро дорад. Дар гузашта 5 сол директори Радиои Тоҷикистон ҳам буд ва 2 сол ба ҳайси раҳбари "ТВ Пойтахт" фаъолият кардааст. Барои "садоқат ба Ватан ва тарғиби арзишҳои миллӣ" аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо "Ордени шараф" сарфароз гардидааст.

Хабаргузории “Озодагон” дар сурати дастрас намудани назари Маҳмадсаид Пирзода, раиси Кумитаи телевизион ва радио дар ин бора, онро пешниҳоди хонанда мекунад.
Мӯҳр
Дар руйхати сиехи боло бошед, боке нест.Мухим дар руйхати сиехи поен набошед..

Fff
Неки хаму барномаи Хамадони устод зур буд бе саброна интизори мекашидем барои тамошо кардан

Абдуқодири Абдуқаҳҳор беҳтарин нотиқ, беҳтарин диктор аст.!!! Овози форам дорад.... Ман фикр мекунам, ки агар Ҷаноби Олӣ як бор баромаду суханронии вайро бинад ҳатман раиси Кумитаи телевизион ва радио мемонадаш..... Ба ҳамин хотир дар Рӯйхати сиёҳ........

РАМ
Ункадар ровии хушгуфтор набуд, факат дар вакти баромадаш калимаи "хуб"-ро бисёр истифода мебурд. Лекин бо ин хунару гуфтораш худашро дар ягон муассисаи таълими, мактаби санчад бехтар аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)