Бахшҳо
29 июн 2017 16:07Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Модари Михаил мегӯяд, писараш дар пайи таъхиркории табибон даргузашт

Як сокини шаҳри Душанбе иддао дорад, бо далели таъхиркории табибон дар ҷарроҳии писараш, фарзандашро аз даст дод.

Тамара Кунтсевич мегӯяд, исараш – Михаили 22-соларо, ки аз дарди шикам шикоят карда, зиёд зардаҷӯш мешуд, нахуст ба беморхонаи “Истиқлол” ва баъдан ба Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ, маъруф ба “Скорый” бурд. “Дар беморхонаи “Истиқлол” гуфтанд, ки ӯ дарди куррӯда (аппендитсит) надорад. Баъди он ки ҳолаташ бадтар шуд, соати 12-и шаби 21 июн ӯро ба Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ бурдем. Аммо духтурон танҳо баъди 5 соат ӯро ҷарроҳӣ карданд”,- гуфт ӯ дар суҳбат ба “Озодагон”.

Хонум Кунтсевич афзуд, бо ин ҳол намедонад, ки писараш аз кадом беморӣ фавтидааст, зеро ба иддаои вай “духтурон ташхиси дақиқи бемории писарамро нагуфтанд. Барои ман маълум нест, ки чаро табибон бо вуҷуди он ки диданд, вазъи писарам бад аст, сари вақт ӯро ҷарроҳӣ накарданд. Ба ман гуфтанд, ки барои ҷарроҳӣ омодагӣ дидем. Илова бар ин аз ман дастхат гирифтанд, ки нисбати онҳо ягон шикоят надорам”.

Дар ҳамин ҳол, Қайюм Шариф, мудири шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ имрӯз, 29 июн дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, вақте Михаил Кунтсевичро ба беморхона оварданд, дар ҳолати шок қарор дошт ва ғадуди зери меъдааш аллакай пӯсида буд. Ҷаноби Шариф, ки мегӯяд бевосита худаш Михаилро ҳамон шаб ҷарроҳӣ кард, гуфт, дар асл беморро соати 1:30-и шаби 21 июн ба бемористон оварданд ва ҷарроҳӣ то соати 5-и субҳ довам кард: “Бемор дер ба мо муроҷиат кард ва ғадуди зери меъдааш пӯсида буд, ки 96 дарсади беморон дар ин ҳолат мефавтанд. Ман ҳамаи инро ба модараш гуфтам. Барои ҷарроҳӣ ҳатто як сомонӣ ҳам аз онҳо нагирифтаем”.

Ба гуфтаи ӯ, табибон тамоми талоши мумкинро барои наҷоти Михаил Кунтсевич кардаанд, вале пас аз се рӯз, бегоҳи 24 июн ӯ фавтид.

Тамара Кунтсевич, модари Михаил мегӯяд, писараш дар мактаби рақами 54-и пойтахт аз фанни ҷуғрофия дарс мегуфт.
Мӯҳр
мардон
табибон нигох мекунанд ки ягон хешаш биеяд бо маблаги зарури - баъд бе бемор назар мекунанд
ба чашмам дидам дар караболо -

Сухроб
Пешниход - дар хар як утокхои чаррохикунии беморхнахо камера ва дар долонхои беморхонахо мониторхо насб карда, тарики онлайн ба наздикони бемор рафти чаррохиро тавассути мониторхо нишон додан лозим.

Барои ҷарроҳӣ ҳатто як сомонӣ ҳам аз онҳо нагирифтаем!!! Бар ивази марги писараш бар ту сомонӣ диҳад?

рус будааст, ки тарсида аз ӯ пул талаб накардаанд. Агар тоҷик мешуд, "рӯи сӯхта намакоб" гуфтагӣ барин, боз 300$ дигар барои ҷарроҳӣ мегирифтанд. Боз чанд сомонии дигар барои утоқи хобу ташхисҳо.


тоҷик
Боз мехоҳед маблағ ситонед одамро куштед. Офарин аҳсан тибби муосир.

Сулаймон
Салом ба хама.
Бовар кунед хамин беморхонаи Истиклола сар аз сохтмон то ба истифода обекти номуваффақ гардидааст.
Мухтарам хукуматдорон хама нагз, ки лошахуронро чазо додед, лекин хамон маблаки кофескацияшударо гирифта баркарор кардан лозим камбудии бударро.

Дигар масьала, ки дигар аз Хитоие бояд нанолид, барои чи Точикистон асту, Хитои омада сохтмони мекунад.Ана окибати сохтмонии Точикона.

То ҳол матбуоти Русия аз ин фоҷиа хабар наёфтааст?

Сулаймон,
Яке аз шартҳои кредити(қарздиҳӣ) Хитой ҳам ҳамин аст, ки коргарҳояшон омада, дар давлати қарзгир кор мекунанд. Хитой ҳам давлатро қарздор мекунад, ҳам коргаронаш ҳамон пулро ба сифати маош гирифта, боз дубора ба Хитой равон мекунанд. Ин аст найранги кредитҳои Чин. Теъдоди ҳангуфти хитоиҳо дар ТҶ чӣ кор мекунад? Ҳамаи онҳо бо ҳамин шарт ба Тоҷикистон омадаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)