Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 12:35

Интиқоди раис аз арақи пастсифат дар ВМКБ: Аз 3 то 5 сомонӣ нарх дорад...

30 июн 2017, 09:34

Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сифати арақро дар вилоят паст арзёбӣ карда, омори марбут ба истеҳсолу муомилоти машруботро шубҳаовар хондааст.

Ин нукта дар машварати кории назди раиси ВМКБ дар бораи истеҳсолу муомилоти машруботи спиртӣ дар вилоят баррасӣ гардидааст.

Тибқи иттилоияи расмӣ аз ин ҷаласа, ки рӯзномаи "Ҷумҳурият" нашр кардааст, раиси вилоят изҳори ташвиш намудааст, ки машруботи ғайристандартӣ нисбати дигар минтақаҳо ба Бадахшон бештар ворид мегардад. Ба гуфтаи ӯ соле дар вилоят ба андозаи 11 миллион сомонӣ машруботи спиртӣ истеъмол мешавад: “Ин барои вилояте, ки наздики 200 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, маблағи калон аст. Машруботи спиртӣ ба генофонди миллат таъсири манфӣ мерасонад ва ин аз касе пӯшида нест. Имрӯз дар вилоят 300 майзадаи музмин дар қайди расмӣ қарор дорад. Боз майзадаҳои зиёде низ ҳастанд, ки аз қайд берун мондаанд. Тасаввур кунед, он насле, ки аз онҳо ба дунё меояд, чӣ гуна хоҳад буд?”

Раиси вилоят таъкид кардааст, ки дар бозорҳои шаҳр ва назди муассисаҳои таълимӣ фурӯши машрубот манъ аст, вале дар шаҳри Хоруғ ва деҳоти алоҳидаи вилоят акси инро мушоҳида мекунем: “Фурӯш бе қарори дахлдору бе литсензия ҳам ҷой дорад, ки аз назари мақомоти назоратӣ берун мондааст. Фурӯши машруботи пастсифату худсохт дар ҳамин нуқтаҳо бештар ба назар мерасад. Онҳо бо нархҳои аз 3 то 5 сомонӣ хеле бозоргиранд, вақте дар Душанбе нархи як шиша арақ аз 10 сомонӣ кам нест. Ин дар ҳолест, ки дар вилоят корхонаи истеҳсоли арақ расман вуҷуд надорад. Бо чунин зуҳурот мақомоти дахлдор ва аҳли ҷомеа бояд муборизаи беамон баранд”.

Қиличбек Қиличбеков, сардори бахши “Тоҷикстандарт” дар ВМКБ гузориш додааст, ки феълан дар шаҳри Хоруғ 15 нуқтаи махсуси фурӯши машрубот, дар ноҳияҳои Дарвоз 4, Ванҷ 5, Рӯшон 6, Шуғнон 8, Роштқалъа 6, Ишкошим 7 ва Мурғоб 4 нуқтаи фурӯши машруботи дорои иҷозатнома амал мекунанд: “Масъулин дар 4 моҳи соли равон 276 намунаи машрубот ба миқдори 11 ҳазору 604 литрро санҷида, маълум кардаанд, ки аз он 82 намуд дар ҳаҷми 3 ҳазору 561 литр ғайристандартӣ мебошад”.

Шодихон Ҷамшед аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки гузориши сардори раёсати “Тоҷикстандарт”-и ВМКБ ба ҳисоботи мақомоти андоз, гумрук ва дигар сохторҳои дахлдори вилоят мувофиқ намеоянд: “Ин ҳолат боиси кам шудани бовариву эътибор ба ин гузоришҳо мегардад”.

Раиси ВМКБ масъулинро муваззаф намудааст, ки назоратро дар самти мазкур пурзӯр намоянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Шоди

  • 30 июн 2017 10:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба хар хол арак аз наркотик хубтар аст не ..
Посух додан
  • Олуча

  • 30 июн 2017 10:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рости гап мардуми ВМКБ аракнуши ашадди хастанд. Барои хамин водкахои бесифати арзонро ба вилоят кочок мекунанд ва медонанд ки талабот дар сатхи баланд. Охирхои солхои 91 ва огози соли 92 фарде аз Хоруг ба кабулгохи Рахмон Набиев занг зада мегуяд ки аро рахмон набиевич ин чи гапаст ки дар Хоруг шароб несто срочно ду се мошин шароб фирист.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Раис худаш мегуяд ки миллатро ба генофонди миллат таъсири манфӣ мерасонад хуб ҳаминро ки медонед барои чӣ истеҳсолаш мекунед? Хуб ягон маҳсулоти хуб истеҳсол кунед намешавад?
Посух додан
  • назар

  • 3 июл 2017 04:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зодаи Бадахшонам . Намегуям ки мардуми Бадахшон арака кам менушанд. Лекин ман худам Худо ба шукур эминам аз ин одати бад. Хаел кардам дар шахр Душанбе арака кам мехуранд вале хаелам галат баромад . Пеши чои корамон дар 9км дар иди рамазон саргарми аракхури буданд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!