Бахшҳо

Барканории сардори Шӯъбае, ки лейтинанти калон Марям Шарифзода кор мекард

Сардори Шӯъбаи маркази иттилоотии қисми минтақаии РКД дар вилояти Хатлон аз вазифа барканор шудааст. Қаблан, дар бораи аз вазифа сабукдуш шудани як корманди дигари ин шӯъба -- лейтинанти калон Марям Шарифзода хабар расида буд. Хонум Шарифзода нафарест, ки шаби 16 майи соли равон дар атрофи манзили зисташ мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта буд.

Як манбаъ аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ба “Озодагон” гуфт, майор Сафаров ҳанӯз замони дар беморхона қарор доштани Марям Шарифзода аз кор озод шуда буд. Ӯ далели барканории Сафаровро “бемасъулиятии зердасташ” унвон кард. Худи майор дар як тамоси телефонӣ тасдиқ кард, ки аз вазифа сабукдуш гардидааст, аммо аз шарҳи бештар худдорӣ намуд.

Лейтинанти калон Марям Шарифзода 17 май вақте дар беморхона қарор дошт, ба “Озодагон” гуфта буд, тахминан соатҳои 20:30-и шаби 16 май замоне, ки барои пур кардани тавозуни телефонаш аз хона, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ берун шуд, мавриди латту кӯб қарор гирифт. Ба иттилои вай, нахуст бо мушт ба шикамаш заданд. Ӯ аз ҳамлавар як марди қоматбаланд ва бо риши миёна тавсиф кард ва гуфт, вақте баланд фарёд зад, вай ва ҳамроҳи дигараш фирор карданд. Табибони Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Кӯлоб он замон ба “Озодагон” гуфтанд, дар ӯ осеби пушидаи девораи пеши шикам, латхӯрии бофтаҳои пеши шикам, харошаҳои сеяки мобайни оринҷи дасти чап ва латхӯрии соқи пойи чапро сабт кардаанд.

Аммо ахиран хабари аз вазифа барканор шудани ӯ расонаӣ шуд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 13 июн дар суҳбат бо “Озодагон” далели барканории хонум Шарифзодаро “вайрон кардани интизомӣ хизматӣ” гуфт. Ӯ шарҳ надод, ки лейтинанти 24-сола кай ва чӣ гуна интизоми хизматиро нақз кардааст, аммо афзуд, ҳоло додситонӣ дар ин робита санҷиш мегузаронад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)