Бахшҳо

Исломшиноси № 1 гуфт, Э.Раҳмон сифати таваккул ба Худо карданро дорад

Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Тоҷикистон Ваҳдати миллиро ба баррасӣ гирифта, изҳор доштааст, ки дар сулҳи деринтизор ва ваҳдати миллии тоҷикон чанд омили ҳалкунанда ҷойгоҳи калидӣ доштанд.

Тибқи матлаби таҳиякардаи Баротзода, ки хабаргузории “Ховар” нашр намудааст, аз ҷумлаи омилҳои калидӣ хотима додан ба раванди зуд-зуд ивазшавии роҳбари аввал буд: “Якум, ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон. Ин интихоб ба раванди ҳар лаҳза тағйирёбандаи сиёсӣ ва амалияи зуд-зуд иваз кардани роҳбари аввали ҷумҳурӣ хотима бахшид”.

Ба гуфтаи исломшинос дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон “дар баробари ормонҳои умумимиллӣ орзуву умеди ҳамон манотиқи ҷуғрофии Тоҷикистон таҷассум ёфта буд, ки ба сабаби нооромиҳо нисбат ба сокинони шаҳру ноҳияҳои дигар бештар зарари иқтисодию молиявӣ ва маънавию равонӣ дида буданд”.

Дувум ба навиштаи Баротзода “бояд дуруст фаҳмида шавад, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати қонунии Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои мухолифин ба имзо расидааст. Бартарӣ додан ба амалкарди фавқулодаи ин ё он гурӯҳ ва ҳизби алоҳидаи сиёсӣ дар баргузории давраҳои музокирот аз рӯи адолат, ақлу мантиқ ва одобу инсоф нахоҳад буд. Ва ҳеҷ ниҳоди ҷамъиятию сиёсӣ ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки ин дастоварди умумимиллиро натиҷаи фаъолияти маҳдуди худ биҳисобад”.

Омили сеюмро директори Маркази исломшиносӣ сифатҳои шахсии Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кардааст: “Ҳеҷ кас дар он вақт барои пешгӯӣ кардани ояндаи Тоҷикистон ҷуръат намекард. Вале боварӣ ба мардум ва иродаи дар муҳити хизмати неруҳои баҳрӣ обутобёфтаи Эмомалӣ Раҳмон сифатҳои таҳаммулпазирӣ, мушкилнописандӣ, масъулиятшиносӣ ва таваккул бар Худо карданро дар шахсияти ӯ гӯё барои уқдакушоии ҳамин муаммои таърихи навтарини миллат захира карда буд. Ӯ на танҳо тавонист, ки гурӯҳи ҳамфикрони созандаи худро дар ҳайати роҳбарии сиёсии кишвар ташкил намояд, балки аз байни анбуҳи неруҳои мухолифин низ ақаллияти конструктивиро пайдо кард ва онҳоро ба ҳамкории ҷиддӣ сафарбар намуд”.

Ӯ афзудааст, ки чорум, суннати миллии гузашт ва афв кардани ҳамдигар дар фарҳанги мардумсолории ниёгони пурифтихори мо ҳам ба истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ мусоидат кард: “Дар натиҷа, дастоварди муқаддастарини ин марҳалаи таърихии миллат, яъне Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор шуд, эҳсоси худшиносӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон боло рафт ва дар ниҳояти кор фалсафаи ирфонии «сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ» дар баландиҳои осмони софу беғубори Ватани аҷдодӣ ошён гузошт. Фарҳанги ваҳдати миллӣ имрӯз ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу субот бояд рисолати сиёсию иҷтимоии худро бори дигар ба маърази кору пайкори созанда барорад ва аз нигоҳи илмию назариявӣ собит намояд, ки стратегияи рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуи беш аз ҳазор сол дар замири поки ниёгони пурифтихорамон нуҳуфта аст ва ба ҷуз он чизи дигаре нест. Насли ҷавони мо бояд аз ин воқеияти таърихи навтарини миллати мо огоҳ бошад, ба қадру манзалати соҳибихтиёрӣ ва истиқлолият бирасад ва чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад”.
Мӯҳр
"иродаи дар муҳити хизмати неруҳои баҳрӣ ", яъне худаш чизе гап, домулло Файзулло Барротзода.

"сифати таваккул кардан ба Худоро дорад" Ин ибора тамоман нофахмо аст. Ин чумламандиро аз эронихо гирифтед ё аз афгонхо? Вакте дар бораи сулхи точикон менависед, новобаста аз оне киро тавсиф мекунед, хатман бояд номи неки Евгений Примаков -шогирди Бобочон Гафуров ва Ахмадшохи Масъудро ёд кард, Ин савоб аст, зеро бидуни ин ШАХСИЯТХОИ БУЗУРГ точикон ба ин наздики сари як дастархон аменишастанд..... Чошон чанат бод!

Somon
Dar khotir doram muhtaram Ozodagon 1 marotiba az Shumo khohish akrda budam ki hami shakhsro fahmed ki kadom donishgohro khatm kardaast ??? Javob nadoden.

Закариёи Рози
Аку насиб бошад соли дига ПАЙГАМБАРАШ эьлон мекунед чи?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)