Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 ноябр 2017, 10:38

Русия иҷораи машқгоҳи Қазоқистонро қатъ кард

3 июл 2017, 11:01

Президенти Русия Владимир Путин созишномаеро, ки миёнаҳои солҳои 1990 дар бораи иҷораи машқгоҳи Эмба бо ҷониби Қазоқистон баста шуда буд, бекор кард. Дар пайи бекор кардани созишнома бештар аз 300 ҳазор гектар замин, ки аз сӯи низомиёни рус истифода мешуд, ба Қазоқистон баргардонида мешавад.

Ҳамзамон, ҳамаи амволи манқулу ғайриманқули ин ҳудуд ба ихтиёри Қазоқистон медарояд. Дар машқгоҳи мазкур озмоиши маҷмааи мушакӣ, зиддимушакӣ ва инчунин машқҳои низомӣ сурат мегирифт.

Ба иттилои хабаргузории РИА Новости, қатъи иҷораи машқгоҳ ба Русия имкон медиҳад, ки ҳамасола садҳо ҳазор долларро сарфа кунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар Русия дивизияи 201ашро аз Тоҷикистон бозмехонд, чанд миллион рубли дигар сарфа мекард. Ин дивизия барои истиқлолияти комили Тоҷикистон хатари ҷиддӣ аст. Русия дар вақти дилхоҳаш метавонад тавассути ин артишаш ба умури дохилии кишвари мо дахолат кунад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!