Бахшҳо

Р.Эмомалӣ ба писари Шарифхон Самӣ мансаби нав дод

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо имзои як қарор муассисаи нави давлатии «Маркази хизматрасонии Обшорон»-ро таъсис додааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Рустами Эмомалӣ қарор кардааст, ки Самиев Муродҷон Шарифхонович директори Муассисаи давлатии «Маркази хизматрасонии Обшорон» таъин карда шавад: “Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр маблағгузорӣ намудани фаъолияти муассисаи мазкурро дар соли 2017 таъмин намуда, ҳангоми таҳияи буҷети солҳои минбаъда маблағҳои заруриро барои нигоҳдошти муассиса пешбинӣ намояд”.

Шаҳрдори Душанбе қарори мазкурро барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи пойтахт пешниҳод намудаст.

Рустами Эмомалӣ маркази нави истироҳатии "Обшорон" - калонтарин Аквапарк дар мамлакатро 19-уми июн ба истифоад дод: “Маркази мазкур аз маҷмааҳои истироҳатӣ, ҳафт ҳавзи аквапарк ва шиноварию ландшафтӣ бо фаввораҳои дорои тасвирҳои гуногун, 14 адад аттраксионҳои беназири обӣ ҳам барои калонсолон ва ҳам кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушӣ дар об иборат буда, бо харҷи 63 миллиону 628 ҳазору 532 сомонӣ бунёд гардидааст. Он дар як вақт ба беш аз 300 нафар мизоҷон хизмат мерасонад”.

Рустами Эмомалӣ дар пайи шиносоӣ бо шароити мавҷудаи истироҳату фароғат дар аквапарк, барои ташкили хизматрасонии сифатан хубу муосир ба мардум ва ба макони воқеии истироҳату фароғати шаҳрвандон табдил додани он супориш додааст.
Мӯҳр
Манижа
Ягон камбагалро вазифа медод, бехтар мебуд. Ун камбагал чанд камбагали дигарро сохиби кору оилахояшонро нон медод. Ана ин халкпарварй мешуд, буродаро-о-о

расул
ин ихтисосаш чи бошад??? озодагон инаша напурсиден? у оли ёши бадай ку? хамкурси ман буду

Paymon
расул,
Hamkursi tui shirin boshad , namedoni chi ihtisosu chi sinnu sol dorad?

мухочир
ягон писари камагал....кай руи фазифа меомада бошад......

Симои тоҷикона доштааст...

яРаджаб
Ягон камбагал сохиби вазифа намешавад. Писарони бойхо сохиби вазифа мешанд. Барои хамин мардуми точик бо дипломи сурх ба дигар давлатхо ба кор меранд. Дар вазирхои точик худашон шоху табашон вазир чи хеле ки метавонед халки точикро истифода бурда налогро боло бардоред. Билети тайораро баланд бардооед. Точик токат меккнад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)