Бахшҳо

Раёсати “Бозори Деҳқон”: Нотинҷӣ дар Кундуз картошкаро қимат кард...

Раёсати бозори “Деҳқон”, калонтарин таъминкунандаи Душанбе бо маҳсулоти кишоварзӣ камҳосилӣ ва нотинҷӣ дар Кундузро далели гаронии картошка-“нони дуюм”-и мардуми Тоҷикистон хонда, боз ҳам боло рафтани нархи онро аз эҳтимол дур намедонад.

Мастон Шарипов, муовини раиси бозори “Деҳқон” имрӯз, 6 июл дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, нархи як кило картошка, ки қаблан аз ҳадди 5 сомонӣ гузашта буд, феълан аз 3,5 то 4,5 сомонӣ нарх дорад: “Тобистони соли гузашта, маҳз ҳамин рӯз, 6 июл арзиши як кило картошка 1 сомониву 30 дирамро ташкил медод”.

Масуълини бозори “Деҳқон” далели гаронии картошкаро камҳосилӣ дар Тоҷикистон ва коҳиши воридот аз Покистон арзёбӣ карданд. Ба гуфтаи Мастон Шарипов нотинҷӣ дар вилояти Кундуз боиси коҳиши воридоти картошка аз Покистон шудааст: “Як моҳ пеш ҳамагӣ 3 мошин картошка ворид шуд, ҳоло картошка танҳо аз дохили кишвар мебошад”.

Ноиби раиси бозори “Деҳқон” афзуд, ки феълан минтақаи Қӯрғонтеппа таъминкунандаи пойтахт бо картошка мебошад: “Айни ҳол пешниҳоди картошка аз ин минтақа дар ҳоли анҷомёбист. Пас аз ин ноҳияҳои тобеи кишвар маҳсулоти худро ба фурӯш мебароранд. Агар кишти ноҳияҳои тобеъ низ ба мисли Қӯрғонтеппа бошад, арзиши картошка боло мераваду поин не. Дигар ягон манбаи воридот нест. Интизор мешавем ноҳияи Рашт, Мастчоҳ, Ғончӣ ва Истаравшанро...”.

Ба гуфтаи ноиби раиси “Деҳқон” дар бозори мазкур нозири махсус нархҳоро назорат мекунад: “Баъди харид аз деҳқон савдогар метавонад ба нархи маҳсулот то 15 фисад иловапулӣ зам кунад. Аз ин 3 фоизашро барои хӯрока, либос, чек ва хизмати коммуналӣ сарф карда, 10-15 дирами боқимондаашро фурӯшанда метавонад дар рӯзгораш истифода барад”.

Дар мавриди онҳое, ки нархро худсарона боло мебаранд, Шарипов гуфт, дар ин сурат масуълини бозор маҳсулоти ӯро гирифта, ба хонаи бепарасторон медиҳанд: “Мо аз он ҷо мактуб оварда, нусха карда, яктоашро дар худ гузошта, дигариро ба соҳиби мол месупорем. Чеки бозор барои як метр аз 1,50 то 2,50 сомониро ташкил медиҳад”.

Шаҳрия, як фурӯшандаи бозори “Деҳқон” 6 июл дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, имрӯз як килло картошкаро аз 4 то 5 сомонӣ мефурӯшад: “Мо як кило картошкаро аз деҳқон аз 3,60 то 3,80 сомонӣ мехарем, ки соли қаблӣ килои картошкаро ба мо деҳқон 1,30 то 1,50 сомонӣ мефурухт”.

Далер, деҳқоне аз шаҳри Ваҳдат мегӯяд, майдонҳои кишти картошка соли равон ҳосили кам доданд: “Аз 20 ҳисса ҳамагӣ 15 халта картошка гирифтем. Соли гузашта наздики 40 халта картошка гирифта будам”.

Ин дар ҳолест, ки гаронии нархи картошка сокинони пойтахтро нигарон кардааст. Шаҳрванд Салимшо Зубайдов мегӯяд, мардум тавони хариди гӯштро надоранд ва аксаран аз картошка истифода мебаранд: “Ба таври мисол ман дар як ҳафта то 10 кило картошка ҳам харидорӣ мекунам, ки ин бароям хеле гарон мебошад. Илова бар ин дар ҷое кори доимӣ надорам”.
Мӯҳр
Фарид
Порсол раиси шахри Душанбе Убайлулоев буд картошка 1,5 сомони буд, вале харруз ТВ-хои давлати ун бечораро танкид мекарданд! Имсол картошка 4,5 ва хатто 5 сомонист, вале ТВ-хои давлати ба дахон об гирифта хоббанд! Намедонам аз чи бошад, ки расонахои гайридавлатихам ин "пешравихои" раиси нави шахрро нодида мегиранд?!

салом! 1-2 руз пеш ба бозои саховат рафтам дар болои ҳамон маҳсулотҳо як банд ҳасту дар ҳамон банд нархи маҳсулотҳо гузошта шудааст нигоҳ кардам ки пиёз 3с,50дирам навишта шуда буд гуфтам апаҷон ин нарх рост мегуяд гуфт не хуб гуфтам чанд аст нархи пиёз гуфт 4с !

Сафи
То дар Кундуз тинчи нашавад, аз картошкахури даст мекашем.

Бародари азиз Фарид ба лафзи точикии фахмо Далели гаронии картошкаро камҳосилӣ дар Тоҷикистон ва коҳиши воридот аз Покистон арзёбӣ карданд гуфта фахмондаанд. Аз раиси шахри Душанбе ин нархо вобастаги надорад.

Дар нохияи яйни хама заминхоро мардум алафи чорво кищт кардаанд. Аммо имрузҳо кабудиро хатто аз бозор мехаран.
Раиси нохия ба кучо менигарад.

Дар мавриди онҳое, ки нархро худсарона боло мебаранд, Шарипов гуфт, дар ин сурат масуълини бозор маҳсулоти ӯро гирифта, ба хонаи бепарасторон медиҳанд. )))))) Лахзахои гуворо хам хамин кадар мешад! КОНУН чи мегуяд, чаноби Шарипов? Дахолат ба фаъолияти сохибкори манъ аст. Пас, дар кадом АСОС шумо ба бори сохибкор ихтиёрдори мекунед? Ба фикрам, "айб дар Кундуз" нест, балки дар бесалохиятии акарияти муттасадиёни сохаи савдою кищоварзи мебошад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)