Бахшҳо

Таъхири парвози “Сомон Эйр” ду паҳлавони тоҷикро аз мусобиқа маҳрум кард

Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов бо далели таъхири парвози ҳавопаймо натавонистаанд ба мусобиқаи Ҷоми Осиё бираванд. Ин сабқат дар шаҳри Тайбэй баргузор мешавад.


Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” дар хатсайри Душанбе-Дубай бо таъхири 9-соата ба ҳаво хест: “Парвоз бояд соати 17:00-и 5 июл сурат мегирифт, аммо ҳавопаймо соати 02:00-и 6 июл парвоз кард. Парвози хатсайри Дубай-Тайбэй, ки варзишгарони мо тавассути он парвоз мекарданд, соати 3:00 дар нақша буд”.

Комроншоҳи Устопириён дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, чун инҷо дар парвоз таъхир шуд ва аллакай аз ҳавопаймои хатсайри Дубай-Тайбэй дер монданд, тасмим шуд, парвоз накунанд. Саидҷалол Саидов, паҳлавони дигари тоҷик ҳам мегӯяд, онҳо маҷбур шуданд, чиптаҳои худро баргардонда ва маблағҳояшонро бозпас бигиранд. Ӯ гуфт, далели таъхир дар парвозро масъулини ширкат “сабабҳои техникӣ” гуфтаанд. Дар ҳамин ҳол, аз дафтари матбуоти ширкати “Сомон Эйр” ба “Озодагон” гуфтанд, сабаби таъхирро баъдтар эълон хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Комроншоҳ ва Саидҷалол барои иштирок дар мусобиқаи Ҷоми Осиё беш аз чил рӯз омодагӣ гирифта буданд: “Ин мусобиқа барои мо хело муҳим буд. Дар сурати пирӯзӣ соҳиби 100 имтиёз мешудем, ки роҳро барои иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2020 боз мекунад”.

Мусобиқаи Ҷоми Осиё барои дарёфти холҳои олимпӣ дар шаҳри Тайбэйи Чин шанбеи 8 июл шурӯъ мешавад, аммо раванди дарёфти муҷаввиз барои иштирок ва мураттаб намудани санадҳо аз 6 июл оғоз мешавад. Қарор буд, Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кило ва Саидҷалол Саидов дар вазни 100 кило ҳунарнамоӣ кунанд.
Мӯҳр
чабдида
Инчо сабаб танхо як чиз аст-ноухдабарой!!! Дар кишвархои дигар чунин ширкатро ба додгох мекашанд? Дар мо чи? агар шикоят куни хабсат мекунанд! Ман низ мебоист бо хамин ширкати Сомон эйр ба Сочи сафар мекардам, аммо тахири 10 соати парвоз барномаи сафари якрузаи маро барбод дод. Дар дили шаб ба Сочи расидам ва дар фурудгох хобкарда, субхидам сафарамро идома додам! Минбад хар нафаре, ки сафар дорад бояд накшахояшро бо ширкати Сомон эйр хамоханг кунад ва зери навои рохбарони ин ширкат бираксад! чароки ба чуз раксидан дигар чорае надорем- ино бачахои боло е бало!!

Саид
Аз руй устави хамин ширкат хам чуборонпули муайян шудааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)