Бахшҳо

Нашри акси муттаҳамон дар дуздӣ ҳангоми сӯхтори “Корвон” (АКС)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон акси афродеро, ки дар дуздии моли тоҷирони бозори “Корвон” ҳангоми сӯхтор муттаҳам мешаванд, нашр кардааст.

Тибқи гузориши ВКД, миёни боздоштшудаҳо, ки беш аз 10 нафарро ташкил медиҳанд, аз ҷумла ноболиғон низ мебошанд. ВКД аз бепарвоии бархе волидон интиқод кардааст, ки шабона дар куҷо гаштани фарзандони ноболиғашонро назорат намекунанд: “Гурӯҳи ҷавонону ноболиғон ба ҷои кӯмак, ба дуздии молу ашёи тоҷирон даст зада, ба онҳо зарари махсусан калони пулӣ расонидаанд”.

Ба иттилои манбаъ, аз боздоштшудагон моли дуздида ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира гардид.

ВКД зикр кард, ки сӯхтори шоми 2 июл дар бозори Корвон дар пайи расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ сар зада буд ва масоҳати 480 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Ба иттилои ин ниҳод, сӯхтор соати 20:03 ба амал омада, дар натиҷа 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдо зарар дидаанд: “Ба ҷои ҳодиса 28 адад автомашинаҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва зиёда аз 2000 нафар ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар карда шуданд”.

Тоҷирони бозор мегӯянд, сӯхтор аз дарвозаи шашум, ҷойе ки либосу пойафзол фурӯхта мешавад, шурӯъ шуда буд. Тоҷирон, ки дар пайи сӯхтори шоми 2 июл хисорот дидаанд, ду сол аз пардохти хароҷотҳои бозор озод гардиданд.


Нашри акси муттаҳамон дар дуздӣ ҳангоми сӯхтори “Корвон” (АКС)

Нашри акси муттаҳамон дар дуздӣ ҳангоми сӯхтори “Корвон” (АКС)

Нашри акси муттаҳамон дар дуздӣ ҳангоми сӯхтори “Корвон” (АКС)
Мӯҳр
некном
Сад афсус. И мутахамхо аз Худо наметарсан.

гарени
садаф
падару модаронашон ба чавобгари кашида шаванд.

Аз ВКД хохиш дорам , ки ин дуздонро пурсупоси касби гузаронанд. Шояд инхоям ягон фармондехон дошта бошанд. Бо рохи ташкили оташсузи фоида ба даст меоранд... Худованд лаънататон кунад.... ба чои ёрдам кардан дузди мекунед..

Дар бозорҳо сӯхтор худ ба худ ба вуҷуд намеояд. Онро ана барои ҳамин дуздиҳо ташкил мекунанд.

E Xa tojika bined-da?! Ba alov raftani molash rozivu ba yak kambagali tojik dodanashro ne. O dar otash mesuxtaast mailash budaast, fakat ba digar kas narasad shud. In idaoi tojikona latifai dar asl budaro ba xotiram ovard. Dar moskva dar daruni 2 havlii judogona bo devorhoi baland jinoyatkorhoro maxkam karda budand. Dar havlii 1 tojikhoi nelegal va dar havlii 2 chechenho. Sardori milisa Boloi zabori havlii chechenho ki hamagi 4 nafar budand 20 oxrana mondu boloi zabori havlii tojikho ki az 300 nafar ziyod budand fakat 1 oxrana. Oxrani javon az in kor dar taajjub mondu az sardor sabab pursid. Sardor guft Boloi chechenho 20 nafar oxran mondam az on sabab ki in 4 nafar metavonand ba hamdigar yordam kunandu yagon nafarashonro gurezonand. Dar havlii 2 baroi tojikhi oxrana mondan Ham shart nest , chun agar tojike ba boloi devor baromada gurextani shavad 10 tojiki digar az poyash medorand to nagurezad. Digar tojikho dodu faryod mezanandu oxranahoro faryod mekunand to bioyad ki tojike gurextanist. Chun in mardum hej goh ba hamdigar yordam namekunand, tayorand ki kushta shavand ammo nameguzorand ki yak tojik gurezadu tojiki digar monad. Ammo chechenho boshad baraks tayorand ki kushta shavand agar tavonand, ki checheni digarro gurezonand. Hakikatan ham mentaliteti Tojik ajoib....

Вой бар холатон бачои дасти ёри дароз кардан аз фурсат истифода мебаред худобехабархо бас кунед дар ин умри кутох аз Аллохи бузург тарсед ин хама кирдору рафтори дар охирад пурсида хохад шуд ба худ биёед...... Шармандаги!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!1

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)