Бахшҳо

Суҳбат бо Амруллоҳ Солеҳ: Аз омадани Ҳикматёр ба Афғонистон то дидор бо таксирон баъди 17 сол дар Душанбе

Амруллоҳ Солеҳ, раиси пешини амнияти миллии Афғонистон ва бунёдгузори ҳаракати “Раванди сабз” аз сиёсатмадорони саршиноси он кишвар аст. Оқои Солеҳ ахиран ҷиҳати иштирок дар конфронси тарвиҷи ҳамгироӣ ё “CAMCA forum-2017” ба Душанбе омад. Дар ҳошияи ин конфронс хабарнигори мустақил Сайф Сафар бо ӯ суҳбате анҷом дод.

“МО БАРХОСТА АЗ ПОЙГОҲИ МУҚОВИМАТИ ЗИДДИТОЛИБОН ВА ПАЙРАВОНИ АҲМАДШОҲ МАСЪУД БУДЕМУ ҲАСТЕМ”

Сайф Сафар: Оқои Солеҳ, биёед суҳбатро аз ин оғоз кунем, ки Шумо чанд муддат қабл аз симмати вазири давлат дар ислоҳоти амниятӣ истеъфо додед. Дар замони ҳукумати Карзай низ аз симмати раиси амнияти миллӣ истеъфо дода будед. Ин истеъфо доданҳоро чӣ гуна тавзеҳ медиҳед?

Амруллоҳ Солеҳ:
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон. Вақте аз ҳукумати оқои Карзай истеъфо додам, далоилашро бисёр возеҳ гуфтам. Онҳо ҳолатро қисме сохта буданд ва бо “Толибон” созиши номаъқул мехостанд анҷом бидиҳанд. Номаъқул ба он маънӣ, ки мардуми Афғонистон он замон ҳам зидди “Толибон” буданд ва ҳоло ҳам зидди онҳоянд. “Толибон” як гуруҳи шӯришгар ва террористӣ ҳастанд ва вақте бо онҳо созиш мекунем, бояд ин созиш як маъқулият дошта бошад. Мо набояд ба онҳо имтиёзоти бузургеро фароҳам бисозем ё пешниҳод кунем. Ё бо онҳо аз роҳи тазарӯъ ё хоҳишоти нарм пеш биравем. Он вақт оқои Карзай фазо ва ҳолати сиёсиро дар Афғонистон мутаассифона матрук сохт. Сиёҳ сохт. “Толибон”-ро бародар хонду гуфт, инҳо фарзандони ҳамин хоканд ва ман бо инҳо созиш мекунам. Чун мо бархоста аз як ҳавзаи зиддитолибонӣ будем ва гузаштаи мо мубориза зидди терроризму “Толибон” буд, бо он ҳадду ҳудуд ва имтиёзоте, ки оқои Карзай ба “Толибон” медод, мувофиқ набудам. Равобити мо тира шуда буд. Имконоти кор дигар вуҷуд надошт. Мо бархоста аз пойгоҳи муқовимати зиддитолибон ва пайравони Аҳмадшоҳ Масъуд будему ҳастем. Далоили он замонро ман бисёр возеҳ ва ошкор баён намудам. Ин замон, ки чаро истеъфо додам? Феълан далоилашро намехоҳам ошкор бисозам. Чун вазъи Афғонистон шикананда, осебпазир ва нозук ҳаст ва вақте ман далоилашро бармало бисозам барои ман як заминаи рушди сиёсӣ мусоид месозад, вале душманҳои Афғонистон аз он баҳра мегиранд. Ба он хотир намехоҳам сари он гап бизанам.

Сайф Сафар: Вале, замоне ки даъвати дуввумро аз Ашраф Ғанӣ пазируфтед ин андешаро надоштед, ки вазъият мисли замони Карзай шавад?

Амруллоҳ Солеҳ:
Як ҳикмати инглисист, ки мегӯяд: “Дар сиёсат будан, ҷангидан ҳаст”. Сиёсат равиши нарм нест. Мутаассифона, сахт ҳаст, хусусан дар кишвари мо. Дуввум, сиёсат ҳунари интиқод нест, ҳунари иштирок ҳаст. Ман тарҷеҳ додам, ки дар ҳунари иштирок иштирок кунам, на дар ҳунари интиқод. Онҳое, ки тамоми умр пайваста дар интиқоданд ва маҳорату тавоноӣ барои иштирок надоранд, ба назари ман сиёсатмадорони бомуҳосиба ҳадди аққал нестанд. Ман аз рафтани худ дар ҳукумати оқои Ашраф Ғанӣ пушаймон нестам. Аз чизҳоеро, ки дидам, изҳори пушаймониву таассуф намекунам, вале дар ин мақтаъи замонӣ ба далоиле, ки чаро дубора берун шудам, намепардозам.

Сайф Сафар: Афғонистон чанд рӯз пеш шоҳиди як рухдоди сиёсӣ шуд. Сиёсиюни сангинвазн амсоли Ато Муҳаммади Нур, Абдулрашид Дустум, Муҳаммад Муҳаққиқ ва Салоҳиддин Рабонӣ рафтанд Туркия ва даст болои даст аз ташкили як эътилоф хабар доданд. Назари Шумо ба ин тасмим ва ояндаи он чӣ аст?

Амруллоҳ Солеҳ:
Афғонистон бо он ки дар ҷанг ҳаст, аммо дар айни замон озодиҳои сиёсии бузурге дорад. Аз ҷумла озодиҳои сиёсии ҳаққи сохтани анҷуманҳо, эътилофҳо ва якҷошуданҳо ва ин ҳуқуқи мо дар Қонуни асосии мо гунҷонида шудааст. Ҳар замоне ки як гуруҳи сиёсӣ эҳсос мекунад, ки ҳурмате дар дастгоҳи қудрат надорад ва назариёташон нодида гирифта мешавад, ҳаққи мардуме, ки аз онҳо намояндагӣ мекунанд, талаф мешавад ба эҷоди ташакулоти сиёсӣ мутавасил мешавад. Ончи ки дар Туркия рух дод, маълум мешавад, ки як иддае аз сиёсатгузорони Афғонистон роҳҳалро дар ин мебинанд, ки берун аз ҳукумат гуруҳи сиёсӣ ташкил бикунанд ва ин ҳаққи онҳост. Аммо, оё он чи ки Шумо гуфтед сиёсатмадорҳои сангинвазне ҳастанд, он истилоҳ метавонад мавриди мунозеа бошад. Чун мо ҳанӯз таърифи меъёр бар сангинвазниро надорем, ки чӣ ҳаст. Мардуми Афғонистон ба доктор Абдуллоҳ раъй доданд ва вай ҳанӯз дар дохили ҳукумат ҳаст. Оқои ҷенерол Дустӯм ба унвони муовини раисҷумҳур ба назари ман беҳтар буд, ки ҳар мушкиле, ки доштанд, дар Афғонистон ҳал мекард. Ба як муовини раисҷумҳур ба ҳар баҳонае, ки бошад берун шудан аз дохили мардум ба назари ман нишондиҳандаи сангинвазнӣ нест. Мо далеле ки Аҳмадшоҳ Масъудро қаҳрамон мегӯем ин буд, ки зери ҳеч шароит, фишор, изтироб ва оташ по ба фирор нагузошт. Эътибороти Масъуди бузург ин буд, ки худро соҳиби мулк медонист ва як эҳсоси бисёр баланди моликият дошт. Ин аз ман ҳаст ва ман аз ин ҷойе намеравам. Ба назари ман яке аз равишҳое, ки сиёсатмадорони бовазн бояд дошта бошанд, ин ҳаст, ки даст болои даст ва ақл болои ақл вақте мегузоранд, дар дохили кишвари худ бигузоранд. Ва илло шаклдиҳии сиёсат аз беруни марзҳо ба назари ман кори бузург нест.

“ҲИКМАТЁР ЯК МУҲРАИ СӮХТА АСТ”

Сайф Сафар: Хеле кутоҳ агар бипурсем ба назар мерасад Шумо бо ин эътилоф зиёд бар сари меҳр нестед...

Амруллоҳ Солеҳ:
На хайр, ман шомили ин эътилоф нестам.

Сайф Сафар: Дар мавриди омадани Ҳикматёр ба Афғонистон чӣ мегӯед? Ин иқдом аз сӯи бархеҳо ба маънии омадани сулҳ ба Афғонистон қаламдод шуд. Дар ин маврид назари Шумо чӣ ҳаст?

Суҳбат бо Амруллоҳ Солеҳ: Аз омадани Ҳикматёр ба Афғонистон то дидор бо таксирон баъди 17 сол дар ДушанбеАмруллоҳ Солеҳ:
Ман назари бисёр мушаххас дорам. Аз назари ман Ҳикматёр як ҷинояткоре ҳаст, ки аз ҷониби ҳукумат афв шудааст, вале аз ҷониби гӯшаҳои бузурге аз мардуми Афғонистон ҳанӯз афв нашудааст. Созмоне ки ман дар раъсаш ҳастам-созмони “Раванди сабз” алайҳи Ҳикматёр додхоҳӣ дорем. 12 ҳазор инсоне, ки ба навъе аз ашкол тавасути ҷангҳои Ҳикматёр зарари шахсӣ дидаанд, ҳанӯз иқомаи даъво доранд. Назари дигари ман ин аст, ки Ҳикматёр як муҳраи сӯхта аст. То замоне, ки энержӣ дошт, дар баробари ватан ва мардуми худ ҷангид. Ҳам бар алайҳи ҳукумати Рабонӣ ҷангид ва ҳам алайҳи ҳукумати Карзай ва ду соли дигар алайҳи ҳукумати Ашраф Ғанӣ. Аслан, барои вай чизе дигар боқӣ намонда. Ҳукумати Афғонистон бо як нерӯи ҳечшуда як қиммати баланд пардохт. Ҳикматёр ҳеч шудааст, чун ҳизбаш қабл бар худаш ба прусаи сулҳ пайваста буд. Ман мухолифи сулҳ нестам. Ман мухолифи пардохтани баҳои баланд барои ҷинояткоре, ки силоҳ бар замин мегузорад, ҳастам. Мо метавонем як ҷинояткорро афв кунем, вале набояд барояш кох бидиҳем. Як ҷинояткорро метавонем бигӯем, ки аз табъид пас ба ватани худ биёяд, аммо набояд зери пояш фарши сурх бигустаронем. Ман дар иртиботи наҳваи хушомадедгӯии Ҳикматёр мухолиф будам ва ин мухолифати худро дар дохили Афғонистон бо шеваҳои демокротикаш иброз кардам.

Сайф Сафар: Афғонистон дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурӣ қарор дорад. Интихобот дар ин кишвар ҳамеша бо мавзӯи қавм гиреҳ мехӯрад. Зиёд моил нестам, ки масоили қавмӣ дар миён биёяд, вале дар бофтори Афғонистон ин чиз ногузир аст. Суол ин ҷост, ки ин бор тоҷикон рӯи кадом кондид ва чӣ имконе ҳисоб хоҳанд кард?

Амруллоҳ Солеҳ:
Ҳанӯз вақт аст, ки мо табсара кунем.

Сайф Сафар: Чун суҳбат дар мавриди интихобот шуд, ҷо дорад ба интихоботи қаблӣ баргардем. Ато Муҳаммади Нур аз онҳое, ки ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ раъй доданд ба далели ба гуфтаи худаш бароварда накардани интизороти онҳо узр хост. Шумо ҳам дар замони корзори интихоботӣ аз доктар Абдуллоҳ ҳимоят кардед. Ҳоло назари Шумо дар мавриди амалкардҳои Абдуллоҳ чӣ аст?

Амруллоҳ Солеҳ:
Оқои доктор Абдуллоҳ як сиёсатмадори пухта аст. Ман боз ҳам мегӯям, ки сиёсат танҳо интиқод нест, балки тавоноӣ ва ҳунари будан дар раванду масир ва иштирок ҳаст. Аз ҳавзаи муқовимати Афғонистон барҷастатарин шахсият дар дастгоҳи қудрату тасмимгирӣ Абдуллоҳ аст. Мо набояд доктор Абдуллоҳро заиф бисозем. Заифсозии доктор Абдуллоҳ аввалан ба нафъи Афғонистон нест. Дуввум ба нафъи ҳавзаи муқовимат нест. Ба он хотир ман касоне, ки болои Абдуллоҳ интиқод мекунанд, бо интиқоди онҳо ҳамнавоӣ ва ҳамназарӣ надорам. Ман аз доктор Абдуллоҳ ҳанӯз ҳам ҳимоят мекунам. Будани доктор Абдуллоҳро дохили ҳукумат ба нафъи Афғонистон медонам. Мувофиқатномае, ки оқои Абдуллоҳ имзо кардааст, як мувофиқатномаи таърихӣ ва сарнавиштсоз ҳаст. Агар доктор Абдуллоҳ онро татбиқ накард ё замон дар ихтиёраш набуд; бояд татбиқ шавад имрӯз татбиқ нашуд фардо мешавад.

Мо ба ивази тарвиҷи манфигароӣ дар азҳон беҳтар аст, ки мардуми моро дар машваратҳо саҳм бидиҳем. Мардум равиши табодули назар дошта бошад ва масир эҷод кунад. Гоҳе вақт ҳам иҷоза бидиҳем, ки мардум ба мо масир эҷод кунад. Бояд эътиқод ба ин надошта бошем, ки тамоми ақлҳо дар як сар мегунҷанд. Ин равиши дурусте нест. Ман тарафдори ин ҳастам, ки доктор Абдуллоҳ тақвият шавад, таҳким шавад ва пеш биравад. Агар мо тасмиме дорем барои баргард аз кампи доктор Абдуллоҳ бигзорем, ки мавқеъ мусоид шавад ва мардум раъй ва ҳимояти худро аз каси дигаре таборуз бидиҳад. Вале, акнун ман намояндаи ҳавзаи муқовимат зидди “Толибон” ва ҳавзаи адолат дар Афғонистон дар дастгоҳи қудрат доктор Абдуллоҳро мебинам.

“ДОИШ ДАР ШАРҚИ АФҒОНИСТОН ЯК ДОСТОНИ ТАҚАЛЛУБИСТ”

Сайф Сафар: Гуфтед сиёсат иштирок ва ҳунар аст. Дар ҳамин чанд муддат ҳунари доктор Абдуллоҳро дар иштироки сиёсат чӣ гуна мебинед?

Амруллоҳ Солеҳ:
Абдуллоҳ тавонист, ки бар иловаи нишон додани як ҳавсаламандии бузург аз худ як давлатмадори бузург нишон бидиҳад. Болояш ду-се бор ҳамла сурат гирифт, аммо аз эҳсосот кор нагирифт. Мардумро ба ваҳдат, ҳамдилӣ ва ҳамсӯӣ даъват мекард. Ҳар боре, ки болои доктор Абдуллоҳ ҳамла сурат мегирифт, мӯъҷизаосо зинда монд. Ҳеч касе масъулиятро ба дӯш нагирифт. Доктор Абдуллоҳ метавонист ҳарифҳои худро дар азҳон мутаҳҳам кунад. Метавонист Афғонистонро тарафи партгоҳи ҷанги дохилӣ бубарад. Накард. Кори хуб кард. Ин як. Дуввум ин ки аз Афғонистон дар дунёи берун хуб намояндагӣ кард. Саввум, бо мардум васл ҳаст. Ҳарфҳоро мешунавад. Интиқодҳоро мешунавад. Ба мардум посух медиҳад. Ман каме мехоҳам мавзӯъро шахсӣ ҳам бисозам. Доктор Абдуллоҳ касест, ки дар тамоми дафтарҳояш тасвири қаҳрамони миллии Афғонистон ба намоиш гузошта шудааст. Аз дӯстиву ҳамсангарӣ бо ӯ фахр мекунад. Ёдаш нарафта. Робитаи Абдуллоҳ ва Масъуди бузург шабоҳатҳои зиёде ба робитаи Кастро ва Че Гевара дорад. Ба он хотир мо бояд аз ин қадрдонӣ кунем. Бо гузашти 17 сол аз набуди Аҳмадшоҳ Масъуд ҳанӯз ёду хотироти ӯро дар корномаҳо ва рӯзмаррагиҳои худ зинда нигаҳ доштааст. Дар зимн бо тамоми ёрони Аҳмадшоҳ Масъуд робитаи фардӣ ва сиёсӣ дорад. Ин кори осоне нест. Оқои Абдуллоҳ бо гуруҳҳое созиш кард дар Афғонистон, ки онҳо дар гузашта душманони Аҳмадшоҳ Масъуд буданд. Вале, дар он созиш ҷойгоҳи Аҳмадшоҳ Масъудро дар сиёсатҳои худ кӯчак насохт, балки дигаронро зери чатри афкори Масъуд овард. Ин як ҳунари бузург буд. Бо он хотир ман доктор Абдуллоҳро як сиёсатмадори обдида ва пухта медонам. Ҳаводис наметавонад тафакури сиёсӣ ва пояашро заиф бисозад.

Сайф Сафар: Амрико чанд сол аст, ки дар Афғонисон алайҳи “Толибон” мубориза мебарад. Ҳоло мебинем “Толибон” гум нашуданд, ки ДОИШ ҳам ҳузур пайдо кард...

Амруллоҳ Солеҳ:
ДОИШ дар Афғонистон нест...

Сайф Сафар: Расонаҳои Афғонистон борҳо аз ҳузури ин гуруҳ аз қавли мақомот менавиштанд...

Амруллоҳ Солеҳ:
ДОИШ дар шарқи Афғонистон як достони тақаллубист, ки покистониҳо эҷод кардаанд. Вале, ДОИШ ба мафҳуми ДОИШи вафодор ба “Давлати исломии Ироқ ва Шом” ва ба унвони як ташакули бо раҳбар вуҷуд надорад. ДОИШи дурӯғин аст.

Сайф Сафар: Хуб, ба қисмати аввали суолам бармегардам. Амрико чанд сол ҳаст мубориза мебарад, вале “Толибон” ҳанӯз ҳастанд. Ин ба маънии муваффақ нашудани Амрико нест?

Амруллоҳ Солеҳ:
Дақиқ ҳаст!

Сайф Сафар: Ин гуфтаҳо ҳам матраҳ ҳастанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо шумули Амрико аз ҷанг дар Афғонистон манфиатдоранд. Воқеан чунин аст?

Амруллоҳ Солеҳ:
Ман субути ҳамчунинӣ надорам.

Сайф Сафар: Шумо муассиси “Раванди сабз” ҳастед. Дағдағи ин раванд чӣ ҳаст?

Суҳбат бо Амруллоҳ Солеҳ: Аз омадани Ҳикматёр ба Афғонистон то дидор бо таксирон баъди 17 сол дар ДушанбеАмруллоҳ Солеҳ:
Мо дар меҳвари 3 ҳадафи бисёр мушаххас мубориза мебарем. Ҳадафи аввали мо муборизаи фикрӣ бо ифротиён аст. Бо онҳое, ки ҷомеаро аз номи мазҳаб родикол месозанд. Хашан месозанд. Ману ту эҷод мекунанд ва худро соҳиби биҳишт ҳисоб мекунанд. Биҳишт мулкияти Худо ҳаст. Биҳишт мулкияти Толиб, ДОИШ, Ваҳҳобӣ ва шиаъву суннӣ нест. Биҳишт хонаи паштуну тоҷик нест. Он ҷойест, ки Худо эҷод кардааст ва калиди биҳишт дар дасти Худост. Ҳар одаме, ки дар Афғонистон муддаӣ бошад, ки калиди биҳишт дар дасташ ҳаст, мо бо ӯ мубориза мебарем. Меҳвари дуввуми мубориза - мо як созмони адолатпарвар ҳастем. Бо беадолатиҳо мубориза мебарем. Меҳвари саввум ин ки мо як созмони ҷавонпарвар ҳастем. Болотар аз 90 дарсад аз аъзои мо ҷавононро ташкил медиҳад. Касҳое, ки донишгоҳ мехонанд. Ҳатто дар поини донишгоҳ қарор доранд. Мо бо онҳое кор мекунем, ки зери таъсири афкори касоне, ки худро молики Худову биҳишту дин таллақӣ мекунанд, нараванд. Мо мусулмон ҳастем. Ба зиндагии баъд аз марг ақида дорем. Ба Худо, ба Пайғамбар, ба Қуръон ақида дорем. Вале, ақида ба ин надорем, ки як муллои таълимдида тавасути Покистон калиди биҳиштро дар ихтиёр дошта бошад ва бигӯяд, ки киҳоро иҷоза медиҳад ва киҳо не. Ва аз ин ном зулм кунанд. Мо бо ин раванд дар кишвари мо мубориза мекунем.

Сайф Сафар: Шумо дар замони ҷиҳоду муқовимат дар Сафорати Афғонистон дар Душанбе қарор доштед. Масъулияти Шумо чӣ буд?

Амруллоҳ Солеҳ:
Ман инҷо масъулиятҳои вижа доштам. Бештар ба корҳои иттилоотӣ кор мекардам. Албатта, на дар иртиботи Тоҷикистон. Ҳамоҳангкунандаи кумакҳои башардӯстона ба соҳаи муқовимат будам. Вале, расмӣ набудам. Дар кӯчаи Бохтар зиндагӣ мекардам. Дар он замон ба номи “Минооборон” ёд мешуд. Ақиби Вазорати дифои Тоҷикистон буд. Баъд аз 16 сол, ки омадам як бор рафтам аз он кӯчае, ки зиндагӣ мекардам, дидам.

“МАН ЯКЕ АЗ АЪЗОИ ГУРУҲИ ТАМОС БА ХОТИРИ ТАТБИҚИ СУЛҲИ ТОҶИКИСТОН БУДАМ”

Сайф Сафар: Пас аз 16 сол Душанберо бо шумули кӯчаи худатон чӣ гуна дарёфтед?

Амруллоҳ Солеҳ:
Кам-кам рӯзҳои бади Тоҷикистон дар ёдам ҳаст. Дар соли 1997 доманаи ҷангҳои дохилии Тоҷикистон то фурӯдгоҳи Душанбе ҳам расида буд. Ноамн буд. Масалан он замон ноҳия Шерозӣ мегуфтанд, ки тарафи ғарби Душанбе буд, ноамн буд. Варзоб ноамн буд. Тавилдара ноамн буд. Ҳоло соаи амн дар тамоми ҷуғрофиёи Тоҷикистон паҳн шуда ва чизе ба номи ноамнӣ нест. Баъдҳо ман яке аз аъзои гуруҳи тамос ба хотири татбиқи сулҳи Тоҷикистон будам. Оқои Ян Кубиш, раиси Созмони милал дар Тоҷикистон раиси он гуруҳ буд. Мо моҳе як бор ҷаласа медоште, ки сулҳи Тоҷикисто ба куҷо расидааст. Имрӯз Тоҷикистон дағдағааш таҳкими ваҳдати миллӣ ҳаст, на таҳкими сулҳ. Чун сулҳ таъмин шудааст. Он замон ба ёдам ҳаст, ки хоҳарон, бародарони тоҷик форсии фасеҳ ё тоҷикии фасеҳ суҳбат намедонистанд. Имрӯз забон дар Тоҷикистон ба унвони як пояи давлат ва миллати мустақил фасоҳат пайдо кардааст. Шиорҳои имрӯзии шуморо, ки ман мебинам, нисбат ба шиорҳои 17 сол қабл бисёр шиорҳои амиқ шудааст. Масалан, чанд ҷойе ман хондам, ки “Иззати миллат дар ваҳдати миллат ҳаст”. Як шиори бисёр маъқул аст.

Сайф Сафар: Сирилик ҳам мехонед...

Амруллоҳ Солеҳ:
Бале, мехонам. Як чизи дигареро, ки ман мутавваҷеҳ шудам, ин аст, ки аз нигоҳи маънавӣ ҳаст. Тоҷикҳо ба ҳуввияти худ, ба таърихи худ, ба Исмоилӣ Сомонӣ, ба забони тоҷикӣ, ба раисҷумҳури худ, ба парчами худ, ба ҷуғрофиёи худ фахр мекунанд. Чи басо кишварҳое ҳаст, ки миллаташ фахр намекунанд. Аз ҳуввият, исм ва ҷуғрофиёи худ дар талоши фироранд, вале хушбахтона шумо фахр мекунед. Ҳама тоҷикистониҳо мегӯянд, ки мо аз ҳамин сарзамин ва тоҷик ҳастем, ки ин ҳарфи бисёр муҳим ҳаст. Дуруст ҳаст, ки Тоҷикистон аз диди истиқлол як кишвари ҷавон ҳаст. Ман дар ҳамин конфронсе, ки иштирок доштам аз як сафир (намехоҳам исмашро бигирам) пурсон кардам: “Шумо баъди фурӯпошии Шӯравӣ кишвари мустақил шудед. Қабл аз истиқлол шумо чӣ будед”? Гуфт, ки: “Қабл аз истиқлол мо дар замони Искандар шояд чизе будем”. Дигар чизе ба ёд надошт. Аммо, ин ҷо бубинед, ки Тоҷикистон ба хотири сохтани ҳуввият ва давлат шуда ба арзишҳое мутавасил шуда, ки дар ҳафтод соли Шӯравӣ гум шуда буданд. Мисли забон, қаҳрамонони таърихӣ, адабиёт, санъат ва ҳунар. Инҳо ҳама дастовардҳои маънавист.

Дар қисмати дастовадҳои моддӣ ва физикӣ. Ман, ки дар Тоҷикистон ба ёд дорам, ду ҳутал (меҳмонхона) буд. Яке “Душанбе” ва дигаре “Тоҷикистон”. Ҳоло ман хабар шудам, ки меҳмонхонаҳои зиёде сохта шуданд. Масалан, он чи ки имрӯз дафтари шаҳрдори шумост, дар он замон дафтаи раёсатҷумҳурӣ буд. Ҳоло шумо як раёсатҷумҳурии бузург сохтед. Китобхонаи миллии Тоҷикистон он замон вуҷуд надошт. Душанбе бештар сарсабз шудааст. Дар он замон танавӯъ дар бозори Тоҷикистон набуд. Ду-се рестуронтҳои машҳур буду бас. Ҳоло дар як хиёбон як рестуронт ва қаҳвахона ҳаст. Дар он замон осору алоими фақр зиёд буд. Шумо дар маҳалла, ки медидед як зани мусин хаста мефурӯхт ё як ҷавон дар паҳлӯяш сигор мефурӯхт ё майфурӯшӣ мекард. Ҳоло ман ҳеч алоими фақрро намебинам. Дуруст аст якчанд ҷой “сумучкафурӯш” ва хастафурӯшро дидам, вале ба он густурдагие, ки он замон ҳар сад қадам як дар муқобили одам меомад, онҳоро надидем. Ҷодаҳоро, ки мебинем мошинҳо ҳама мошинҳои навтавлиданд. Хонаҳои зиёде сохта шудаанд. Ман дар наздики фурӯшгоҳи “СУМ” дидани як таксироне рафтам, ки 17 сол қабл барои чанд рӯз ман ӯро ба иҷора гирифтам. Гуфтам: Шумо маро шинохтед? Гуфт: Не, нашинохтам. Баъд барои ду–се соат ба иҷора гирифтам. Гуфтам, акаи таксирон зиндагӣ дар Тоҷикистон хуб шуда? Гуфт: “На, зиндагӣ вайрон ҳаст. Ойлик кам ҳаст.” Ман гуфтам ту дар гузашта як “Волго”-и бисёр куҳна доштӣ ҳар як соат баъд ба ремонт ниёз пайдо мекард. Вале ҳоло як таксии бисёр лукс дорӣ. Тағйир накарда? Каме вархато шуд. Гуфт: Ту аз чӣ медонӣ? Гуфтам ман мутари “Волго”–и туро ба ёд дорам, вале ҳоло мошини лукс дорӣ. Гуфт, хуб ин қадар тағйир карда. Ман гуфтам: Ёдат ҳаст, ки мову ту аз инҷо тир мешудем (мегузаштем С.С), инҷо хонаҳои бисёр куҳна буд. Ҳоло кохҳо сохта шудаанд. Гуфт, бале чандто кох ҳам сохта шуда. Баъд рафтему ман гуфтам, ки шумо ғизои чоштро куҷо мехӯред? Гуфт, фалон рестуронт. Ман гуфтам, ёдат ҳаст, ки дар он замон якто нон мехаридӣ бо об мехурдӣ. Рестуронт намерафт. Баъд ханда кард. Гуфт, зиндагӣ тағйир карда. Вале, чун ман дар байни ин зиндагӣ будам, тағйирро намебинам. Касе ки аз берун меояд дар як контексти таърихӣ рафта баъд тағйиротро мебинад. Ба ин хотир ман тағйироте зиёдеро мебинам. Муборак мегӯям ба мардуми Тоҷикистон. Мо мардуми Тоҷикистонро аз диди ҳамфикрӣ ва таърихӣ ҳамзоди миллати Афғонистон мебинем. Ба ҳамзод дар инглисӣ “soulmate”мегӯянд. Яъне, мо дар фикр ва орзӯҳои инсонии худ яке ҳастем. Мо ҳеч орзӯе, ки ба Шумо осебе бирасад, дар дили худ надорем. Ҳар қадар ҳам, ки шумо боло меравед, мо хуш мешавем. Ва ман фикр мекунам, ки ҳамин орзӯро шояд аксари мардум Тоҷикистон дар баробари миллати Афғонисон дошта бошад.

Сайф Сафар: Бидуни тардид! Сад дар сад. Бошад, ки ҳарчи зудтар ба Афғонистон сулҳ биёяд.

Амруллоҳ Солеҳ:
Саломат бошед!

Сайф Сафар,
махсус барои “Озодагон”
Мӯҳр
хонанда
оли, пурмазмун ва сода.Сипрсгузорам.

Аҳмадӣ
Мусоҳибаи бисёр хубу ҷолибе. Саломат бошед Сайф!!!

Суҳроб
барои як афғони бечораи аз Афгонистони пури гарду ҷангу ҷадал омада, Душанбе барояш биҳишт аст. Ин аз куҷо медонад ки боигариҳои инҷо ҳам аз ду се нафар..як бор рав тоҷики муҳоҷири дар Маскав бударо пурс чӣ мегуяд аз вазияти Тоҷикистон.

хонанда, Бисёр хуб аст вакте мардуми мо тахаввулоти зиндагии худро аз чашми дигарон мебинанд. Чуноне, русхо мегуянд "со стороны виднее"

Сайф, офарин! Хеле як мусохибаи оли буд, хонданибоб!

озар
Амруллох Солех нафари калон аст дар Афгонистон шахси бообруву кушодадастархон аст.гуфтахояш чори аз хакикат аст. лекин 16 соли бадинаи афгонистон бади Ганича дар кафи дасти УСТОД АТОИ НУР МЕБОШАДДДДДД. ЧУНКИ УСТОД АТО аз ИдоРАИ ХУБИ давлатдори баромада метавонад.

хонанда
Сайфи азиз, хуб мебуд кабл аз мусохиба кардан як бор сухбати Иршод бо Пидромро мехонди. Хеч не 3-4 суоли чидди барои пурсидан пайдо мекарди

Бадахгон
Хамин авгонхо вакте, интервью медиханд, ранги профессорону академикхо гап мезананд . Лекин дар хакикат агар бини, факат мелаканд. Чанд сол шуд, ки давлата тинч кардан наметавонанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)