Бахшҳо

“Сомон Эйр” сабаби дермонии Устопириёну Саидҷалолро шарҳ дод

Ширкати “Сомон Эйр” дар шарҳи таъхири парвози ҳавопаймояш ба Дубай, ки боиси дермонии паҳлавонони тоҷик аз мусобиқаи байналмилалӣ шуд, боду ҳаворо гунаҳкор донистааст.

Тибқи иттилоияи “Сомон Эйр” 5-уми июл ду ҳавопаймои ширкат аз самти Маскав-Душанбе ва Новосибирск-Душанбе иҷозаи фуруд дар пойтахтро дарёфт накардаанд: “Ба далели шамоли сахт ва раъду барқ ҳавопаймои “Сомон Эйр” дар фурудгоҳи эҳтиётии Хуҷанд фуруд омаданд ва ин боиси таъхири парвозҳо шуд”.

Қаблан Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон гуфт, ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” дар хатсайри Душанбе-Дубай бо таъхири 9-соата ба ҳаво хест: “Парвоз бояд соати 17:00-и 5 июл сурат мегирифт, аммо ҳавопаймо соати 02:00-и 6 июл парвоз кард. Парвози хатсайри Дубай-Тайбэй, ки варзишгарони мо тавассути он парвоз мекарданд, соати 3:00 дар нақша буд”.

Комроншоҳи Устопириён дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, чун инҷо дар парвоз таъхир шуд ва аллакай аз ҳавопаймои хатсайри Дубай-Тайбэй дер монданд, тасмим шуд, парвоз накунанд. Саидҷалол Саидов, паҳлавони дигари тоҷик ҳам мегӯяд, онҳо маҷбур шуданд, чиптаҳои худро баргардонда ва маблағҳояшонро бозпас бигиранд.

Ба гуфтаи Комроншоҳ ва Саидҷалол барои иштирок дар мусобиқаи Ҷоми Осиё беш аз чил рӯз омодагӣ гирифта буданд: “Ин мусобиқа барои мо хело муҳим буд. Дар сурати пирӯзӣ соҳиби 100 имтиёз мешудем, ки роҳро барои иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2020 боз мекунад”.

Мусобиқаи Ҷоми Осиё барои дарёфти холҳои олимпӣ дар шаҳри Тайбэйи Чин шанбеи 8 июл шурӯъ мешавад, аммо раванди дарёфти муҷаввиз барои иштирок ва мураттаб намудани санадҳо аз 6 июл оғоз мешавад. Қарор буд, Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кило ва Саидҷалол Саидов дар вазни 100 кило ҳунарнамоӣ кунанд.
Мӯҳр
Paymon
"Baroi gu..n noni jav bahona"!!! Ba hotiri oburuyu nomi millat na tanho "somon ajr" balki tamomi masulin metavonistan varzishkorro to joi darkori birasonand. Nouhdabaroyu beparvoiro (shoyad "somon ajr" baroi kursihoi holi odam mejust) ba sari bodu havo partoftan rohattar ast ,chun anik medoni ,ki na javob meshunaviyu na shatta.

шармандаги бо ин компанияхои миллиамон. агар билети прямойхам хари (москва-душанбе) ё акс, мебини ки транзит анчом мешавад дар хучанд ва чанд соат вакти мусофиронро мегирад, ноадолати ва нохурмати,

....ееее содахо сабаби асоси он аст ки тайёрахо каманд рейсхо бисьёри бад ана аз брои хамин самолетхо дуруст ташхис намекунанд ва аз ин рейс ба он рейс шитоб мекунанд ва гох гох хеле дер мекунанд ....

ozodi
Ширкати “Сомон Эйр” дар шарҳи таъхири парвози ҳавопаймояш ба Дубай, ки боиси дермонии паҳлавонони тоҷик аз мусобиқаи байналмилалӣ шуд, боду ҳаворо гунаҳкор донистааст.
havo 100% bud

Ба хамагон вазъияти ширкатхои Милли маълум аст. Вай танхо ба талаботи мардикорон чавобгу асту халос. Барои хамин, шахсоне, ки бо корхои дигар мераванд, хатман аз ширкатхои хоричи чиптаро харанд. Масъалан, ширкати fly Dubai хам арзон асту хам сари вакт парвоз мекунанд. Варзишгарон метавонистанд аз ин ширкат чипта харанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)