Бахшҳо

Талоши 23 варзишгари тоҷик барои қаҳрамонии Осиё оид ба каратэ-до

Тоҷикистонро дар 14-умин чемпионати Осиё оид ба каратэ-до миёни калонсолон ва 16-умин чемпионати Осиё оид ба каратэ-до миёни наврасон ва ҷавонон 23 варзишгар намояндагӣ мекунад.

Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дода, мегӯяд, мусобиқа 13-16 июл дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон доир мегардад ва варзишгарони мо барои 70 маҷмуи медалҳо рақобат мекунанд.

Манбаъ афзуд, дар мусобиқот наздики 1000 варзишгар аз давлатҳои қора ширкат мекунанд.

Тибқи иттилои Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон кишварро дар ин мусобиқот Суҳробҷон Каримов (вазни -52 кило), Аслиддин Акбаров (-57 кило), Алишер Қаюмов (-70 кило) миёни наврасон; Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (-55 кило), Муҳаммадёри Ҳикматулло (-61 кило), Абдуваҳоб Шарапов (-68 кило), Умед Сафаров (-76 кило), Нигина Давлатова (-55 кило) миёни ҷавонон ширкат мекунанд. Дар гуруҳи калонсолон бошад, Сайёд Ғафуров (-60 кило), Қамар Қамаров (-67 кило), Мухторшейх Файзуллоев (+84 кило), Муҳайёи Музаффар (-50 кило) миёни ҷавонони то 21-сола ва Муҳсин Раҳматов (-55 кило), Далер Баротов (-60 кило), Раҷаббек Раҳимов (-67 кило), Фаррухҷон Раҳимов (-75 кило), Бадриддин Умедов (+84 кило), Гулосори Суҳроб (-55 кило), Лола Лиситса (-61 кило), Фарангис Баҳромзода (-68 кило), Алан Болиев (кумитэи даставӣ), Баҳодурхон Бобохонов (кумитэи даставӣ), Фирӯза Махсудова (+68, ката) зери роҳбарии мураббӣ Муҳаммад Бодаков намояндагӣ мекунанд.

Каратэ-до варзиши қадимии ҷопониҳо буда, моҳи августи соли 2016 дар конгресси Кумитаи байналмилалии олимпӣ каратэ-до ба барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 ворид карда шуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)