Бахшҳо

Усмонов: Дин дар Афғонистон наметавонад созандаи сулҳ бошад

Профессор Иброҳим Усмонов муътақид аст, ки дин ҳамчун нерӯи созандаи сулҳ дар Афғонистон ба кор намеравад.

Усмонов зимни маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар бораи вазъи Афғонистон гуфт, дин ва миллат ду қувваи созандаи ҷанг ва ду қувваи созандаи сулҳ мебошанд: “Имрӯз дин дар Афғонистон қувваи созандаи сулҳ шуда наметавонад. Ҳамаи қувваҳои сиёсие, ки дар Афғонистон буду ҳаст ба даъвои дин буданд, яъне дар муқобили ин қувва, қувваи меистодагии дигар нест, вуҷуд надорад”.

Ба бовари Усмонов қувваи созандаи сулҳи Афғонистон имрӯз метавонад миллат бошад: “Такя ба миллат ба миллият ё қавмҳои Афғонистон аст”.

Ӯ мушкили барқрории сулҳро дар он гуфт, ки ҳануз мардуми Афғонистон муайян накардаанд, ки чӣ мехоҳанд: “Як гуруҳ имрӯз як чиз ва ҳамин гуруҳ фардо чизи дигар мехоҳад. Чунки мушаххассоти хоҳишҳои миллӣ ба вуҷуд наомадааст. Инро ташаккул додан лозим аст. Ин аввалин коре ки барои сулҳи Афғонистон кардан лозим аст. Дар Афғонистон ҳануз гуфтушунид ба кор намеравад , зеро маълум нест, ки кӣ бо кӣ гуфтушунид кунад ва бояд инро низ мушаххас кард”.

Усмонов афзуд, ҳеч давлат танҳо ба сари худ мустақил шуда наметавонад: “Як қувваи такягоҳе лозим аст. Ниҳоле, ки шинондем агар шахси обдиҳанда набошад, он ниҳол сабз намешавад. Агар сулҳе, ки кардан мехоҳанд, шахси парастор ва ё гуруҳи парастор надошта бошад, намешавад. Инро ҳам ёфтанашон лозим аст, муайян карданашон лозим аст ва он вақт дар бораи сулҳ гап меравад”.
Мӯҳр
Профессори мухтарам! Иллати чанги Афгонистон хамин "Такя ба миллат, миллият ё қавм" аст. Ба кадом миллат ва кавм бояд онхо такя кунанд, дар сурате, ки садхо кавму миллатхо он чо даъвои сиёсату мансабу, чоху чалолу динну сарзамин мекунанд?. Ягона омили сулх дар Афгонистон ин Худотарси буда метавонад. Вакте имон комил мешаваду аз тарси Худо силохро як су мегузорию хама гуноху гунахкоронро барои ризогии Худованд мебахшию аз озори дигарон даст мебардори, ана он вакт сулх барпо хохад шуд. Ин омилхое, ки Шумо номбар кардед хоси Точикистон буда метавонанд, аммо Афгонистон ин кишвари дигар ва "суруду таронаи" дигар аст.

Багром
Вақте дин натавонист пас миллат ва қавмият ҳечгоҳ наметавонад мушкилро ҳал кунад. Чунки мушкили асосии Афгонистон ҳамин қавмбозиву маҳалгароист. Мушкили Афгонистон дасти хориҷӣ ва фитнаи онҳост. Аммо ҳамин мушкили қавмӣ рӯи он оташи сӯзон шуд. Мисле, ки имруз дар кишари мо ҳам масалаи қавму маҳал балои ҷони миллат ва садди роҳи давлатсозӣ шудааст. Ва таҳлилгарони мо ҳам дурӯғгу.

Мурод
Як бор милат меги Як бори дигар меги ин милат намедонад чи мехохад Хуласи гап намедони чи меги мухтарам Усмонов

Ягона роҳи таъмини сулҳу субот дар ҳар ҷомиеъ хусусан Авғонистон дин аст...маълум аст, ки бе амни дар кишвпри ҳамсоя ин дахолати хориҷиҳо аст агар ҳамун мардуми бечораро ба холи худ гузоран ҳама обод мешавад вале мутаасифона... бегумон онҷо шахсоне ҳастанд, ки ба хотири манфиъатҳои шахсию зотӣ дар доми душман гирифтор шуда фикри мардуму миллати бечораи худро накарда сабаби ноамни мешаванд. Аммо бечора дин чи айб дорад??! Бале агар динро ба як танзиму тартиб дароварда назорат накунем сабаби ноамни мешавад хусусан бе мазҳабӣ...

Дин нагуед, "диндорон" наметавонанд. Истиллооххоро дуруст ба кор бибаред мухтарам Профессор.

Не, мухтарам чаноби профессор. Шумо иштибох карда истодаед. Дар Афгонистон миллати тахчоии муттахидкунанда нест, чунки афгон гуфтаги миилат нест. Он чо миллатхои мухталиф ва гуруххои этники зист доранд. Ягона рохи халли муаммои афгонхо ин федерализатсияи сохти давлати ва гузариш ба модели олмони мебошад. Хар чи тезтар онхо ин заруратро дарк кунанд ва фанатикхои худро ба ин кор моил созанд, хамон кадар бахташон омад мекунанд....

мухтарам профессор вакте шинохти кофи ва лозимиро дар бораи афгонистон надоред суханони по дархаво нагуед.
шумо як бор натарсида лаби марзи Афгонистон раведу мардум ва вазъияти ичтимоиву сиёси ва иктисодиву динии кишвари хамсояро омузед. вакте чомеаеро намешиносед илтимос сухан нагуед, ки ана мисли хамин суханони носанчидаатон унвони профессориатон зери суол бурда мешавад. наход, ки профессори мо то хамин андоза аз кишвари хамсоя маълумот дошта бошад.

ппппп
надониставу нафахмида Усмоновро нодуруст нагуед дустон. Шумо дар як чо нишаста чи медонед, ки сабабгори ин чанг дар чист?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)