Бахшҳо

Вазири маориф гуфт, дохилшавӣ ба макотиби олӣ мушкилтар мешавад

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, сол ба сол суолҳои Маркази миллии тестӣ барои дохилшавӣ ба донишкадаю донишгоҳҳоро мушкилтар хоҳанд кард.

Нуриддин Саид, имрӯз, 10-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, солҳои қаблӣ барои одат кардани довталабон ба низоми нави дохилшавӣ суолҳои нисбатан осон пешниҳод карда мешуданд: “Аммо имсол суолҳоро дар асоси барномаҳои таълимии мактаби миёна 15-20 фоиз мушкилтар кардем. Соли дигар мушкилтар мешаванд, то мактаббачаҳо барои ворид шудан ба макотиби олӣ бештар талош кунанд, китоб хонанд”.

Ба гуфтаи вазир аз соли оянда инчунин навиштани эссе роҳандозӣ мегардад, ки онро ба ғайр аз хатмакардагони макотиби русӣ, аққалиятҳои дигари кишвар бояд бо забони тоҷикӣ нависанд.

Вазири маориф афзуд, инчунин пешниҳод гардид, ки тамоми имтиҳонот барои дохилшавӣ ба макотиби олии хориҷи кишвар ва олимпиадиаҳои ҷумҳуриявӣ низ тариқи Маркази миллии тестӣ сурат бигиранд: “Феълан ин пешниҳодҳо дар ҳоли баррасӣ қарор доранд”.

Ба гуфтаи вазири маориф имсол 96 ҳазор довталаб ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд, ки нисбати соли гузашта 13 ҳазор нафар зиёд аст.
Мӯҳр
Рохрав
Чихеле карден дар базе факултетхо дарсгуем аммо савод надоранд боз бучет дохил шудаанд

Хамроз
Бовар кунед холи дошинчуёни имрузаро мебинам ....... хамаашон тест факат тест факти имтихон шуд тест факат тест таёр мекнан маслан як саолда дахта вариантай хамура кориазёд када гаштиян баъд ваё кай мустакилона дар бораи ягон мавзуъ сухбат карда метониста бошанд эх Худооо

Мухтарам вазири маориф соли тахсилро дар МО аз 5 ба 3 кохиш дихед,зеро 90-95% -и кадрхои тайёр мекардаи шумо МАРДИКОР ном доранд.

шахрванд
мухтарам Вазир....аку якбора ....довтплабон кунд шудан ....сахти бесаводи зиёд шудааст...бе маркази тести довталаб таёри хуб медид...хозир бошад осон шудаги....довталаб барво надорад......бовар кунет дар солхои пеш ботаёри хуб меомадан ба екзамен......

Носкаш
Оххх бача ба фикрм ки ставкаи дохилшави бо мехеза чи???

Мухтарам Вазир! Як маротиба ба лагери Чайка равед!!! Дар он чо сардори ин лагерь тамоми хешу таборашро чой карда асту моххо аз хисоби мардуми бечора "чарида" гаштаанд. Сардор худро тавре нишон медихад, ки гуё лагери шахсиаш бошад.

55
Кадр таеркуниро катора намоеду аз хорича муаллимонро бо доллар ба кор даъват намоед хубтар мешуд.

сорбон
Имсол довталабора фиреб карданд тестои кориазедкардашон ба тести рузи имтихон мувофикат накардааст дод гуфта гаштан довталабон

мухочир
мух. вазир хами.н суханхоро хонда шумо нанг надоред? барои дохил шудани договорной бо шапка гуфтани як чондори дигар хаст мух. вазир! шумо намедонед? ба фикрам наз медонед

benom
амтари мекнан ки бад хама бесавод мемонан ай аблава мегрезан бад хама рохи москваро пеш мегиран чи кор кунем хай

Макотиб табоҳ, донишгоҳҳо табоҳ, ҳама ҷо табоҳ. Ҳамин аст, ки мардум мардикориро афзал медонанд.

беном
ба гуфтаи Мирзо ки донишгоххо дар бозор мардикор тайёр мекунанд назар афканем дуруст аст. Дар миллати мо нангу номус ва хисси милли кариб ки намондааст ва аксари мансабдорон худ кадрхои тасодуфианд. Кане миллатдуст кане бо нангу ор ки гуяд ман натавонистам ва аз вазифа истеъфо дихад ва инро гуянд, камоли чавонмарди.

Дохил шудани довталабон душвор мешаваду минбаъд таҳсилашон осон, ҳамин тавр?
Тавре ҳамарӯза мушоҳида менамоем, донишҷӯе. ки дар як моҳ ду ҳафта ҳам ба дарс наравад, боз ба идораи ҳисобдорӣ маблағи ба қавли донишҷӯён "нб"-ашро месупораду боз ба "дарс"-ҳо иштирок мекунад...
Пас, аз ин донишҷӯ чиро интизор бояд шуд?

Хомид
Мухтарам Вазир дар аксари мактабхои тахсилоти умуми бахусус дар нохияи Сино муаллимахо бо сертификат на дипломи оли аз забони хоричи барои фарзандонамон дарс медиханд, ки онхо худ бесавод ва фарзандонамон низ бесавод монданд. Мехохем чора андешед вале мо хужамон чора менадешем бахусус дар мактаби 92 н.Сино. Озоди чоп кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)