Бахшҳо

А.Раҳнамо: 70 ҷангандаи тоҷики “ДИИШ” хостори бозгашт ба Ватан шудаанд (САДО)

Абдуллоҳ Раҳнамо, сардори раёсати таҳлили сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, саркӯби гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар Сурия ва интиқоли онҳо ба Афғонистон хатари ин гурӯҳро барои кишвари мо зиёдтар карда истодааст.

Абдуллоҳ Раҳнамо ин нуктаро имрӯз, 10 июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе иброз дошта, афзуд, ки баъди саркуби “ДИИШ” дар шаҳри Мавсил ва оғози амалиёт дар Раққа як кӯчиши бузурги аъзо, пайравон ва аҳлу оилаи ин гурӯҳ сар шудааст: “Аз баски онҳо ҳудуди 3,5-4 соли охир дар он шаҳрҳои бузург зиндагӣ мекарданд, аллакай дар он ҷо оила, фарзанд, ҳама зерсохторҳоро доштанд. Ғайр аз ҷангандаҳо теъдоди зиёди аҳолие буданд, ки пайрав ё вобастаи ин гуруҳҳо шуда буданд. Барои ҳамин мо ду нуктаро дар ин ҷо мебинем, яке сарнавишти худи ҷангандаҳо, ки бисёри онҳо дар ин амалиёт аз байн бурда шуданд. Қисми дигари онҳо, бар асоси маълумоти дақиқе, ки ҳаст, аз тариқи каналҳои гуногун ба минтақаҳои дигари ҷаҳон кӯчонида ё интиқол мешаванд. Аз ҷумла ба шимоли Афғонистон, ба Либия, ки ҳоло ҷойҳои амнтар барои “ДИИШ” ҳисоб мешаванд. Аз назари интиқол ёфтани онҳо ба Афғонистон, саркӯби онҳо дар Сурия, барои мо хатарро зиёдтар карда истодааст”.



Сардори Раёсати сиёсати хориҷӣ таъкид намуд, ки баъзе зану фарзандони аъзои “ДИИШ”, аллакай дар қатори гуреза, дар қатори паноҳандагон ба лагерҳои гуногун кӯчонида шуданд ва дар ин бора хабарҳои зиёд аст.

Абдуллоҳ Раҳнамо афзуд, консулҳои кишвар дар Туркия ҳамаи онҳоеро, ки муроҷиат мекунанд, нигаҳбонӣ карда, барои бозгашти бархеи онҳо ба Ватан ҳатто чиптаҳо хариданд: “На танҳо зану фарзандон, балки тайи се соли охир ҳудуди 70 нафар аз худи ҷангандагон ба консулгариҳо алоқа барқарор карда ва дар натиҷа консулгариҳо барои бархеи онҳо ҳатто билет гирифта, онҳоро ба кишвар овардаанд”.
Мӯҳр
Мухтарам Озодагон
Ин суханонро Сайфулло Сафаров гуфтанд. Як бор сайти Озодиро хонед.
Инро Абдуллохи Рахнамо нагуфт ку

Каппаашон сӯхт, акнун роҳи гурезро гирифтаанд? Ҳамаашонро рост ба маҳбас равон кунед, зеро онҳо хатарноктарин афроданд. Як нафараш дар озодӣ монад, оҳиста-оҳиста сад нафарро радикал мекунад. Шояд онҳо ҳамин хел як супориш ҳам гирифта бошанд. Онҳо ба гурӯҳчаҳо тақсим шуда, ба аъмоли террористӣ даст хоҳанд зад. Мисли ки фашистони Олмонро пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон дар трибунали Нюрнберг суд карда буданд, барои чокарони ДИИШ ҳам бояд як трибунали ҷаҳонӣ ташкил карда шавад.

Устод беҳтарин инсонан ва беҳтарин донишманд мебошад.... Худо Шуморо нигаҳбон бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)