Баъди шикояти муштариён се корхонаи хиштбарорӣ ҷарима шуд
Раёсати стандартизатсия, сертификатсия ва назорати савдои гуруҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб аз муҷозоти се корхонаи хиштбарорӣ дар шаш моҳи ахир хабар дод.
Ҳикматулло Сафаров, сардори ин раёсат дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ин корхонаҳо барои ба талабот ҷавобгӯ набудани маҳсулоташон ҷарима шудаанд. Ӯ мегӯяд, баъди он ки чанд нафар аз сифати пасти хиштҳо шикоят карданд, дар пайи як санҷиши вижа ҶДММ “Сабурӣ”-и ноҳияи Ҳамадонӣ 2000 сомонӣ, ҶДММ “Ниагор”-и ноҳияи Восеъ 1500 сомонӣ ва “Умед 2012”-и шаҳри Кӯлоб 2000 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.
Солҳои ахир дар қаламрави Тоҷикистон теъдоди корхонаҳои хиштбарорӣ бо суръат зиёд шудааст. Сохтмончиҳо мегӯянд, хиштҳои тавлидкардаи бархе ин корхонаҳо пастсифат буда, зуд хароб мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |