Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 19 июн 2019, 00:20

Саридораи геология: Шарҳи “Газпром”-ро интизорем...

11 июл 2017, 10:15

Мурод Хол, сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон тасмими “Газпром” дар бораи қатъи фаъолият дар майдонҳои нафту гази “Сариқамиш” ва “Шоҳамбарии Ғарбӣ”-ро шарҳ дод.

Мурод Хол, имрӯз, 11-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Озодагон” дар бораи қатъи фаъолияти Газпром дар конҳои мазкур изҳор дошт, ки аз “Газпром” дар ин бора гузориши расмиро дарёфт кардаанд. Ӯ таъкид намуд, ки Газпром дар бораи фаъолиятҳояш дар соли 2015 гузориш додааст, аммо барои шарҳи он ҳозир нашудааст: “Саридора дархост намуд, ки муаллифони гузориш барои шарҳ ҳозир шаванд, то ҳол амалӣ нашудааст. Мо ин масъаларо баррасӣ дорем ва баъди қабули қарор дар ин бора оммаро огоҳ хоҳем кард”.

Ширкати Gazprom International, корхонаи фаръии Газпром аввали соли равон эълон кард, ки ду иҷозатномаи дигараш барои ҷустуҷӯи нафту газ дар Тоҷикистон-конҳои Шаҳринав ва Шоҳамбарии Ғарбиро бозпас ба мақомоти тоҷик супурд. Дар иттилоияи расмии ин ширкат гуфта шуд, ки дар Сариқамиши Шаҳринав захираҳои саноатии нафту газ ба даст оварда нашудаанд ва “Газпром” тасмим гирифт, ки иҷозатномааш барои кор дар «Сариқамиш»-ро бозпас супорад.

Дар маҷмуъ Газпром тайи тақрибан 10 соли охир аз кор дар ҳудуди 4 кони нафту гази Тоҷикистон даст кашидаааст. Ин ширкат соли 2006 барои омӯзиши геологиии майдони Саргазону Ренгон ва соли 2008 барои кор дар майдонҳои Сариқамишу Шоҳамбарии Ғарбӣ иҷозатнома гирифт, аммо марҳила ба марҳила аз коркарди ҳамаи онҳо даст кашида, фаъолияташро дар ин майдонҳо қатъ намуд.


Ҳакими Даврон


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!