Бахшҳо

Гумшудаҳои таърих ва фарҳанг

Меҳмоншоҳ ШАРИФЗОДА

Маърифат нест дар ин қавм, Худоро, сабабе,
То барам гавҳари худро ба харидори дигар...
Ҳофиз


Баҳс атрофи китоби ба тозагӣ тарҷума шудаи муқаққиқи амрикоӣ Фредереик Старр, мудири Пажуҳишгоҳи Осиёи Макразӣ ва Қафқоз дар донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Вашингтон (Frederick S. Starr, Lost Enlightenment: Central Asia’s Golden Age from the Arab Conquest to Tamerlane, 2013) ин танҳо баҳси тарҷумаи ноқиси китоб ва ё баҳси ноқисиҳои худи китоб нест, ки барвақт боз фарҳангшиносони ғарбӣ ва амрикоӣ дар тақризҳои худ аз он ҳарф задаанд.

Ҳарфи Ашраф Ғанӣ “Китоби фантастикӣ”, ки дар муқоваи китоб оварда шуда ду маънӣ дорад, яке ин ки китобест дар сатҳи баланд эҷод шуда ва дигар инки афсона аст, ки аслан маънии дуввум ба муҳтавои китоб мувофиқтар аст. Бештари муқарризон бар инанд, ки муаллиф китобро сатҳи навишта ва аслан ба сарчашмаҳои асл дастрасӣ надоштааст. Ва масъалаи аслии ин гуфтугӯ ба фикри ман, аз доираи баҳси китоб берун аст ва ба вазъи имрӯзаи ин минтақа ва ба мавқеъ ва ҳолати Тоҷикон дар минтақа вобастагии наздик дорад. Старр чи гунае, ки дар китобаш дарк накардааст дар мақолаҳои алоҳидааш ҳам нашинохтааст, ки мушкилоти аслии таназзули фарҳангӣ дар ин минтақа ду чиз буд ва ҳаст; яке таноқузи истиқлол, яъне набудани ҳукумронии қонун ва дигаре набудани сиёсати дурусти худшиносӣ ва субъектсозӣ дар минтақа.

Ин мушкилоти аслии аз байн рафтани рушангароии Тоҷикон дар гузашта ва набудани он имрӯз аст. Ва Старр дар китоби худ ва инчунин дар мақолоти худ ин рӯйдодро надидааст ё нодида гирифтааст, ки мардуми воқеан фарҳангсолори ин минтақа Тоҷикон дар муддати садсолаҳо аз турктозиҳо хаста шуда буданд ва дигар то имрӯз имкони сарбардоштан надоранд. Ва наметавон ба осони тақдири таърихии Тоҷиконро зери мафҳуми “мардуми Осиёи Марказӣ” дар як раванди созанда бо қавму халқҳои Турки ҷой додан. Ба гуфти Устод Шакурӣ он чи гузашт, “маъракаи Тоҷикушӣ” буд , ки аз давраи ҳуҷуми Туркҳо ва Муғулҳо оғоз шуда ва то “куштори маънавии Тоҷикон” бо раванди Узбакикунонии Тоҷикон дар асри 18 оғоз шуда, дар давраи Шӯравӣ давом кард (Shakuri, 2012, 64-85).

Дар яке аз мақолаҳои худ Старр (Rediscovering Central Asia, 2009) нуктаи муҳимеро қайд мекунад, ки дар минтақае, ки абарқудратҳо мардуми Осиёи Марказиро барои манфиатҳои худ истифода карданианд, роҳи беҳтари дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки он бо ҳарфи Старр эътирофи ин маънист, ки “...дар куҷое аз ДНК–ин мардум зарфиятест барои мудирияти империяҳо ва ҳатто минтақаҳои бузурги тиҷоратӣ ва бо дигар марказҳои фарҳангии ҷаҳон муносибати баробар доштан ва дар ин ҷода мавқеи созгор ва махсуси худро истифода карда байни тамаддунҳо таноб (ришта) ё кӯпрук шудан”. Ин фикрест, ки дар фарқият аз Старр, ки аз гирифтани номи Тоҷик ҳарос дорад, дар асрҳои миёна дар бораи Тоҷикон мегуфтанд, ки ҳамчун “арбоби қалам” дар иморат (давлатсозӣ) ва тиҷорат пештоз буда ва аз қабилаҳои Турк фарқ доштаанд (бубинед Subrahmanyam 1992, Sawory 1986). Ва аслан ҳамин мардум, Тоҷикон, буданд, ки шаҳрдорӣ, давлатдорӣ, тиҷорат, ҳунармандӣ, илм ва фарҳанг дар минтақа то ҷое зинда монд. Ба хусус дили ҳаракати фарҳангиеро, ки Старр “рушангароии гумшуда”-аш номида, ҳамин мардум Тоҷикон ташкил медоданд.

Аслан маърифат гум намешавад ва ҳарки воқеан дар ҷустуҷӯст онро пайдо мекунад. Ин ҷо тарҷумони китоб ҳаракати фарҳангиеро, ки Фредерик Старр ҳамчун “рушангароӣ” унвон карда, нодуруст тарҷума кардааст. Бояд қайд кард, ки рӯшангароӣ ё enlightenment, ки Старр ин ҳарактро ном мегузорад, ба ҳастии ин ҳаракати созанда, ки дар ин минтақа, Хуросон ва Варорӯд ба вуҷуд омад мувофиқ аст, ки воқеан аз enlightenment–и дар Аврупо зуҳур карда комилтар ва фарогиртар буд. Ин мавзӯест, ки ба як таҳқиқи мустақил ниёз дорад ва аз доираи гуфтугӯи имрӯзаи мо берун аст. Метавон гуфт ки имрӯз ҳамон мушкилиро рӯ ба рӯем, ки боиси таназулли фарҳангӣ дар асри Сомониён гашта буд. Ин рӯйдодест, ки дар давраи сулолаҳои туркии асри миёна боиси таноқузи истиқлол гашта буд. Яъне даврае шуд, ки нуфуз ва қудрат ба қувва такя мекард, на ба ҳақиқат ва таҷрибаву дониши ба он вобаста, ки ин боис шуд қонун (шариат) дар дасти баъзе султонҳо ба бозича табдил ёфт. Яъне ҳукумронии қонун аз байн рафт ва ҳукми султон, бек ва амирҳо боло шуд. Воқеан имрӯз ҳам дар ин ҷомеаи мо таноқузи истиқлол аст, яъне гуруҳе чун сулолаҳои туркии асрҳои гузашта қонунро зери по кардаанд ва имкони воқеии фазосозиро ба мардум надода истодаанд. Ин рӯйдодест ки боиси пурқувват шудани фасод ва аз байн рафтани нуфузи илму дониш дар ҷомеа, шикасти фард ва вусъатёбии фарҳанги ом гардидааст. Дар ҷомеаи пасошӯравии мо ин баҳси ислом ва арзишҳои дунёи нав (модернитӣ) нест, ки идеологҳои мо бардоштаанд, балки ин баҳси набудани роҳбарии дуруст, набудани шоистасолорӣ, салоҳият ва ба мардум надодани имкони фазосозист.

Дар ҷомеа ва фарҳанги мо ҳолате ҳукумрон аст, ки Старр чунон ки дар бунёди тамаддунии Тоҷикон механизм ва технологияи созандаро, ки садсолаҳо боз ба қавму халқиятҳои минтақа ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ бахшида буд, нашинохт имрӯз ҳам ин арзишҳо ва технологияи созандаро дар ҷомеа дидан наметавонад. Ҳанӯз баҳори соли 1998, Фредерик Старр, дар конфронсе, ки ба мавзӯи “ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ” бахшида шуда буд, дар баромадаш шаш аргументи (истидлол) набудан ва нашудани ҷомеаи шаҳрвандиро дар Осиёи Марказӣ зикр карда буд. Аз он ҷумла дар баромадаш Старр гуфта буд ки ин “фарҳангҳои ҳидравликӣ” (мафҳум аз Karl Wittfogel), яъне бо об сару кор доштагӣ, ба кори коллективӣ (collective effort) ё ом ниёз доранд на ба фардият (individualism), ки бунёди ҷомеаи шаҳрвандист; дигар ин ки ба гуфти ӯ дар ин фарҳангҳо, қудрат зинавист (hierarchical) ва ҳама вақт аз боло ба поён дорад мерезад, на баръакс аз шаҳрвандон ба боло ва ҳар ки “водиро идора мекунад ҳаётро идора мекунад”; сеюм ин ки дар оилаҳои мардуми муқимӣ ва кӯчии Осиёи Марказӣ авлод ё тоифа (clan) ҳамчун воҳиди (unit) муаянкунанда дар ҷомеа ҳукумрон аст; чорум, ин ки Шӯравии собиқ ин хусусиятҳоро аз байн набурд, балки онҳоро пурқуват кард. Албатта, ин ҷо ҷои баҳс бо Старр нест, ки таркибҳои фарҳангсоз ва сиёсатсозро дар ҷомеаҳои минтақа дидан наметавонад, балки ин мушкилоти давлат ва зиёиёни наздик ба он аст. Яъне давлат (state), ки бозингари асосист агар дар ҷомеа аз механизми созандаи ҷомеа аз сиёсати фазосозӣ дарак медошт ва онро ақалан аз ибтидоӣ солҳои дуҳазорум ба кор медаровард, дар ин солҳо Тоҷикистон ҷомеаи шаҳрвандии худкифоя ва пурқувват медошт ва ҷомеа ҳам ба тавлидкунандаи муҳоҷир, ғариб, фоҳиша, бунёдгаро, ифротгаро ва дигар унсурҳои аҷоиб табдил намеёфт...

Чи гунае, ки мебинем муалифи китоб ду нуктаи муҳимро, ки барои шинохти ҳаракати рӯшангароӣ дар аҳди Сомониён заруранд ва имрӯз ҳам дар таркиби фарҳанги Тоҷикон ва минтақа муҳиманд, дониста гум кардааст. Якум, механизм ё технологияи бунёдиеро, ки ин ҳаракатро ба вуҷуд овард ва аслан реша дар Қуръон ва ҳадисҳои пайғомбар (c) дошт ва дигар нуктаи муҳим ин аст, ки муаллиф мардумеро, ки қалби ин ҳаракатро ташкил медоданд, яъне Тоҷиконро, зери мафҳуми “мардумони осиёи миёна” нодида гирифтааст. Дуруст аст, ки дар шаклгирии фарҳанги мардуми Хуросон тамаддунҳои Ороиёии Маҳаллӣ, Юнонӣ, Ҳиндӣ ва ғайра нақш доштаанд, вале бешак ин арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳои Исломии ин мардум буд, ки дар ба вуҷудоии ин ҳаракати фарҳангӣ ва пайдоиши шахсиятҳои ренессансӣ дар ин давра нақши ҳалкунанда дошт. Ба хусус ду падидаи фарҳангӣ-сиёсӣ яке ҳастии технологияҳои худӣ (Фуко) ё роҳҳои субъектсозӣ (фард, шахсият), ки дар ҳама мактабҳои фикрии Исломӣ вуҷуд дошт ва аз тарафи давлатмардон дастгирӣ мешуд ва дигар, ин будани ба истилоҳи маъруфи ғарбиҳо, ҳукумронии қонун (номус) ки ҳаққу ҳуқуқи мусулмонҳоро аз сатҳи байналхалқӣ гирифта, то ҳаёти оилавӣ ҳимоят мекард.

Инчунин номус (қонун) худ бунёди шахсият, давлатдорӣ ва сиёсат буд. Ҳукумронии қонун то ҳадде буд, ки як роҳбар метавонист фарзанди худро ҷазои сахттарин додан. Ҳастии сиёсии мардум воқеан ҳастии аслии онҳост ва хонадони Сомонӣ тавонист Бухороро дар баробари Бағдод ба маркази илму фарҳанг табдил додан. Будани қонун ва роҳҳои инсонсозӣ дар ин тамаддун сабаби асоии ҳаракати рӯшангароӣ дар Варорӯд буд, ки имкон дод илму дониш ва одамияти олишон бо забони форсӣ (тоҷикӣ, дарӣ) бунёдгузорӣ шавад.

Гумшудаҳои таърих ва фарҳангЧи гунае, ки дар боло қайд кардем муаллиф зери мафҳуми “мардуми осиёи миёна” аслан он мардумро, ки навад дар садди ин ҳаракатро дар ин минтақа ва шояд дар қаламрави асри тиллоии Ислом ташкил медод зери соя мондааст ва аз ном бурдани онҳо худдори мекунад. Тасаввур кунед ‘давраи тиллоии русҳоро’ дар охири асри 19 танҳо як ҳаракати ‘мардуми авроосиёӣ’ гуфтан ва аз русҳо ёде накардан ва ё нақши итолиёиҳоро дар ҳаракати Ренессанс (эҳё) нодида гирифтан. Старр дар осори худ равиши Шӯравии муайян кардани фарҳанги мардуми Осиёи Марказӣ давом додааст. Яъне на аз мавқеи як муҳаққиқ, балки аз мавқеи як сиёсатмадор ҳарф мезанад. Масалан, Форобӣ яке аз мутаффакиронест, ки солҳои Шӯравӣ ҳамчун намояндаи мероси фарҳангӣ ба бародарони Қазоқ мансуб дода шуда буд. Ба гуфти нависандаи қазоқ Мухтор Авезов, дар баробари мардуми дар суннатҳои кӯчӣ ва авлодӣ тарбиятёфта, ‘Форобӣ бо ин тақдири аҷиб ва донишҳои баланд, мисли ҷини аз чароғӣ Аловиддин баромада меистод’. Ин шиори болшевикии Шӯрави буд, ки “мардум зоҳиран миллӣ ва ботинан сотсиалистӣ” бошанд, вале дар асл, махсусан дар мардуми мо, ба шикасти роҳҳои худсозӣ ва ташаккули манқуртҳо оварда расонд. Аслан мардуме, ки огоҳанд ин нуктаро медонанд ва аз ҳукумати коммунистӣ розӣ ҳастанд, ки воқеан ҳукумати Шӯравӣ ба Тоҷикон имкони озод шудан аз зулми сулолаҳои туркии минтақаро, ки ҳамчун сулолаҳои нафси бетарбият шинохта шудаанд, ба вуҷуд овард ва имкон дод, ки бо ном бошад ҳам давлати худро дошта бошанд. Вале ин маънии инро надорад, ки мардум ҳастии худро фаромуш кунанд, зеро ҳастии аслии як миллат ин ҳастии сиёсии ӯст ва бунёди сиёсати ҳар миллат воқеияти ҳуқуқии ӯ, яъне номуси ӯст. Агар дирӯз дигарон зери таъсири идеологияи марксистӣ моро ба таърих дохил карданд, акнун мо бояд худ тавонем ҳамчун субъекти фаъол ба таърих дохил шудан. Дигар ин, ки Форобӣ, Ибни Сино, Тӯсӣ ва садҳо нафари дигар барои Тоҷикон мисли “ҷини аз чароғи Аловиддин баромада” набуданд ва ин мардум метавонист ва метавонад боз тақдири худро ба даст гирифтан. Дар Шӯравии собиқ, дар баҳои қурбониҳои зиёд, ки беҳтарин фарзандони ин қавм кушта шуданд, аз марказҳои сиёсӣ-фарҳангии худ ҷудо карда шуданд ва инчунин аз роҳҳои шинохту худсозии худ бурида шуданд, Тоҷикон бо ном соҳиби давлат шуданд. Гуфтан метавон, ки яке аз бунёдҳои фарҳанг, ки масъалаи шинохт (cognition) ҳаст дар давраи Шӯравӣ ва дар давраи бо номи стиқлол сахт заиф шудааст. Бунёди шинохти (cognitive foundation) фарҳанг ба гуфти равоншиносони инкишоф ва антропологҳои шинохт яке аз пояҳои субот ва гуногунии фикрҳо дар ҷомеа ҳаст. Имрӯз мардуми ба таҷовуз одаткарда бештар онро мешиносанд, ки ба онҳо гуфта шуда ва гуфта мешавад. Ин ҳолатест, ки ба Старрҳо минбар медиҳад...

Хулоса, чи гунае ки дар аввали ин гуфтугӯ қайд кардем баҳс сари китоб нест, ки онро ноқис ҳам бошад, тарҷума кардаанд, муаррифӣ карданд ва дар китобхонаҳо ҷой мегирад, балки баҳс сари мавқеи таърихӣ ва фарҳангии Тоҷик аст, ки бархе аз намояндагони давлатҳои абарқудрат намехоҳанд ёд кардан. Аслан ин маънӣ ҳам қобили баҳс нест, зеро ин табиати фарҳангҳои ғолиб дар муҳити мардуми истеъморзада аст. Ва гуфтугӯи асл сари ин маънист, ки чаро имрӯз Тоҷикон дар замони ба истилоҳ “соҳибистиқлолӣ” наметавонанд худро пайдо кардан ва дунёи имрӯзаи худро сохтан. Ин сабаби асосист, ки имрӯз ҳам бо мо намесозанд ва мехоҳанд зери мафҳуми “мардуми осиёи марказӣ” аз мо чизе дигар сохтан ва инчунин аз таъриху фарҳанги гузаштаамон ҳам берунамон карданианд...
Мӯҳр
Аз нолиданхо чи суд? к,адри мана надони аз ман як руз бимонихо кух,на шуданд. Навуша биёр бача, пеши пешъша биёр, яъне фаъолият, амал бояд кард.

Paymon
Ч,унуни ч,анч,анский,
In nolidan nest , in hakikat ast.Nolidan onest,ki beovoz arobakashi dori.Nolkidan onest,ki beovoz huvviyatatro digaron futbol dorand,gijo zindagiat zangzadavi hudat dar partovgoh hobi...

Хакикат
Точики бечора дар тули таърих танхо дар 30-40 соли охири Шурави зиндагии орому осуда дошту халос! Дигар хамаи ин гапхо сафсатае беш нест!

Ислох кунед: То барам гавхари худро ба харидори дигар...на харибори дигар.

Ин философи хайелпараст шаф шаф гуфта шафтолуро фаромуш кардаст. Хакикат ин аст ки барои истиклолият мубориза бурдан даркор мисли кишвархое ки истиклолияташонро хечгох аз даст надоданд бо хан на бо шаф шафу хаелпарасти. Точикон ду маротиба бо кумаки дигар халкхо солхои бистуми асри гузашта ва навадуми асри муоссир истиклолиятро муфт ба даст оварданд. мысли Халки Фаластин 70 сол барои истиклолият чан накардем. Ва бо васвасаи чинин философхо, бо таргиби дини араб кариб аз хамамин хам халос Шуда будем. Шумо куча ву Стар кучо?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)