Бахшҳо
11 июл 2017 11:07Тоҷикистон / Сиёсат

Нигаронии Президент аз роҳ ёфтани тасодуфиҳо дар бахшҳои танзим

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз роҳ ёфтани афроди тасодуфӣ дар вазифаҳое, ки ба бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дахл доранд, изҳори нигаронӣ кардааст.

Президент имрӯз, 11 июл дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар гуфта, давоми даҳ соле, ки қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо амал мекунад, аз ҷониби масъулони соҳа як қатор ҷиноятҳо содир шудаааст: “Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба ин вазифа шахсони тасодуфӣ ва бесалоҳият ба кор қабул гардидаанд, ки аз мансаб сӯйиистифода намуда, талаботи қонуни мазкурро дағалона вайрон мекунанд”.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, чунин вазъ ислоҳи саривақтӣ ва ҷиддиро тақозо мекунад. Ба гуфтаи Президент, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллиро зарур аст, дар муддати кӯтоҳтарин ҳамаи кормандони бахшҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ, инчунин, аъзои комиссияҳои доимиро аз аттестатсия гузаронида, шахсони кордону донишманд ва ҷавону ташаббускорро ба ин корҳо ҷалб намояд ва фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятиро ба танзим дарорад: “Дар баробари ин, фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятии ташкилоту муассисаҳоро зери назорати қатъӣ гирифта, иҷрои низомномаи комиссияҳои доимӣ дар маҷлисҳои вакилони халқ мавриди баррасӣ қарор дода шавад”.

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш додааст, ки ба вазифаи мудирони шуъба ва бахшҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ шахсони болаёқат ва донишмандро пешбарӣ карда, фаъолияти онҳоро ҷиддӣ назорат намоянд: “Вобаста ба ин, Вазорати адлия, Маркази миллии қонунгузорӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро вазифадор месозам, ки дар муддати ду моҳ хулосаҳои худро дар масъалаи аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод кардани хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин, бамаротиб зиёд намудани маблағи ҷарима барои соҳибкорону сарватмандон, ходимони дин ва дигар шахсоне, ки талаботи қонунро риоя намекунанд, ба Ҳукумат пешниҳод намоянд”.

Ба таъкиди раисҷумҳур, дар аксари ҳолатҳо вайронкунандагони талаботи қонунҳои амалкунанда шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳибкорону сарватмандон, инчунин, фарзандон ва хешу табори наздики онҳо мебошанд, ки берун аз муқаррароти ҷорӣ ва худсарона маъракаҳои дабдабанок мегузаронанд, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва барои ба муассисаҳои таълимӣ бо мошинҳои гаронарзиш рафтани фарзандонашон монеъ намешаванд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо фаъолони ҷомеа ба 10-умин солгарди қабули қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида шудааст. Ин қонун соли 2007 қабул шуд ва ба гуфтаи мақомот харҷҳои нолозими мардумро коҳиш дод.
Мӯҳр
Ҷаноби оли ҳоло ҳам ин кам аст нисбати мансабдорону сарватмандон аз 500 000с боло штраф кунед бад мебинед ..
Бад ин ки чаро тарики расонаҳо нишон намедиханд Ҳамин хел шахсонеро ки вайрон мекнанд.

Бахши танзиму анъана ба гуфти русхо "мелочь",авал бахшхои калидиро бояд тоза кард.

Муаллим
проблемаи калидии Точикистон ин пеш аз хама ришвагири дар хамаи макомотхои давлати аз тарафи мансабдорон мебошад. агар ин проблема хали худро ёбад, хамаи дигар масъалахо пурра хал мещаванд.

ачиб
Чунин ба назар мерасад, ки дар Точикистон танхо ду Конун амал мекунад. Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи танзими расму оин ва танзими анана ва Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи баланд бардоштани масьулияти падару модар дар таьлиму тарбияии фарзанд! Рафти ичроиши хамин ду конун доим зери назоратаст ва хар кучо танхо сари харду хамин конун харфу содост! Медонам омили асосии чунин бархурд муаллифи конунхои мазкур мебошад! Аммо ин амал бемантику бемаьнист! Наход, ки дар кишвар танхо меьерхо ва бандхои хамин ду конун ичро нашаванду бас! Наход дигар масоиле халталабу матрах набошад. Биеед конунхоеро, ки мухаррики иктисодии кишварро мечархонанд бештар таваччкх кунем, биеед сар масоили бехбуди некуахволии мардум, роххои болобурди сатхи даромаднокии онхо, сари солимгардонии чомеа ва милионхо проблемае, ки дар кишвар вучуд доранд танзим мекунан як хубтар бозбини кунем ва чидди андеша кунем! Он вакт ин ду конун худ аз худ ва бе ташвишу таррадуди макомот амили мешаванд.

мехмон
Ба фикрам чунин конунхо демократияро кохиш медиханд. Мо бояд халкро бо кор ва маоши хуб таъмин кунем ва ин мушкилихо худ ба худ гум мешаванд! Тачрибаи замони СССР- ро омузем. Дар он вакт туйхо то соати 3- и шаб давом мекард. Хуроку дегмони ба хеч кас мушкил набуд. Тамоми хочагихо дар чор фасли сол халкро бо кор таъмин мекарданд. Совхозу колхозхо буданд ва сардори ин хочагихо доимо бо халк якчо буданд!! Имруз саг сохибашро намеёбад, бекори кашшоки ! Хатто караму пиёзу сабзи корида хурда наметавонем!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)