Бахшҳо

Ронандаи мусофиркаши №8 ба мусофир ва нозири хатсайр: Ҳардут куҷое шикоят мекунед, кардан гиред

Як мусофири хатсайри №8-и шаҳри Душанбе аз талаби роҳкирои бештар ва муносибати ноҷои ронандаи воситаи нақлиёти мусофиркашонӣ шикоят дорад.

Исфандиёр Носиров, як ҷавони тоҷик мегӯяд, субҳи имрӯз, 11 июл мехост аз тариқи мусофиркаши № 8 (рақами қайди давлатиаш 4444 ТТ 05) аз маҳаллаи “Зарафшон”-и пойтахт то назди мағозаи маъруф ба “СУМ” биравад, вале ронанда бо ин далел, ки 2 сомонӣ пешниҳод накард, ӯро аз мошин берун кард. Ин дар ҳолест, ки арзиши роҳкиро аз “Зарафшон” то Фурӯшгоҳи марказӣ ё ҳамон “СУМ” 80 дирам мебошад. Исфандиёр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “Ман ба ронанда 1 сомонӣ дароз кардам, яъне аз нархи муқарраршуда 20 дирам бештар. Бо вуҷуд, ронанда гуфт, ки агар ду сомонӣ надиҳӣ, фаро. Ин дар ҳоле ки ҳаррӯз то назди мағозаи “СУМ” бо 80 дирам мерафтем”.

Исфандиёр Носиров афзуд, вақте ронанда барои берун шуданаш исрор кард, дар назди мошин бо як нозири хатсайри №8-ро дид ва ба ӯ шикоят бурд: “Аммо ронанда ҳатто ба гапи нозири хатсайр гӯш надод. Вақте нозир ба ронанда фаҳмонд, ки бо мусофирон чунин муносибат накунед ва онҳо метавонанд аз болоятон шикоят кунанд, ӯ бо як лаҳни дағал гуфт, ки “ҳардут куҷое шикоят мекунед, кардан гиред”.

Ин бори аввал нест, ки мусофирон аз талаби роҳкирои бештар аз ҷониби ронандаҳо ва муносибати дағали онҳо шикоят мекунанд. Дар гузашта дар пайи шикояти бархе мусофирон ва нашри он дар хабаргузории “Озодагон” чанде аз ронандаҳо муҷозот шуда буданд.
Мӯҳр
Акмал
Нисбати чунин ронандахои саркаш ва дорандаи лаҳни дағал нисбати мусофирон бояд хатман чорахо андешида шаванд. Бинед хатто ба гапи нозири хатсайр гӯш надода гуфтааст равед ҳардут куҷое шикоят мекунед, кардан гиред. Ин маънои онро дорад, ки конуну тартибои танзимкунандаи фаъолияти соха ба сифр баробар аст.

Ин хел ронандахоро як умр аз хукуки ронандаги махрум кардан лозим. Хай каданшона намегуед. Аз хаминхо сар мешавад садамахои наклиёти. Аз одамон ба чои 80 дирам 1сомони ё ба чойи 1сомонию 60 дирам 2сомони гиран албата ки маст мешаван.

Ин хакикат хаст. Ман бисёр вакт аз Бозори Шохмансур то купруки Осорхонаи миллии ЧТ 2 сомон месупорам. Вакте як сомон дароз мекунам мегад 1 сомони дигар дароз кунед то купруки Осорхонаи милли 2 сомон хаст мегуяд.

Ахамият додед, ки хамин кадар ронандахо чарима мешаванд, лекин хеч рафторашон тагйир намеёбад. Сабаб чист? Якум, бесаводии кадрхои сохави. Дуюм,коррупсия дар сохаи наклиёт. Чаро ронанда мусофирро писанд намекунад ва ба нозир густохона рафтор мекунад? Якум, чунки "крыша" дорад. Дуюм, чунки чойро дар сайрхат (маршрут) харидаги аст, яъне у фикр мекунад, ки азбаски ба рохбари кадом як ЧДММ пул додаст, худаш хучаин мебошад. Системаи кори наклиёт дар Душанбе ин як "лахзахои гуворои" чигил мебошад, ки Худо окибаташа ба хайр гардонад....

Аваз
Мухтарам мусофирон.
Ба суд мурочиат кунед, ба суд. Хол он ки, шохид дорад. Дар суд чуброни зарари маънавию паст задани шаъну шараф ба микдори нихоят калон (бигзор 50 хазор) талаб кунед ва суд агар ба манфиати шумо хал кунад, аз ронанда мумкин аст, ки то панч хазор сионад. ана баъд як каме акли ронанда медаромадагист.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)