Бахшҳо
11 июл 2017 14:35Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Таъмири хона куштори 13 соли қаблро ошкор кард

Мақомоти милисаи шаҳри Ваҳдат қатли ҷавонзанеро ошкор карданд, ки тибқи тафтишот 13 соли қабл аз сӯи шавҳараш кушта ва дар таҳхона зери фарши бетонӣ гӯронда шудааст.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздоштшуда, марди 39-сола, сокини ҷамоати деҳоти Н.Розиқи шаҳри Ваҳдат мебошад, ки дар куштори ҳамсараш гумонбар дониста мешавад.

Бар асоси тафтишот боздоштшуда аз соли 2000-ум бо ҳамсараш, ки ҳозир бояд 41-сола мешуд, зиндагии якҷоя доштааст: “Боздоштшуда бо сабаби муноқишаи оилавӣ моҳи ноябри соли 2004, бо олоти деҳқонӣ - кетман 2 маротиба дар ҷойи хоб ба сари ҳамсараш задааст”.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст: “Сипас номбурда, ҷасади оилаашро ба таҳхона бурда, зери хок намуда, бо бетон мумфарш кардааст”.

Вазорат афзуд, ҷинояти мазкур баъди он ошкор шуд, ки ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат ҷавони 20-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки ҳангоми таъмири таҳхонаи манзили истиқоматиаш, ҷасади шахсияташ номаълумро дар ҳолати устухонпора дарёфт намудааст.

Феълан аз рӯи ин ҳодиса тибқи талаботи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷингоятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мӯҳр
Paymon
"олоти деҳқонӣ - кетман " ??? In chi guna olot boshad?

Дехконбача
кетман ин каланд

Яъне каланд гуфтаеняд.

Точик
Кетман???)))) Ин чи забон аст?

Точик,

кетман ин забони Узбаки

8888
Вакте ки инсон берахм шавад аз хайвон дида даррандатар мешавад наход хамсари худатро кушиха хамсар, ин яке аз неъматхои Худованд аст барои мард Худованд дар Курон ба номи занхо Сураи Нисоро нозил кард хатто Пайгомбари гироми С. дар як Хадиси муборак мефармояд ман рузи киёмат аз болои мардхое, ки болои занхо зулм мекунанд даъво мекунам ва ин мардро аз зумраи гунахгорхо мешуморам ту ночавонмард хамсареки барои ту хизмат кунаду окибати хизматаш магар катласт аз макомоти дахлдор чунин хохиш дорам ки аз руи конун чазои ин палидро диханд то ба дигарон дарси ибрат шавад

Vahdat
Dar nohiyai Vahdat hama kalandro ketman meguyand, chunki hamsoyahoi mo hama uzbektaborand ammo dar in nashr hamchun shakli aynan naqlshuda meoyad/
Zaboni tojikiro medoned? TOJIKON

некном
Мардхои мухтарам. Зинати дунё зану дандон бувад,
Бе зану дандон чахон зиндон бувад.

Матлаб дуруст кайд кард. Сураи Нисоро хонед, эхтироми зан, модар,мома, биби, духтар, амма, холаро бишносед. Эй "мусулмон"хои номусулмон

Aз ин хабари мудҳиш ҳамин кетманаш ба аксарият ҷолиб аст.Одамон, ба кавли мардум дигар пурмила шудаанд. Даҳшат!


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)