Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 25 апрел 2019, 01:21

Ёрии нуҳтоннаии ҳукумат ба зарардидаҳои сели Дарвоз

11 июл 2017, 15:44

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, аз ҷониби ҳукумати кишвар ба аҳолии аз сел зарардидаи ноҳияи Дарвоз 9 тонна маводи ғизоӣ интиқол дода шуд.

Умеда Юсупова, сухангӯи ин ниҳод мегӯяд, ба 138 сокини зарардидаи деҳаи Хостави ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз, 4 тоннаву 400 кило орд, 660 кило равғани растанӣ, 550 кило биринҷ, 550 кило нахӯд, 550 кило шакар, 550 кило ярмаи марҷумак, инчунин 66 бастаи молҳои хоҷагии талаботи ҳаррӯза ва 110 бастаи маводи ғизоӣ ирсол гардид.

8 июл бар асари омадани сел дар рустои Хостави ноҳияи Дарвоз 19 хонаи истиқоматӣ ва ҳудудан 800 метр роҳ зери об монда, ҳаракати мошинҳо ба ду самт мутаваққиф гардид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом ба шумо. Лутфан ин иштибохро ислох кунед.. 138 сокинони.... баъди зикри ъдад исм чамъбанди намешад... 138 сокини..
Дуюм сарлавхаи макола бидуни зикри нухтонаву дахтона кофи аст. Кумаки ХТ ба зарадидагон..

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!