Бахшҳо

Ҷузъиёти кору ақидаи Оқохони IV: Аз даромад то теъдоди афроде, ки мехӯронад, мехононад, табобат мекунад...

Исмоилиёни Тоҷикистон имрӯз, 11-уми июл баробари сокинони беш аз 25 кишвари дигари ҷаҳон 60-умин солгарди ба тахти имомат нишастани пешвои руҳонияшон, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, имоми 49-уми худро таҷлил мекунанд ва чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ зери унвони ҷашни Алмосии Оқохон то июли соли оянда идома хоҳад кард.

Тибқи иттилои исмоилиёни Тоҷикистон, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ аз авлоди мустақими Муҳаммад Пайғамбар (С), тавассути писари амаку домодаш Алӣ ва Фотима, духтари Пайғамбар мебошад: “Ӯ шаст сол пеш, дар синни 20-солагӣ вориси бобои худ, ҷаноби Султон Муҳаммад Шоҳ Оқохон, ҳамчун Имоми мусулмонони шиаи Исмоилия бар тахти Имомат нишаст”.

Бар асоси иттилои Бунёди Оқохон имрӯз Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ як ҷамоати ҷаҳонии иборат аз тақрибан 15 миллион нафар мусулмонони шиаи Исмоилияро, ки асосан дар Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, Африқо, Шарқи Миёна, Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Шарқи Дур зиндагӣ мекунанд, сарварӣ менамояд: “Ҷамоати исмоилиён ба мисли кулли ҷаҳони исломӣ, як гуногуншаклии ғании фарҳангҳо, забонҳо ва миллатҳоро ифода менамояд. Нақши ӯ ҳамчун Имом аз тафсир додани дину мазҳаб ва масъулиятҳо барои муассисаҳои динӣ ва фаъолияти пайравони худ дар тамоми ҷаҳон иборат аст”.

Оқохони IV, муассис ва Раиси Ташкилоти Оқохон оид ба рушд мебошад, ки яке аз шабакаҳои бонуфузтарин дар соҳаи рушд дар ҷаҳони имрӯза ба шумор меравад. Ташкилоти Оқохон оид ба рушд дар беш аз 30 кишвар, асосан дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Африкаи Шарқӣ ва Ғарбӣ ва Шарқи Миёна фаъолият дорад. Ҳайати кормандони он ба 80 000 нафар расидааст ва он яке аз ташкилотҳои бузургтарини ҷаҳон оид ба рушд мебошад.

Тибқи иттилоияи расмӣ ташкилоти Оқохон оид ба рушд аз одоби исломии ҳамдардӣ ва масъулияти ғамхорӣ намудан ба ниёзмандон илҳом гирифта, барои некӯаҳволии умумии шаҳрвандон, сарфи назар аз ҷинс, аслу насаб ё дину мазҳаб фаъолият дорад: “Ташкилоти Оқохон оид ба рушд ҳар соле 925 миллион доллари ИМА-ро барои фаъолияти ғайритиҷоратии иҷтимоӣ ва рушди фарҳангӣ сарф менамояд, ки даҳ соли охир се баробар афзоиш ёфтааст. Ташкилот беш аз 200 муассисаҳои тандурустӣ, 2 донишгоҳ, ки 6 кишварро фаро гирифтаанд ва инчунин зиёда аз 200 мактаб ва барномаҳои такмили мактабро дар баъзе аз кишварҳои дурдасттарин ва камбизоаттарини ҷаҳони рў ба тараққиро идора менамояд”.

Инчунин Ташкилоти Оқохон оид ба рушд беш аз 90 ширкатҳои лоиҳавиро дар низомҳои дар ҳолатҳои баъди низоъ ва иқтисодиёти гузариш идора менамояд ва бо ин роҳ барои гузоштани пойдевори рушди иқтисодӣ дар ин кишварҳо кӯмак мерасонад: “Ин ширкатҳо, ки лоиҳаҳои гуногунро дар бар мегиранд, аз лоиҳаи миқёсаш калони оид ба гидроэнергетика дар Уганда то ба як ширкати телефонии мобилӣ дар Афғонистон, айни замон зиёда аз 4.1 миллиард доллари ИМА даромад меоранд. Изофапулиҳо аз ин фаъолиятҳо аз нав ба лоиҳаҳои рушде, ки аз ҷониби Оқохон амалӣ мегарданд, сармоягузорӣ карда мешаванд”.

Аз табобати 5 миллион то таълими 2 миллион

Оқохон бо такя ба анъанаҳои аҷдодони худ, ки ба беш аз ҳазор сол қабл имомони исмоилӣ донишгоҳҳо ва муассисаҳои аввалини омӯзиширо дар олами мусулмонон таъсис додаанд, марказҳои омӯзишӣ, аз ҷумла, Донишгоҳи Оқохон, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Академияи Оқохон таъсис додааст, ки дар таҷрибаи байналмилалии таълимӣ, дониш ва тадқиқоти илмӣ пешсафанд: “Ташкилоти Оқохон оид ба рушд ҳар сол дар баробари дигар барномаҳои сершумор ба панҷ миллион нафар хизмати босифати тиббӣ мерасонад, таълимро барои ду миллион нафар хонандагон, аз сатҳи томактабӣ то ба сатҳи донишгоҳ, такмил медиҳад, барои даҳ миллион нафар қувваи барқро таъмин менамояд ва ба ҳашт миллион нафар барои расидан ба амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани даромади хонавода ва беҳтар кардани сифати умумии ҳаёти онҳо кӯмак мерасонад”.

Нақшаҳои ҷашнӣ ва итминони Оқохон: Гуногунӣ бояд илҳом бахшад, на аз ҳам ҷудо намояд

Бунёди рушди Оқохон афзудааст, дар доираи тантанаи Ҷашни Алмосии Оқохон татбиқи лоиҳаҳои нави иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва рушди иқтисодӣ оғоз мегарданд: “Ба муассисаҳои Оқохон, аз ҷумла Донишгоҳи Оқохон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ захираҳо ва иқтидори иловагӣ дода мешаванд. Оқохон итминон дорад, ки гуногунӣ бояд илҳом бахшад, на аз ҳам ҷудо намояд ва васеъ намудани гуногунандешӣ ин як пайванди муҳим барои сохтани ҷамоатҳои осоишта ва муваффақ мебошад. Соли 2006 Оқохон ва ҳукумати Канада дар Оттава Маркази глобалиро барои таъмини плюрализм таъсис доданд, ки мақсади он гузарондани тадқиқоту ба роҳ мондани донишҳои замонавӣ дар бораи арзишҳое мебошад, ки барои ҷомеаҳои гуногунандеши фарогир такягоҳ мегарданд. Оқохон муколамаи васеъ ва ҳамкориро дар байни ҷамоатҳои динӣ тақвият бахшид ва таблиғгари барҷастаи дарки беҳтари Ислом гардид. Ӯ таъкид менамояд, ки Ислом ин дини хирадгаро ва рӯҳонӣ аст, ки шафқат ва таҳаммулпазирро меомӯзонад ва шаъну шарафи инсониятро ҷонибдорӣ мекунад. Ӯ мафҳуми низои ногузири миёни халқҳоро рад менамояд, ва онро "бархӯрди ҷоҳилӣ", на бархурди тамаддунҳо меномад”.

Бо гуфти худи ӯ: «Ҷаҳоне, ки мо онро ҷустуҷў дорем, ин на он ҷаҳонест, ки он ҷо фарқият бартараф карда мешавад, балки ҷаҳоне хоҳад буд, ки фарқият метавонад барои ташаккул додани ҳиссиёти нави ҳамкорӣ ва пайдарпаӣ дар дунёи мо барои накўӣ як қувваи пуриқтидоре гардад ва барои якҷоя сохтани зиндагии беҳтар барои ҳама ба мо кӯмак мерасонад».

Бунёди рушди Оқохон таъкид намудааст, ки дар замони нооромии ҷаҳон, ки мо зиндагӣ дорем, умед ҳаст, ки Ҷашнии Алмосӣ барои беҳтар намудани дарки Ислом ва тамаддуни мусулмонӣ ва барои ҳамкории байни халқҳо ва ҷамоатҳои динҳои гуногун дар тамомии ҷаҳон мусоидат менамояд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)