Бахшҳо

ВИДЕО: Шарҳи муфтӣ ва раиси Кумитаи дин дар бораи эҳтимоли манъи ҳиҷобпӯшӣ дар Тоҷикистон

Раёсати Кумитаи дин ва Маркази исломии Тоҷикистон ташкили гуруҳҳои корӣ алайҳи ҳиҷобпӯшӣ, мафҳуми либоси бегона ва эҳтимоли манъи ҳиҷобпӯшӣ дар кишварро шарҳ доданд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз, 12 июл дар суҳбат бо хабарнигорон дар посух ба суол, ки "оё пӯшидани ҳиҷоб дар кишвар мамнӯъ мешавад", гуфт: “Миллати тоҷик зиёда аз 1400 сол пайравӣ аз Ислом дорад ва тайи ин муддат либосҳои миллӣ ба бар дошт ва то ба ҳол риоя мекарданд. Ҳамчуноне ки риоя мекарданд, ҳамон хел либоси миллиро бо меъёрҳои шариат мепӯшанд”.

Абдулқодирзода дар идома афзуд, “аз қадим дар мо либоси сиёҳ напӯшидаанд, дар назари мардум низ қабеҳ аст. Модом ки қабеҳ аст, бигузор напӯшанд. Дар шариати Ислом ҳам таъкид нашудааст, ки занҳо либоси сиёҳ пӯшанд”.

Азизулллоҳ Мирзозода
, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар шарҳи ташкили гуруҳҳои махсус алайҳи ҳиҷобпӯшӣ гуфт, агар либосу забон аз рукнҳои ҳуввияти миллӣ бошад, мо бояд онро ҳимоят кунем. Ба бовари ӯ, тақлид ба фарҳанги бегона паёмадҳои манфӣ дорад.



Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ба ин суол, ки "оё фарҳанги бегона танҳо сатрпӯшӣ аст?" гуфт, қонунгузорӣ ин мафҳумро танзим накардааст ва озод гузоштааст, вале ҳар идора низоми дохилиидоравии худро дорад: "Дресскод танҳо хоси идораҳои давлатӣ набуда, дар ташкилотҳои дигар низ муайян шудааст".

Раиси Кумитаи дин илова намуд, ки пӯшидани либоси динӣ дар қонунгузорӣ муайяну маҳдуд нашудааст: "Масъалаи дигар тартиботи ҷамъиятӣ ва қоидаҳои дохилиидоравӣ мебошанд, ки онро худи муассисаҳо муайян менамоянд".

Масъулини Кумита таъкид намуданд, ки маҳдудият танҳо барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амният метавонад роҳандозӣ шавад ва инро Конститутсияи кишвар иҷозат додааст: "Ҳар кишвар либоси миллии худро дорад ва мардуми ҷаҳон онро бо либоси миллӣ мешиносанд".

Рӯзи гузашта (11 июл) Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам дар мулоқот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаи пӯшиш ва таъсири номатлуби фарҳангҳои бегона дахл кард. Ӯ гуфт, “Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд, на бо сару либосу сатру ҳиҷобу риш”.

Ин ҳам дар ҳоле ки аввали моҳи равон хабар дода шуд, ки даҳҳо гуруҳи кории пешгирандаи сатру ҳиҷобпӯшӣ дар вилояти Суғд ба маҳаллаҳо, марказҳои савдо, сехҳои дӯзандагӣ, кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тарабхонаҳо сафарбар гардидаанд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, барои гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии гароиши занону духтарон ба фарҳанги бегона ва аз байн бурдани сатру ҳиҷоб дар шаҳри Хуҷанд 21 гурӯҳи корӣ таъсис дода шудаанд.

Тибқи иттилои Кумита гуруҳҳои корӣ аз 4 июл фаъолияти худро оғоз намуда, ба маҳаллаҳо, марказҳои савдо, сехҳои дӯзандагӣ, кӯдакистонҳо, бемористону мактабҳо ва тарабхонаҳо сафарбар гардидаанд.


Ҳакими Даврон
Мӯҳр
Рахим
чаноби муфти магар ба бар кардани либосхои аврупои ба монанди юбка,миниюбка,футболкахои остинкалта,либосхои танг ва г,либосхои миллии точикон мебошад? Барои чи нисбати ин мафхумхо ягон сухан намегуед

Юбка ва мини юбка либосо милли аст ё бегона?

Ориён
Бо риш гаштанро тибки талаботи конун манъ кунанд хуб мешавад!!! Зеро имрузхо аксарияти чавонон каме саводи дини хам дошта риши дарози бетартибона мегузоранд ва ба кирдорхои ношоям даст мезананд, ки норозигии мардум мешавад!! Хуб мешуд, ки синну соли ришмони хам мукарар карда шавад!! Ё танхо ба ходимони дин ичоза дода шавад!!!

Ралжаб
Муфти пурра шарх надодааст ки сатр пушидан мумкин аст е не. Чавоби дуруст нагардондааст. Раиси кумитаи дин хам пурра чавоб нагардондааст. Бояд инхо дуруст ва дакик бо тартиби ракам чавоб диханд ки занхои сатрпуш фахманд.

Мадраса
Э ин қадар калимабозӣ накунед.

sakina
salom har tasmim ki grifta meshavad mardumi tojik qishri poiin chun dar faqr hastan tasmim meshvand

Мусулмон
(Бақара-159) Ҳамоно касоне, ки он чиро, ки аз суханони равшан ва ҳидоят фуруд овардаем [ва] баъд аз он, ки онро барои мардумон дар Китоб баён кардем, мепӯшанд: онҳоро Аллоҳ лаънат мекунад ва онҳоро лаънаткунандагон лаънат мекунанд.

(Бақара-174) Ҳамоно касоне, ки чизҳоеро аз Китоб мепӯшанд, ки Аллоҳ фуруд овардааст ва ба ивази он баҳои андак меситонанд, дар шикамҳои худ ба ҷуз оташ [чизеро] намехӯранд ва рӯзи қиёмат Аллоҳ бо онҳо сухан нагӯяд ва онҳоро пок накунад; ва ононро азоби дарддиҳанда аст.

насим
Бисёр хуб аст ин пешниход. Бояд инро чанд сол пеш мекарданд, чунки чавонони мо таклидкори ва бегонапарастиро бисёр нагз мебинанд, хол он ки бояд илм омузад дар кадом сохае набошад мутахасис шавад на он ки ришро монда фикр кунад ки сохиби обру гаштаанду ин кор ба онхо фоидае меорад.

Усмон
Мо та кадом вакта аз пайи ин масалаи ришу хичоб мегардем, мо бояд илм биомузем ягон навовари барои пешравии давлату миллатамон ихтиро кунем. Мо олимои бонуфуз, донишмандони машхур надорем, ана проблема и ришмони ва хичоб ба фикри ман мо бояд дар ин бора хато фикр накунем.

али
Озодагони ноозод коментои манро нашр намекунад,руи рост гуен сари мардума вайрон накунен,гуен ки дар чумхури пушидани либоси исломи,гузоштани риши суннати мамнуъ аст,баъд дар оянда хондани намозро хам манъ карданиед аммо аз хотир набароред ки пешрави намекунед бо ин хама манъ карданатон чихел зинахои пастаринро сохибем хаминхел мемонем,дар кишвар кор нест клрупция дар драчаш бе ришва ягон кор пеш намера нарх осмонтарош боз ба номуси мардум дастдарози мекунед,аз хотир набароред ки бахори араб аз хаминхел рафтору муомилаи давлат бо ахолиашон сар зад,ин охирон коменти ман аст ман замимаи озодагонро аз телефон тоза хохам кард.Рахим,

Ориён
пешниходи хуб аст!!! мондани риш барои чавнон имруз муд шудааст!!!! саводи дини надошта бошанд ба таклиди куркурона рох медиханд!!! умуман барои чавонон риш ягон зарурият надорад!!!! хуб мешуд, ки чавонон бачои таклиди куркурона ба омухтани илм таваччух кунанд!!!

Тоҷик
Давлатҳои ба мисли Индонезия Малайзия ё Ирон ё давлатҳои муттаҳидаи Араб о ҳаммаи ҳамонҳо либоси исломи ба бар мекунанд ку о ҳаммаи ҳамонҳо олиму муҳандису шоиру дигараш доранд ку, ҷавононе ки дар ин сомона бар зидди дини Худо ҷангида истодаед донед,ки шумо аллакай бессаводии худро нишон дода истодаед чун агар саводу малака медоштед Ин ҳарфҳоро намезадед Абу райҳони беруни бо ана ҳамин сару либосҳои исломиаш заминро кашф кард,Абу Али ибни сино низ бо ҳамин сару либоси исломиаш ъилми тибро кашф кард,Фирдавси,Ҷоми,Саъди,Ҳофизу,Бедилу,Хора
зми олими математик,Бухорию Муслим Имоми Аъзам яъне Абу Ҳанифа ва бисёр аз амсоли ин шерамардон ҳамма бо ҳам бо зану духтарону писарону Миллатҳояшон ана ҳамин сару либоси исломиро ба бар мекарданд пас шуморо чи шудаст лоф аз ъилму ҳунар мезанеду аммо худатон аз ҷоҳилтарин мардум бадтаред

Муфти аз суол сарпечи накунед шумо яке аз шахсони бонуфузи Тоҷикистонед ва мардуми ватанамон бо интизориҳои зиёд посух ва тавсия шуморо интизоранд ҷаВОБГАРИИ 8 Ё 9 миллион аҳоли фардо пеши Худованд дар гардани шумост!

Далер
Салом хидмати хонандагони муҳтарам! кори мо баҷое расидааст, ки дигарон барои мо тасмим мегиранд, ки чӣ пӯшем ва чӣ напӯшем. Магар ин худ бо иддаое, ки шумо давлатро демократия ва дунявӣ меҳисобед созгорӣ дорад?

мехмон
Дар тули 17 соли охир масъалаи либоспуши халли худро намеёбад .Чаро?
Чунки либос пушидан ва имиджи одамонро худашон муайян мекунанд на конституция! Ин бисёр хандаовар хаст ки мо ба хаёти шахсии шахрвандони давлати халки демократи ва дуняви дахолат мекунем! Хар кас метавонад мувофики хости дилаш либос пушад. Дар масъалаи конун ва тартиботи хар корхона ин дигар хаст. Чунки коргар вакти ба кор даромадан бо устави корхона шинос мешавад ва агар маъкул нашавад кор намекунад. Дар сурати рози шудан бо устави корхона баъди кор чи хел либосе хохад мепушад.Масалан милисахо, онхо дар вакти гайрикори чизе хоханд мепушанд.
Либоси миллии занонаро ки муайян мекунад? Фарханг ,урфу одат ,таърих , адабиёт , дин ? Кадоме аз инхо ?
Фарханг ва урфу одат хамкадами халк хаст ва онро метавон навовари кард. Аммо дин , таърих ва адабиётро наметавонем тагир дихем. Он амале фарзу суннати динни хаст мемонад. Он санадхое таърихи хастанд иваз намешаванд . Он асархое ки шуаро ва нависандагон навиштаанд наметавон аз нав навишт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)