Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 20 июн 2019, 22:04

Кумитаи дин: Мансабдорон ба номи зану фарзандҳояшон қонуншиканӣ мекунанд (ВИДЕО)

12 июл 2017, 10:29

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯяд, тайи соли равон 413 ҳолати қонуншиканиро ошкор кардаанд.

Давлатзода имрӯз, 12-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, миёни афроде, ки даст ба қонуншиканӣ задаанд, сарватмандону соҳибкорон низ ҳастанд. Дар зимн, Азизулллоҳ Мирзозода, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар шарҳи қонуншикании мансабдорон гуфт, то ҳол онҳо ба шевае кор мекарданд, ки ифтитоҳи парвандаи маъмурӣ бевосита алайҳи онҳо ғайриимкон буд. Ба гуфтаи ӯ, мансабдорон маъракаҳоро ба номи ҳамсар ё фарзандашон ташкил мекарданд: “Аз ин рӯ агар қонуншикание сурат мегирифт, ифтитоҳи парванда алайҳи мансабдор ғайриимкон буд”.

Муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон таъкид намуд, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дастуру супориши қатъӣ шудааст, ки агар қонуншиканӣ аз сӯи мансабдорон ё аҳли оилаи онҳо ҳам сурат бигирад, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Ҷаноби Мирзозода илова намуд, пешниҳод шудааст, то барои нақзи қонуни танзим ҷаримаҳо ба маротиб зиёд шуда, мансабдорон барои қонуншиканӣ аз мақомашон барканор гарданд: “Он гоҳ сарватманд аз пулаш ва мансабдор аз мақомаш фикр хоҳад кард”.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз нақзи қонуни танзим аз сӯи мансабдорон интиқоди шадид карда, ҳушдор дод, ки барои исрофкорию худнамоӣ онҳоро аз мақом барканор хоҳад кард.




Ҳакими Даврон


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • дехкон

  • 12 июл 2017 12:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хамаи конунхо дар точикистон барои щахрвандони одди тахия шудаанд ва барои мансабдорону хешу авлоди онхо ягон рабт ва таъсир надорад. мардуми точик боз хам камбизоат шуда истодаанд. Нархи маводхои гизои бенихоят баланд хастанд ва мардум боз хам кашшок шуда истодааст.
Посух додан
  • Раджаб

  • 12 июл 2017 13:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Раиси кумитаи дин умуми гап задааст. Ягон мансабдор номаш дарч нашудааст. Ягон мансабдор барои риоя накардани конуни танзим аз вазифа гирифта нашудааст. Умуми гап задан даркор нест. Натарсед кушоду равшан нависед.
Посух додан
  • Ориён

  • 12 июл 2017 15:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дехкон- Конун барои хама дахл дорад ва хар инсон новобаста мансабу макомаш дар назди конун баробар аст!!! Касе, ки меъёрхои мукаррар намудаи конунро вайрон кард, бигзор чавобашро дихад!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!