Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Тревор Мур, сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистонро бинобар ба итмом расидани мӯҳлати хизмати дипломатиаш дар ҷумҳурӣ ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВДХ хабар доданд, зимни мулоқот сафир Тревор Мур барои мусоидат ва дастгирӣ дар давоми фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Дар анҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷӣ ба сафири Британияи Кабир муваффақияти комилро дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ таманно намуд.
Мӯҳр