Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 апрел 2019, 11:06

Носир Саидов: Барои ба “формат”-и дақиқи фарҳангӣ гузаштани “Сафина” 6 моҳ лозим (ВИДЕО)

12 июл 2017, 14:21

Носир Саидов, раҳбари тозатаъини муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” мегӯяд, баъди се моҳ ин шабака ба як “формат”-и дақиқи фарҳангӣ фаро гирифта мешавад.

Ҷаноби Саидов имрӯз, 12 июл дар ҳузури хабарнигорон дар шаҳри Душанбе иброз дошт, “Сафина” шабакаи фарҳангӣ аст ва тибқи нақшае, ки рӯи даст доранд, барои ба “формат”-и дақиқи фарҳангӣ гузаштани он 6 моҳ лозим буд: “Се моҳи ин муҳлат аллакай сипарӣ шуд. Шумо дида истодаед, ки барномаҳои нав пахш мешаванд. Чанд тарҳи бузург ҳам дорем, ки то охири сол бояд роҳандозӣ шаванд”.

Ба гуфтаи ӯ, феълан 80 дарсади барномаҳои “Сафина”-ро барномаҳои фарҳангӣ ташкил медиҳад.

Носир Саидов моҳи марти соли равон бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷойи Зевар Давлатзода, ки дар курсии муовини вазири фарҳанг нишаст, директори муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" таъин гардид. Ӯ дар гузашта ба ҳайси раиси "Тоҷикфилм" фаъолият дошт.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • 1

  • 12 июл 2017 14:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кушиш кунен ки тв-ро ба стандартхои чахони мутобик созен чун,ки моро дар мохвора чахон мебинад.Умуман дар тв-хо ровихои хуб ба забони модари харф мезада кам хастанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сафинаро ояндаи хубе "дар пеш аст". Барори кор хоҳонам.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!