Бахшҳо
12 июл 2017 16:26Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Кашфи металҳои нодир дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон

Саридораи геологияи тоҷик мегӯяд, дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон металҳои нодир, монанди тантал ва ниобий кашф шудааст.

Раҳмонбек Бахтидавлатов, муовини аввали раҳбари ин ниҳод сешанбеи 11 июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ин металҳои нодир дар пайи кофтуковҳои геологӣ ёфт шуда ва баъди анҷоми корҳо натиҷаи ҷустуҷӯҳо ба ҳукумати кишвар пешниҳод мешавад.

Ба гуфтаи Бахтидавлатов, намунаи маъданҳои ёфтшударо барои ташхис ва натиҷагирӣ ба Олмон мефиристанд ва танҳо баъди хулосаи мутахассисони он кишвар ба коркард шурӯъ хоҳанд кард. Ин масъули Саридораи геологияи тоҷик афзуд, маъданҳои ёфтшуда бештар барои эллектроника истифода мешаванд ва хеле нодиранд: “То ин замон монополисти ягона дар ҷаҳон дар ин самт Чин маҳсуб мешуд. Аммо содироти металҳои қимматбаҳояшро қатъ кард”.

Раҳмонбек Бахтидавлатов мегӯяд, дар гузашта мутахассисони амрикоӣ дар ҳудуди хоки Афғонистон кор бурда ва эълон карданд, ки дар он кишвар металҳои қимматбаҳои зиёде маҳфузанд, аммо авзои амниятии Афғонистон имкон намедиҳад, ки дар ин замина корҳои бештаре анҷом шаванд.

Ба гуфтаи масъулини Саридораи геологияи тоҷик, арзиши тантал ва ниобий дар бозори ҷаҳонӣ хело гарон буда, асосан Ҷопон ва Амрико аз истифодабарандагони ин металҳо ба шумор мераванд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)