Бахшҳо

Масъули Кумитаи дин дар бораи пешниҳоди танзими “чилу сол” ва идгардак

Кумитаи дини Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ҳангоми тағйирот ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” маъракаҳои чилу сол, ҷиҳози арӯсӣ ва идгардак ба тартиб дароварда шавад.

Азизуллоҳ Мирзозода, муовини раиси Кумитаи дин мегӯяд, онҳо ҳамчунин хостори бештар кардани ваколатҳои ин ниҳод ҳастанд, зеро ба гуфтаи ӯ, “дар баъзе ҳолатҳо дастамон кутоҳӣ мекунад. Аз ҷумла дар бораи мансабдорону соҳибкорон”.

Мирзозода имрӯз, 12 июл дар нишасти хабарии Кумитаи дин дар бораи пешниҳод барои танзими маъракаҳои азодорӣ, монанди чил ва сол гуфт: “Дар ин масъалаҳо мушкилиҳо доштем ва дар аксар ҳолатҳо риоя намешуд. Дар ин ҳолат гуноҳи соҳибмаърака ҳам набуд. Пешниҳод ҳаст, ки миқдори нафарони даъватшуда дар ин маъракаҳо зиёд карда шавад, ва ё чилу сол бо ширинӣ ва чой ва ё танҳо бо дуо ва фотиҳа гузаронида шавад”.

Вай гуфт, ҷиҳози арӯсӣ зиёд шудааст ва бештари вақт он якҷониба, аст, яъне вазнинӣ ба як ҷониби тӯйкунанда мешавад: “Дар ҳақиқат мушкил аст, вақте як хонаро дар ихтиёри волидони арӯс медиҳему мегӯем, инро пур кунед, мо омада қабул мекунем. Ин аз рӯи инсофу адолат нест. Бинобар ин, ба шакли ягон низомнома ё ҳуҷҷате бояд тартиб диҳем, то ин масъалаҳо ба низом дароварда шаванд”.

Муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар идома афзуд, дар пешниҳоди онҳо танзими идгардак низ ҳаст: “Ҳадафи аслӣ манъ кардани он нест, балки ба тартиб даровардан аст. Пешниҳоди мо ин аст, ки кӯдакон на дар соати чори субҳ, балки баъди адои намоз ба идгардак бароянд. Ба мардум расонида тавонем, ки шумо мунтазир шавед, намози идро баргузор кунанд, баъд шумо ба идгардак бароед. Бигзор як чанд соат бачаҳо идгардак кунанд, баъди он мардон ва пас аз он занҳо идгардак кунанд. Идгардак дар як муддати муайян ҷамбаст шавад”.
Мӯҳр
Somoni
...Вай гуфт, ҷиҳози арӯсӣ зиёд шудааст ва бештари вақт он якҷониба, аст, яъне вазнинӣ ба як ҷониби тӯйкунанда мешавад: “Дар ҳақиқат мушкил аст, вақте як хонаро дар ихтиёри волидони арӯс медиҳему мегӯем, инро пур кунед, мо омада қабул мекунем. Ин аз рӯи инсофу адолат нест.

Hamshira kharji motami bobo az oni tu ........

фикрхои бехтарин ай соати 4 так так мекунанд хеч кас дарашонро намекушояд бад зик мешаванд бади намози ид хама дархояшонро кушоянду аз намоз биеянд бад идгардаки кунанд ва ноумед намешаванд

Идгардаки кӯдакон аз соати 4 субҳ сар намешавад. Ин дар ҳаққи онҳо тӯҳмат аст. Онҳо тахминан аз соати 6 саҳар гашту гард мекунанд. Онҳо барои чиз намегарданд, ин барояшон як ҳавасак аст. Фикр мекунед одамон ба онҳо чизи бисёр медиҳанд? Ҳоло ҳама як донаги сақичак-жвачка медиҳад. Аз оне ки онҳо пастсифатанд, кӯдакҳо онҳоро пас аз анҷоми идгардак ба сатили партовҳо меандозанд. Насли калонсолон, ки ҳоло бобову бибианд, як бор ба ёд биоранд, ки дар идгардак ба онҳо чи медоданд? Тухму кулчаву ҳалвову ширинӣ. Магар он замон кӯдакон ин тавр намегуфтанд: "Иди нав муборак! Як тухмаки ҳаворак. Кулча, ҳалво тайёрак!" Ба мардум чӣ шудааст, ки ҳатто ба ҳамин идгардаки тифлакон ҳам кордор шудаанд. Ҳафи умру зиндагӣ....

alim
Вақте соати идгардакро муаян кунанд барои кудакор барои учасковиҳову коркунони танзим даромади нав мешавад , дигар чизе беш нест агар пеш таом фақат барои маҳалла медоданд ҳозир барои коркунони танзимҳам як карсон мефиристанд .....
Инҳо ҳама ба манфаати коркунони танзим на барои мардуми оди

Раджаб
Як пешниходи бесаводона кардаед бародар.

alim
Пешниҳоди босаводонаи худро гуед , барои мо ҷои кор лозим на чи гуна таом хурдану дар ҳоҷатхона чи гуна қазои ҳоҷат кардан қонунҳое бароранд , ки аз ҳуқуқи мо ҳимоят кунанд , бародари мусалмон мо дар русия кор мекунем ягон ҳуқуқ надорем патент дорем дастгир карда депорт мекунанд масхара мекунанд бояд қонунҳоеро қабул кард , ки шароити кориро хуб кард .
Як мисол пеш аз қонуни танзим шахси маракадор фақат барои мардум марака медод дигар хароҷоти ҷониби набуд ҳоло ба раиси маҳалла чизе медиҳи инҳоро ман валлоҳи дидам раиси танзими ҷамоатро пул медиҳи , учаскови омада ягон айбата мекова пул мегира ҳамаи инҳоро ман аз ҳаво намегуям...........
Дигар худат фикр кун аз дар ҳақиқат ҳақиқатҷу боши

amu
кароче да точикистон факат соли нав мемонаву истиклолият

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)