Азми Академияи улум барои кишти миллионҳо гектари Мурғоб
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми Тоҷикистон аз азми олимони тоҷик барои кишт ва нашъунамои заминҳо дар ВМКБ, махсусан ноҳияи Мурғоб иттилоъ дод.
Раҳимӣ имрӯз, 13-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, минтақаи шарқии ВМКБ миллионҳо гектар замин дорад: “Об ҳам то ҳадде ҳаст. Танҳо вазифаи мо аст, ки бояд тухмии мувофиқро пайдо кунем. Мо дар ин самт кор карда истодаем”.
Раҳимӣ афзуд, киштҳои таҷрибавӣ, ки дар мавзеи Булункӯл охири моҳи майи соли равон анҷом дода шуданд, феълан нашъунамои хуб доранд. Ба гуфтаи президенти Академия корҳои кишту агротехникӣ дар майдони мазкур таҳти назорати ҷиддӣ қарор доранд: “Ман бовар дорам, ки натиҷаи хуб хоҳанд дод. Аз натиҷаи он мо ҳукумат ва оммаро ҳатман огоҳ хоҳем кард”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |