Бахшҳо

300 соат кори ҳатмӣ ва 10 ҳазор рубл ҷуброн. Ҷазои Владислав барои 6 зарби корд ба бадани шаҳрванди Тоҷикистон

Додгоҳи ноҳияи Кунтсевои шаҳри Маскав як шаҳрванди Русияро, ки бо корд зодаи Тоҷикистонро маҷруҳ карда буд, ба анҷоми 300 соат кор ва пардохти 10 ҳазор рубл ҷуброн муваззаф кардааст.


Владислав Валуев панҷуми феврали соли равон дар назди клуби Space,300 соат кори ҳатмӣ ва 10 ҳазор рубл ҷуброн. Ҷазои Владислав барои 6 зарби корд ба бадани шаҳрванди Тоҷикистон воқеъ дар хиёбони Кутузов ба мошини Абдулҳаким Кенҷаев, ки ҳамчун таксӣ фаъолият дошт, нишаста, дархост мекунад, то ӯро ба Мякинино расонад. Валуев баъди ба ҳаракат даромадани мошин ба носазо гуфтани ғайрирусҳо шурӯъ карда, гуфтааст, онҳо тамоми ҷойҳои кориро банд кардаанд. Баъди ба ҷойи дархостшуда расидан, ҷавони рус, ки сархуш ҳам будааст, аз ҷайб ба ҷойи роҳкиро кордча гирифта ва ба бадани Кенҷаев шаш маротиба мезанад. Вақте шаҳрванди Тоҷикистон аз мошин берун мешавад, ӯ бо мушт ба куфтани вай идома медиҳад, аммо Абдулҳаким ӯро ба замин хобонда, пулис ва ёрии таъҷилиро даъват мекунад.

Бино ба иттилои торнамои refugee.ru, нисбати Валуев соли 2012 барои дуздии мошин ва авбошӣ ду маротиба парвандаи ҷиноӣ боз шуда, аммо дар ҳар ду маврид ҳам муҷозот нашудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳарчанд шаҳрванди Русия ошкоро бадбиниашро нисбати мардуми ғайрирус, ба вижа тоҷикону узбекҳо изҳор дошта ва бар пояи нажодпарастӣ ба шаҳрванди Тоҷикистон ҳамла кардааст, аммо додрас Полина Трембачева ин далелҳоро ба инобат нагирифтааст.

Ин бори аввал нест, ки додрасҳои рус барои гумонбарон дар ҳамла ба шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа муҳоҷирони тоҷик ҷазои сабук медиҳанд. Дар гузашта ҳолатҳое кам набуданд, ки афроди дар заминаи нажодпарастӣ ба мардуми ғайрирус ҳамлакарда, танҳо дар "майдавбошӣ" муҷрим шинохта шуда, аз толори додгоҳ озод шуданд.

Дар акси аввал Владислав Валуев. Дар акси дуввум Абдулҳаким Кенҷаев
Мӯҳр
Агар аз тарафи ягон точик хамин ходиса руй медод точики бечораро хукми абад ё 25-30 сол аз озоди махрум мекарданд. Мехохам тамоми дашному хакоратхоро нисбати судья нависам, аммо афсус, ки дар интернет махдудият вучуд дорад. Худованд нигохбони мардуми Точик бошад.

точик
яи кунем,ки додрасу додгустраихои руссияи нав гуё хама нози(фошист) шудаанд, зеро ин амалхо гуё аз сиёсати давлатдорони Руссияи имруза бахра мегирифта бошад.

Ин миллати худписанду авбош дар тамоми дунё ҳамин хел рафтор мекунанд. Чанд рӯз пеш пулиси шаҳри Ҳамбурги Олмон ду нафар русро дар иштирок дар бетартибиҳо зимни мулоқоти сарони кишварҳои G20 муттаҳам донист. Ҳамаи ин гурдаву далерии онҳо аз боло манша мегирад.

барои кори як ахмак хамаи миллатро паст кардан даркор нест ин гуна бадбахтхо бисер шудаанд аммо Руссия низ пеши рохи ин бадбахтхоро гирифта истодааст ин бадбахтхо ба Руссия низ дар оянда зарар доранд дар Руссия точиконро ана хамин гуна авбошхо тухмат када бадном мекунанд акнун Хукумати Русия фахмид ки ингуна авбошхо дар хакикат факат ба сиесати хоричиву дохилии он кишвар зарар доранд.

точик,
Магар ин бори аввал аст? Тайи 25 соли пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ насионалистони рус чанд нафар тоҷикро куштанд, захмӣ ва лату кӯб карданд? Ҳукумати рус кайҳо метавонист пеши роҳи инҳоро гирад, вале накард ки накард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)