Бахшҳо

Мақоми нави Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳбарии Кумитаи тадорукоти Фестивали ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои варзиши миллиро ба уҳда гирифтааст. Дар ин бора Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш имрӯз, 13-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, қарор аст ҷашнвораи мазкур минбаъд ҳам идома пайдо кунад ва ба яке аз бошукуҳтарин маъракаҳои варзишии Тоҷикистон табдил шавад: “Имсол бори аввал баргузор мешавад. Дар оянда тамоми камбудиҳое, ки сабт хоҳанд шуд, ба назар гирифта мешаванд. Аз рӯи 8 нумуди варзиш мусобиқот ва аз 12 намуди варзиши миллӣ намоиши варзишӣ баргузор мешавад. Таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ аллакай марҳилаи миёни деҳот ва навоҳӣ баргузор шуданд ва тими мунтахаби минтақаҳо аллакай муайян гардидааст”.

Аҳтам Абдуллозода инчунин аз сиёсати Рустами Эмомалӣ дар самти оммавӣ кардани намудҳои варзиш тавсиф кард: “Шахсан хостааст, фаъолияти мактабҳои варзишӣ беҳтар карда шавад, айни ҳол таҳлили амиқи фаъолияти мактабҳои варзишӣ идома дорад. То охири сол аттестатсияи мураббиён идома хоҳад дошт”.

Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш изҳори боварӣ намуд, ки самараи сиёсати пешгирифтаи Рустами Эмомалӣ ба зудӣ дар майдонҳои варзишӣ муайян хоҳад шуд ва варзишгарони тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил мешаванд.
Мӯҳр
Чилхунара
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳбарии Кумитаи тадорукоти Фестивали ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои варзиши милли ва президенти оядаи Точикисто.Рустамчон дар зери шиори " Ба як мард чил хунар кам аст" кор мекунад офффарин Рустамчон мувафффффак боши 36 тои дига монд харакат кунед

ветеран
Бехтарин, офарин,
зинда кунед намуди миллии варзишро

Ба як чавон чил хунар кам гуфтаанд дар урфият. Тем более писари чаноб.

Саид
Офарин ба Рустами Эмомали чи кадар майдончахои варзиши барои бачахо дар пойтахт ба истифода додаистодааст.Кани худатон гуед чаро М. Убайдуллоев то ин насохт. Бачахои бечораи шахр аз хамон майдончахои дар замони шурави сохта шуда махрум шуда буданд. Рустам, ки чавон аст , ба зиндаги бо нигохи нав менигарад..зиндагиро мисли чавони дар хуруш дидан мехохад..Айб накунед, худтон мумкин чуберо аз об набардоред, чуйбори оби назди хавлитон шояд пури лой бошад..бубинед кариб назди хар дом-да дар пойтахт майдончахои замонавии варзиши ба фаъолият пардохтаст .Мебинед бачахо дар онхо бозихои гуногун ташкил карданд, хавс мекунед ва беихитер Шукрона мегуед. Шукронаи ороми , Шукронаи шукфоии диер ва билохира шукронаи Рустами Эмомали! Ин холо танхо як тарафи кори Рустам аст..

а,бача як вазифаша акалан мода тиен мурдем ай бекорира гулакдорем бахдо...

Душанбе
Хамин майдончахои варзиши дар махаллахои шахр сохтанаш шоистаи тахсин аст. Офарин! Боз бубинем дар шахр чи бехбудихо мекунад. Мардум дурак нест, худаш бахо медихад.

Кормандони Озодагон ҳангомасозиро дӯст медоред!
Роҳбарии Кумитаи тадорукоти Фестивали ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои варзиши миллӣ 1 масъулияти ҷамъиятӣ аст, мақому вазифаву мансаб нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)