“Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” аз БАТР 37 миллион доллар қарздор аст
Қарзи корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) давоми як соли ахир аз 33 ба 37 миллион доллар расидааст. Дар ин бора Равшан Тӯйчизода, муовини аввали ин корхона хабар дод.
Ӯ 13 июл дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” бояд ба ҳисоби миёна дар як сол ба суратҳисоби БАТР 2 миллиону 500 ҳазор доллар интиқол бидиҳад.
Ба гуфтаи Тӯйчизода, қарзҳои корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” бо кафолати Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардида, баъди ба имзо расидани созишномаи қарзӣ 3 сол муҳлати имтиёз дорад: “Дар ин муддат аз тарафи корхона, дар як сол барои пардохти маблағҳои истифоданашуда 5 фоиз ва барои маблағҳои истифодашуда 1 фоиз маблағ пардохт карда мешавад”.
“Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” хизматрасонии соҳаи обу коммуналиро, бо истиснои шаҳри Душанбе дар минтақаҳои кишвар ба уҳда дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |