Бахшҳо

“Автоколонна 2927”: Ронандаи Х-Старекси №8 ҷарима шуд

Ронандаи мусофиркаши хурди хатсайри №8, ки аз мусофирон пули бештар талаб кард, муҷозот шудааст. Дар ин бора Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Автоколонна 2927”, ки хатсайри №8 ба он таалуқ дорад хабар дод.

Рӯзи 11 июл як мусофири хатсайри №8-и шаҳри Душанбе ба “Озодагон” шикоят кард, ки ронандаи мусофиркаши хурди Х-Старекс, рақами қайди давлатиаш 4444 ТТ 05 аз ӯ роҳкирои бештар талаб намуда ва ҳамчунон муносибати ноҷо кардааст. Ба гуфтаи Исфандиёр Носиров вақте аз маҳаллаи “Зарафшон”-и пойтахт ба ин мошин нишаст ва мехост то назди мағозаи маъруф ба “СУМ” биравад, ронанда бо ин далел, ки 2 сомонӣ пешниҳод накард, ӯро аз мошин берун намуд. Ин дар ҳолест, ки арзиши роҳкиро аз “Зарафшон” то Фурӯшгоҳи марказӣ ё ҳамон “СУМ” 80 дирам мебошад. Исфандиёр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “ман ба ронанда 1 сомонӣ дароз кардам, яъне аз нархи муқарраршуда 20 дирам бештар. Бо вуҷуд, ронанда гуфт, ки агар ду сомонӣ надиҳӣ, фаро. Ин дар ҳоле ки ҳаррӯз то назди мағозаи “СУМ” бо 80 дирам мерафтем”.

Исфандиёр Носиров афзуд, вақте ронанда барои берун шуданаш исрор кард, дар назди мошин бо як нозири хатсайри №8-ро дид ва ба ӯ шикоят бурд: “Аммо ронанда ҳатто ба гапи нозири хатсайр гӯш надод. Вақте нозир ба ронанда фаҳмонд, ки бо мусофирон чунин муносибат накунед ва онҳо метавонанд аз болоятон шикоят кунанд, ӯ бо як лаҳни дағал гуфт, ки “ҳардут куҷое шикоят мекунед, кардан гиред”.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Автоколонна 2927” бо ирсоли як номаи расмӣ унвонии “Озодагон” гуфт, нисбати ронандаи ин нақлиёти мусофирбар – Набиев Ш. аз ҷониби шӯъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ӯ ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

Дар ин нома таъкид шудааст, ки аз ҷониби раҳбарияти ҷамъият дар робита ба одоби муоширати ронандаҳо ва аз меъёр зиёд наситонидани роҳкиро корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ анҷом мешавад, “мутаасифона ин қоидавайронкунӣ боз такрор мешавад. Ронандагони бо ҷамъият шартномадошта, алалхусус ронандагони хатсайри микроавтобуси №8 қатъӣ огоҳонида шуданд, чунки назорат аз болои онҳо сахт мешавад ва дар ҳолати содир кардани чунин гуноҳ муҷозот мешаванд”.
Мӯҳр
сода
Дар хакикат зури мо ба ронандахо мерасидаст барен 25сол турмаш кунен гуфтай Сайофи Мизроб МО МЕТАВОНЕМ.

Одам
Автокалонаи 2927 бозораи ё автокалона як шарх медоден ба фикрм хозир бозори хурока аст .

Дилшод
Бояд 1000 сомони хамчун чуброни зарари равони ба Исфандиёр дода шавад!

муштари
бале, хамин гуна рафтор бо ман низ кардан вакто ки ай Карияи боло то Миноборона 1с додам да гармии руз бо кудаки майда вакто ки ба СУМ расидам ронанда гуфта апа 1с доди фаро гуфтам ки то миноборона 1 кадам рох аст боз 1с дигар дихам? дагалона гапхои бечо заду маро бо кудаки майда фаровард. хайрони онам ки инсоф кучо рафта бошад? аз зарафшон ма нашишта будам ки 2с дихам. хатсари #8 дагалона карда гуем аз худ бисер рафтан дар сари як кадам 2с талаб менамоянд. чора андешида шавад.

Дар хакикат ронандахои Старкес дар аксар вакт бисер дагалона рафтор мекунанд. На як одобу тарбияи кофи доранду на иззату хурмати мусофирон доранд. Агар чанд нафарашро чарима банданд, пас шояд фахманд, ки рафтори безеб ба зарари худашон мешавпд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)