Бахшҳо

Посухи А.Абдуқаҳҳор ба М.Шоҳиён: Омили “рақиб” шудани ман директори ТВ “Пойтахт” таъин гардидан аст

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, мудири китобхонаи ба номи Абулқосими Лоҳутӣ ва корманди пешини Кумитаи телевизион ва радио мегӯяд, ба хотири ӯ 2 сол мешавад, ки сабти чорабиниҳои китобхонаи Лоҳутӣ дар телевизиони “Тоҷикистон”-у “Сафина” мамнӯъ аст. Ба гуфтаи ӯ, далели аслии “рақиб” шуданаш директори ТВ “Пойтахт” таъин гардидану дар қаламрави шаҳр рақобати эҷодиро тоб наовардани ин шабакаҳо аст.

Ҷаноби Абдуқаҳҳор ин нуктаро дар як посух ба Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон таъкид намудааст. Авохири моҳи июни соли равон ӯ дар саҳфаи фейсбукаш навишт, ки “раиси Кумитаи ТВ ва Радио садову симоямро баставу дар "рӯйхати сиёҳ" шомилам намудааст, ростӣ сабабашро худам ҳам намедонам”.

А.АБДУҚАҲҲОР: РАИСИ КУМИТА МАРО БА “РӮЙХАТИ СИЁҲ” ШОМИЛ НАМУДААСТ
Иддаое, ки Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон 14 июл дар нишасти хабарие дар Душанбе рад кард. Шоҳиён таъкид кард, Абдуқодири Абдуқаҳҳор дастпарвардаи худи Кумитаи телевизион ва радио аст ва “дар сурати пешниҳоди лоиҳаҳои нав мо омодаем, ҳамкорӣ кунем”.

САДО: ШОҲИЁН ДАР БОРАИ “РӮЙХАТИ СИЁҲ” ВА ДАЪВОИ А.АБДУҚАҲҲОР: МУШК ОН АСТ, КИ ХУД БИБӮЯД

Абдуқодири Абдуқаҳҳор посухи худро унвонии “Озодагон” фиристодааст ва он бидуни таҳрир айнан пешниҳоди хонандаҳо мегардад. Дар сурати вокуниши ҷониби дигар ба ин навишта, хабаргузорӣ онро низ ба нашр хоҳад расонд.

“Аввалан, ҷанобашон агар “Фарҳанг” дошта бошанд,(манзурам фарҳанги тафсири андарзу мақолҳо) бори дигар “Мушк он аст...”-ро хонанд, зеро ноҷо истифода шудааст. Ба ҳар сурат ба олим – роҳбари қаламкаш-журналистони давлатӣ дарк накардани маънии мақоли мардумӣ шоиста нест, инчунин бо мантиқи ғалат суҳбат кардан. Не, не хато накардам, чанде қабл домулло дар мавзуи “реклама ва тиҷорат” номзадӣ ҳимоя карданд, яъне тайи ду соли Раиси Кумита - бузургтарин ниҳоди идеологӣ будунашон умуман дар фикри идеологияи миллӣ набудаанд. Баъдан, соли дуввум аст, ки дархости ҳамкориям болои мизи кории Маҳмадсаид Шоҳиён хоб асту на камтар аз 3 маротибагӣ муовин – куратори Радиои Тоҷикистон Назира Амирбекзода ва Директори радио шогирди азизам Фаррух Зиёев дар боби ҳамкории ман ҷавоби рад шунидаанд. Солисан, эшон дар чанд суҳбате бо мақомоти роҳбарии Кумита арз доштаанд, ки мамнуъ намудани сурату овози ман дар расонаҳои давлатӣ супоришу дархости “боло” аст. Тазаккур ба маврид аст, ки “рақиб” шудани ман омилаш Директори ТВ “Пойтахт” таъин гардидану дар қаламрави шаҳр рақобати эҷодиро тоб наовардани шабакаҳои ин ниҳод аст. Ва боз дарднокаш он аст, ки ба хотири ман шуда 2 сол аст аз чорабиниҳои яке аз куҳантарин маъбади фарҳангии шаҳри Душанбе Китобхонаи ба номи А.Лоҳутӣ дар “Шабакаи аввал”-у “Сафина”навор гирифтан мамнуъ аст. Даҳҳо нафар ҳамкорони собиқам борҳо бахшиш пурсидаанд, ки наметавонанд мусоҳиб шудану чорабиниҳои китобхонаро иникос намудан, зеро “дастур” гирифтаанд. Ману ман баринҳо, ки кам нестему рӯзноманигорӣ ё журналисти радиотелевизион касбамон, зиндагиямон ҳаст, бояд чи кор кунем? Ба расонаҳои хориҷӣ баъди 20–30 соли содиқона ба давлат хидмат намудан даъват намекунанду виҷдон ҳам намебардорад, ба хориҷа равӣ дигар хел мефаҳманд...

Баъди раисии ҷаноби Шоҳиён тақрибан тамошобин надоштани шабакаҳои давлатӣ мавзӯи суҳбати алоҳида.

Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР”
Мӯҳр
Nabi
Абдуқодири Абдуқаҳҳор аҳсан ба хизмататон.
Шумо на балки раиси як шабака да арзанда ҳастед.
Шумо зеби вазири Фарҳанг ҳастед.Аз дасти шумо пешрафт ва тарақиёт и ҳар як шабака ва дигар меояд !!!

Муаллим
Хамин шабакахои телевизионии Точикистон факат ва факат ба таьрифу тавсифи мансабдорон машгул мебошад ва ягон сухани ростро намегуяд. Ва хар руз барномахояш аз раксу раксидан иборат мебошад.

Афсӯс, ки мо зиндабузургон нашиносем...Абдуқодир яке аз ҳамон зиндабузургҳост. Ба ӯ имкон диҳед, ки корашро кунад. Ба ҳар коре ки даст мезанад муваффақ мешавад. Ё шумо интизор доред, ки ба ҳамин мавзу ҳам Пешвои Миллат дахл кунад. Шахсан боварӣ дорам, ки Президент ин корро мекунад. Зеро пушту паноҳи бачаҳои камбағал дар Тоҷикистон танҳо ва танҳо Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст! Аз ҳамин аст, ки ҳамаи мо дӯсташ медорему эҳтиромаш мекунем.

Хамаи хами коментарияхоро 1 кас мекна 1 бекор))

Бадахшони
Мухтарам Абдукодир ман шахсан холо хам ташнаи шунидани барномаи "Озодазодагон"- Шумо хастам! Ахсан ба Шумо!

Акрам
Абдукодир шухратпараст аст. Гумонам, ба корхои китобхона банд шавад, бехтар аст. Ин чи робарист, ки 24 соат дар фейсбук мешинад?

Масъуд
Чаноби Абдукодири Абдукаххор дар сохаи телевизион худро "фаришта" хисоб намудаед - ку. Чи гуна ракобатнопазир, далел мехохад ин мавзуъ. Баъдан худро бисёр аллома тасаввур кардан аз руйи акли солим нест. Шумо ба миллат ва халку Ватан чи хизмат намудаед, кадом корхои шоистаро кардаед, як мардона дар пеши вичдони худ икрор шавед, то ки кадом корхои бади шахсие, ки ба дигарон бадбахти овардаасту ояндаи бад дорад, махсули шумост ва имруз низ хамин "истеъдодатон" дорад комил мегардад?... Бояд гуям, ки "на хар пешрафт арзишманд аст". Дар сохаи радио ва телевизион фаъолият намудани Шумо агар аз руи мантик, стратегия, идеалогия ва дигар чизхо нигох кунем окибаташ "вой" мешавад... Хеч як шахсе, ки ба ин ё он шакл ба касе ё чизе хизмат намудааст, хеч гох аз забонаш "ман хизмат кардам" набаромадааст... Инхоро гуфтани набудам ва бояд гуям, ки ба душманхоятон низ андешаи мусбат надорам, вале вакте навиштахои болоро хондам ва дар бораи Шумо андеша намудаму эчодиётатонро ба хотир овардам як хиссиёти шояд манфи ва шояд мусбат маро водошт то чинин андеша ронам. Ман як чавони 26 солаам, ки хамеша аз чунин казияхои мансабдорону зиёиёни миллатам номус мекунам...
Ба андешаи ман хам рафтору андешаи "душмани" мансабдоратон ва хам рафтору андешаи Шумо аз биёр чихат бад аст ва зебандаи хардуи Шумо нест... Ташаккур!

Абдуқодири Абдуқаҳҳор воқеъан илм дорад ва шахси муосир аст, арзандаи на Директори телевизион балки Вазири фарҳангро дорад

Душанбе
Шабакахои давлати кадомхоянд? Ман номхояшонро фаромуш кардаам, чунки чандин сол аст тамоман онхоро тамошо намекунам. "Пойтахт"-ро гох-гох тамошо мекунам, аммо дигаронаш як танг арзиш надоранд. Мо бо ахли оила факат каналхои хоричи тамошо мекунем.

Дилшод
"...дар қаламрави шаҳр рақобати эҷодиро тоб наовардани шабакаҳои ин ниҳод аст." Хамин нукта басо хандаовар аст.

Бародари гиромии мо - Абдуқодири Абдуқаҳҳор шахси донишманду бофарҳанг ва оқилу одил мебошад. Абдуқодири Абдуқаҳҳор аз илм бархурдор аст.

8
хамира байни хам хал мекаден хуб мешуд шартай бар омма кашидан ин бахсро

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)