Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 11:35

Раҳматуллобек Фарҳодов - қаҳрамони Осиё миёни ҷавонон

17 июл 2017, 10:05

Дар рӯзи дуввуми чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни ҷавонон варзишгарони тоҷик соҳиби як медали тилло, як нуқра ва як биринҷӣ шуданд. Ин сабқат дар дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд.

Нишони тиллоро Раҳматуллобек Фарҳодов дар вазни -81 ба даст овард. Раҳматуллобек, ки дар даври аввал озод буд, дар қисмати дуввум Амит Найни ҳиндустониро шикаст дод. Ӯ дар нимфинал бар Ҳиромаса Касаҳараи ҷопонӣ ва дар финал бар Ҷавод Муродии эронӣ ғолиб шуд.

Варзишгари дигари тоҷик Темур Раҳимов дар вазни -100 кило медали нуқра ба даст овард. Вай нахуст Тсетсетсенгел Одхууи муғулистонӣ ва дар нимфинал Алӣ Парҳезгори эрониро мағлуб кард, аммо дар қисмати ниҳойӣ аз Хангал Одбаатари муғулистонӣ шикаст хӯрд.

Ҳоҷимашраб Раҳмонов дар вазни -90 кило соҳиби медали биринҷӣ шуд. Ӯ дар марҳилаи муқаддамотӣ аз Кошӣ Нагай (Ҷопон) шикаст хӯрда, сипас, рақобатро барои медали биринҷӣ идома дод. То ба ҷойи сеюм расидан ӯ дар ду қувваозмоӣ бар Каллапа Лоҳар (Ҳиндустон) ва Лӣ Тай (Ветнам) ғалаба кард.

Дар вазни +100 кило ду варзишгари тоҷик – Муҳаммадбек Фарҳодов ва Хуршед Маҷидов вориди рақобат шуданд. Муҳаммадбек мақоми панҷум ва Хуршед ҷойи ҳафтумро ишғол карданд.

Дар рӯзи аввали чемпионат ду паҳлавони тоҷик – Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни -66 кило ва Эраҷ Абдуллоев дар вазни -73 кило сазовори медали биринҷӣ гаштанд.

4 варзишгари дигари тоҷик – Сомон Аламов (-55 кило), Олим Назриев (-60 кило) миёни мардон, Шукрона Қарчиева (-48 кило) ва Ойишабону Қурбоналиева (-52 кило) миёни бонувон дар даври аввал аз рақибонашон мағлуб гаштанд.

Дар чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни ҷавонон 178 варзишгар (107 мард, 71 зан) аз 17 давлати қора иштирок карданд. Дар ҳисоби даставӣ Ҷопон бо 5 медали тилло ва 6 биринҷӣ ҷойи аввалро сазовор шуд. Кореяи Ҷанубӣ бо 3 медали тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ мақоми дуюм, Қазоқистон бо 3 медали тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ ҷойи сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо 1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҳисоби умумӣ дар мақоми 7-ум қарор гирифт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!