Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 11:37

Т.Пирзода: Аз вазъи “Тоҷиксодиротбонк” сӯиистифода карда, миллионҳо сомониро ғайриқонунӣ аз худ кардаанд

17 июл 2017, 11:03

Раиси Раёсати “Тоҷиксодиротбонк” мегӯяд, бархе раҳбарони филиалҳо дар минтақаҳо аз ҳолати буҳронии бонк сӯиистифода бурда, миллионҳо сомониро ғайриқонунӣ аз худ кардаанд.

Тоҷиддин Пирзода 14 июл дар як дидор бо хабарнигорон гуфт, 10 масъули “Тоҷиксодиротбонк”, бо шумули сардорони филиалҳои бонк дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод) ва Зафаробод бо иттиҳоми азхудкунии маблағҳои зиёди бонкӣ пушти панҷара рафтаанд. Ӯ мегӯяд, қонуншикании кормандонашро бахши амнияти дохилии “Тоҷиксодиротбонк” ошкор намудааст: “Масалан, раҳбари филиали бонк дар ноҳияи Зафаробод миллионҳо сомониро ҳамроҳи 3-4 кормандаш аз худ кардааст, ки ин амалашон ошкор ва онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд”.

Ба таъкиди Тоҷиддин Пирзода ҳоло фаъолияти “Тоҷиксодиротбонк” ба хубӣ пеш меравад ва давоми шаш моҳи ахир кори он ба таври мусбӣ анҷом ёфтааст. Мегӯяд, тамоми талоши лозимро барои баргардонидани маблағи муштариён анҷом хоҳанд дод: “То соати 10-и шаб кор мекунем. Ба кормандон низ дастур додаем, то замоне ки тамоми маблағи муштариёнро барнагардонем, дуруст хоб намеравем”.

“Тоҷиксодиротбонк”, ки яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон маҳсуб мешуд, ахиран ба буҳрони молӣ дучор шуд ва натавонист амонатҳои муштариёни худро баргардонад. Баъди дарёфти маблағ аз ҷониби ҳукумати кишвар ин бонк эълон кард, моҳона дар ҳаҷми 200 доллар бо асъори миллӣ амонатҳои мизоҷонашро бармегардонад. Ин ҳолат сабаби нороҳатии муштариён шудааст. Бархе аз онҳо мегӯянд, муҳлати шартномаи онҳо кайҳо анҷом ёфта ва бонк вазифадор аст, маблағи онҳоро пурра баргардонад. Сафар Раҳмонқулов як муштарии ин бонк мегӯяд, барои писараш хона бунёд мекунад ва ба пул хеле зиёд ниёз доранд, вале наметавонад маблағҳои худро бигирад: “Иморати мо нимкора монд, пул нест, ки онро идома диҳем. Намедонам, ин ҳол то кай идома мекунад. Бо ин 200 долларӣ намедонам чанд сол идома мекунад пулгирии мо. Ҳаминро ҳам бо як интизориву саргардониҳои зиёд мегирем. Ягон баракат надорад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • сода

  • 17 июл 2017 16:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акай Точидин дангал бгу дар и днё нагирен агар дар у днё мегирен.
Посух додан
  • ТЧ- Хабар

  • 18 июл 2017 14:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
иморат кадести бад ай шоти Содиротбонк мекни охи токан кунед дар се чор мохи оянда пули хамаатонро медихад чи инкадар худатона дарвеш мегирен айб асте айб имруз пагох бонк пурра вастанавит мешава баъд бо кадом руй нигох мекнен ба чашми аму мардак аааааа
Посух додан
  • Чабрдида

  • 18 июл 2017 18:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Руи хамаи точиксдыретбонк дар кавр охи пулома бтиен да баьд гум шен . Бовари дорм ки хаетшда дигар ягон чабрдила пулша намемона.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!