Бахшҳо

Феҳрасти комили аъзои нави Академия: Аз Нуриддин Саид то Яқубов

Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон натиҷаи ниҳоии интихоботи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳоро эълон кард.

Тибқи иттилоияи Академия, ки дастраси “Озодагон” шуд, унвони академикӣ ба Муминов Ҳикмат Ҳалимович, аз рӯи ихтисоси физика, Раҳмонов Зарулло Ҳусейнович аз математика ва ба Яқубов Юсуфшо аз рӯи ихтисоси таърих дода шуд.

Манбаъ номи аъзои нави вобастаи Академияи илмҳо ва ихтисосашонро ба тартиби зерин эълон кард: Абдуламонов Қозимамад –генетика, Абдуллоев Ҳабибулло Одинаевич-физикаи назариявӣ, Бадалов Абдулхайр-химияи ғайриорганикӣ, Бобоев Тошбой-физикаи ҳолатҳои конденсӣ, Гулов Саидалӣ Маъмурович-растанипарварӣ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин- Ботаника ва экология, Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода – Шарқшиносӣ, Идиев Хайридин Усмонович - Фалсафаи иҷтимоӣ, Исҳоқов Сулаймон Абунасрович-Математика, Кобулиев Зайнолобуддин Валиевич-Экологияи муҳити зист, Кўчаров Аламхон – Адабиётшиносӣ, Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна-Астрономия, Мадвалиев Умархон- Физикаи таҷрибавӣ, Мансури Дилрабо-Мошинсозӣ, Муҳаммад Абдураҳмон Наврўз-Сиёсатшиносӣ, Муҳаммадалӣ Музаффар-Антропологияи фалсафӣ, Назарзода Сайфиддин-Забоншиносӣ, Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин-Ҳуқуқшиносӣ, Пирумшоев Ҳайдаршо-Таърих, Раҳимзода Маҳмад Забир – Ҳуқуқшиносӣ, Раҳимов Исматулло-Химияи дорусозӣ, Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло-Забоншиносӣ, Саид Нуриддин Саид-Антропологияи фалсафӣ, Саидмуродов Лютфилло Ҳабибуллоевич-Иқтисодиёт, Саидов Абдусаттор Самадович-Зоология, Салиҳов Тағоймурод Хаитович-Физикаи назариявӣ, Султонов Мирзоҳасан Баротович-Забоншиносӣ, Табарӣ Абдулло Ҳабибулло-Математика, Туйчиев Шарофиддин-Физикаи ҳолатҳои конденсӣ, Ҷумъаев Бахшулло Боқиевич-Физиология ва биохимияи растаниҳо, Шарифзода Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб-Таърих, Шарифов Худоӣ-Адабиётшиносӣ, Ятимов Саймумин Сатторович-сиёсатшиносӣ.

Дар феҳрасти аъзои нави Академияи улум, Нуриддин Саид, вазири маориф, Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи Президент ва Раҳимзода Маҳмад Забир, сардори Маркази қонунгузории назди раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор доранд.

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар мавриди гирифтани унвонҳои илмӣ аз ҷониби мансабдорон гуфт, ниҳодаш ҳақ надорад, ҳаққи мансабдорони давлатиро барои пешниҳоди номзадӣ ба узвияти Академияи улум маҳдуд кунад.

Ӯ иддао ва матолибро, ки гӯиё мансабгароӣ дар Академияи улум хеле густурда аст ва унвонҳои илмӣ зиёд ба мансабдорони давлатӣ дода мешаванд, рад кард. Президенти Академия гуфт, аз 108 довталаби узвият дар Академияи улум ҳамагӣ 4 нафар дар мансабҳои давлатӣ фаъолият доранд: “Ҳамаи онҳо олимонанд, кори тадқиқотӣ доранд, дастовардҳои илмӣ доранд, дар донишгоҳҳо дарс медиҳанд, дар соҳаи худашон муваффақанд”.
Мӯҳр
Номдор
Муборак бод ба Устодон унвонхо

olim
yagontasha nashinokhtam, ki kori ilmii nazarrase karda boshan.

Cалом устод Худои Шариф ва Нуриддин Саид муборак бошад дар хакикад хак ба хакдор расид Олим хастед профессорхои мактабдор хастед шогирдхои Шумо фахр мекунемки устодхои мохастед.

Муҳаммад
Ҳамин Зоҳидӣ худаш кӣ мӣ? Ҳамчун олим чанд шогирд тарбия намудааст, ки боз чилен кор мешавад. Ё Сахидод. Дар ҷоми академия ҳамин Сахидод таърифи зарфро надониста буд. Инҳоро ҳамчун олими арзанда ба узвияти АИ пазируфтан хандаовар аст.

Ахсан Исхоков Сулаймон Абунасрович олими сатхи байналмилали! пирузи муборак

мехмон
Арзандатарин устод Кучаров Аламхон устоди ИПК ( имруз университети омузгории Кулоб) мебошанд. Устодро шогирдонаш дар тамоми нохияхои дурдасти чумхури аз солхои СССР кору фаъолият доранд !!
Муборак бошад !

Ҳар қадар профессору академикҳо зиёд шуда истодаанд, ҳамон қадар иқтисоди кишвар ба сифр баробар шуда, пули миллӣ беқадр шуда истодааст. Мардум бошад, ҳамоно бечораву овораву мардикори рус. Ин хел чизҳоро чоп накунед, ки асабҳо хароб мешаванд. Беҳуда нагуфтаанд: "Дар к-нат г-ҳ надорӣ, Боғизоғон р-данӣ!"

Salom
Ma shaallah ustod Pirmushoev Haidarshoh sazovori in unvon ast ,tabrik

гарени
хоч,а бог дорй? дорам!!!

Абдунаби Сатторзода барои чи нагузашта бошанд?

Бобоев Тошбой (амакписари Фарход Рахимов) унвон муборак!

хосият
дилрабо мансури унвон муборак

БА АБДУВАКИЛ Устод Абдунаби Сатторзода олими донишманд аммо аз хисоби он,ки дар гузашта аъзои фаъоли ХНИТ буданд ба узвият пазируфта нашуданд.

Кариб бисёрашон зоологу экологу ботанику зиератпарвар будаанд. Ана дар кадом сатх аст АКадемияи Улум. Чаро Чурабек Назри нагузаштааст??? Шаркшиноси хеле бокувват аст....

Баъзеашон дируз доктори гирифтанд, боз аъзои академия шуданд. Ягон маколаю монографияю шогирд доранд, ин "олимони доно". Вой дарего вой дарег

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)