Бахшҳо
18 июл 2017 14:13Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Муҷозоти 283 нафар барои чидани чукриву торону гулҳои баҳорӣ...

Давоми шаш моҳи ахир барои бидуни иҷоза чидани гиёҳҳои шифобахш ва растаниҳои хӯрданибоб 270 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Дар ин бора дар нишасти Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар дода шуд.

Абдуқодирхон Маскаев, як масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон имрӯз, 18 июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, бештари муҷозотшудаҳо дар натиҷаи рейди муштарак бо кормандони пулиси экологӣ боздошт ва дар чидани чукурӣ, сиёҳалаф ва монанди инҳо ва расонидани зарар ба олами наботот ва рустаниҳои шифобахш муттаҳам шудаанд. Ӯ дар идома гуфт, ҳамчунин дар ин давра 13 нафар барои чидани гулҳои баҳорӣ ҷарима шудаанд: “Онҳо ғайриқонунӣ гулҳоро чинда, дар роҳҳо мефурӯхтанд”.

Ба гуфтаи масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, табиат бойгарии давлат буда, бе доштани иҷозатномаи махсус ҷамъоварии рустаниҳои шифобахш манъ аст: “Ҳар чизе ки аз табиат аст, чидани онҳо бе иҷозат мумкин нест. Барои шахсони воқеӣ 80 сомонӣ ва барои шахсони инфиродӣ то 600 сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст”.
Мӯҳр
Раджаб
Агар хамин бечорахо чои кор медоштанд е пул медоштанд хеч гох чукрию сиехалаф намечинданд. Шумоен рохбархои Вазоратхо охиста охиста гулуи халки точикро буги карда истодаед. Ин барои шумо айб аст.

Ахмаджон
Раджаб,

бале, сад дар сад

Амир
Салом алекум шарм надоре хамин мардума зулм мекунед агар шаройит дошта бошанд ба замин корхо даст намезананд

мехмон
Э мардум дар солхои чавониамон1982-86 чукрию торон мечидему фурухта либоси мактаби мехаридем! Ягон налогу ичозатнома набуд!!

доруга
пешних,од:сангх,ои табиих,ам боигарии давлат аст "инвентаризация" гузаронида "порядковый номер "гузошта шавад(мабодо ягон камбагал набарад)...

Ба масъулони кумитаи мухити зист. Дар нохияи Анӣ аз он ҷумла дехаи Мадм чангалбонҳо хисоби чорворо бар дуруғ кам нишондода иҷозатнома медиҳанд ба ҷангал чарондан , ҳол он,ки дар ин ҷангалҳо аксариети гиеҳҳои шиaобахш хастанду ба тухмифошӣ норасида ба нести омада расидаанд.
Бовар накунед пурсиш гузаронед бо аҳолӣ кадом гиеҳҳо алакай нест шудаанд.
Пешвои миллат доим дар бораи ҳифзу ситифодаи гиеҳои шифобахш таъкид менамоянд.
Мехоҳам масуълони кумитаи ҳифзи мухити зист чи назар дорад?
Озодагон пайгирӣ намоед.

Чукри
Хай чи кор кунанд бечорахо хамин чукри ва гиёхоро хам нафурушанд? то ки рузгори хешро пеш баранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)